Забур
Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Таронаи Осаф.+
3 Дар он ҷо ӯ тирҳои оташбори камонро шикаст,
Сипару шамшер ва олоти ҷангро пора кард.+ (Село)
4 Ту пурнуру дурахшонӣ,
Ту аз кӯҳҳои сайдафкан пуршукӯҳтарӣ.
6 Аз сарзаниши ту, эй Худои Яъқуб,
Ҳам аробасавор ва ҳам асп ба хоби сахте рафтаанд.+
7 Ту, танҳо ту, боҳашаматӣ.+
Кист, ки ба ғазаби пурзӯрат тоб орад?+
8 Ҳукми худро аз осмон эълон намудӣ.+
Замин тарсида, хомӯш гашт+
9 Вақте ту барои доварӣ бархестӣ,
10 Ту ҳатто ғазаби инсонро ба ҷалоли худ табдил медиҳӣ,+
Ту бо боқии хашми одамон худро оро медиҳӣ.
11 Ба Худоятон Яҳува назрҳо* карда, онҳоро ба ҷо оред.+
Бигзор ҳамаи онҳое, ки дар гирди ӯ ҳастанд, бо тарсу ларз ҳадия биёранд.+
12 Ӯ ғурури пешвоёнро хоҳад шикаст.
Ӯ дар дили подшоҳони замин тарсро ҷо мекунад.