Ирмиё
35 Дар рӯзҳои Еҳуёқими+ писари Юшиё, подшоҳи Яҳудо, ба Ирмиё аз Яҳува чунин паём омад: 2 «Ба хонаи рекобиён+ рафта, бо онҳо гапзанон кун ва онҳоро ба хонаи Яҳува, ба яке аз ошхонаҳо*, биёру ба онҳо шароб пешкаш кун».
3 Ман Яъзанёи писари Ирмиёи писари Ҳавасинё, бародаронаш, ҳамаи писаронаш ва тамоми хонадони рекобиёнро бо худ гирифта, 4 ба хонаи Яҳува овардам. Ман онҳоро ба ошхонаи писарони Ҳонони писари Игдалё, марди Худо, овардам, ки дар назди ошхонаи мирон буд (ошхонаи мирон дар болои ошхонаи Маасиёҳуи писари Шаллуми дарбон буд). 5 Сипас ман пиёлаҳо ва ҷомҳои пур аз шаробро назди мардони хонадони рекобиён гузошта, гуфтам: «Шароб нӯшед».
6 Аммо онҳо гуфтанд: «Мо шароб наменӯшем, зеро бобои мо, Юнодоби*+ писари Рекоб, ба мо чунин фармудааст: “Ҳеҷ гоҳ шароб нанӯшед, на шумо ва на фарзандонатон. 7 Барои худ хона насозед, тухмӣ накоред, кишт накунед ва ток нашинонед, балки дар хаймаҳо сокин шавед, то дар замине, ки дар он мусофиред, дурудароз зиндагӣ кунед”. 8 Аз ин рӯ мо ба ҳар сухани Юнодоби писари бобоямон Рекоб итоат мекунем ва ҳаргиз шароб наменӯшем, на мо, на занонамон ва на писару духтаронамон. 9 Мо хонаҳо бино карда, дар онҳо зиндагӣ намекунем ва токзору киштзору тухмӣ ҳам надорем. 10 Мо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунем ва ба ҳар он чӣ бобоямон Юнодоб фармудааст, итоат мекунем. 11 Аммо, вақте шоҳи Бобил, Набукаднесар, бар зидди ин замин баромад,+ мо гуфтем: “Биёед ба Ерусалим равем, то аз дасти лашкари калдониён ва арамиён паноҳ ёбем”. Акнун мо дар Ерусалим зиндагӣ карда истодаем».
12 Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад: 13 «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Бирав ва ба мардуми Яҳудо ва сокинони Ерусалим бигӯ: “Оё ман шуморо пайваста ташвиқ намекардам, ки ба суханонам гӯш диҳед?+— мегӯяд Яҳува.— 14 Юнодоби писари Рекоб ба насли худ фармудааст, ки шароб нанӯшанд, ва онҳо ба гапаш гӯш дода, то ба имрӯз шароб наменӯшанд. Онҳо аз амри бобояшон сар намепечанд.+ Шумо бошед, ба суханони ман, ки такрор ба такрор* ба шумо мегуфтам, гӯш намедодед.+ 15 Ман назди шумо бандагонам пайғамбаронро такрор ба такрор фиристода,+ мегуфтам: “Илтимос, ҳар яке аз роҳи бадатон гашта,+ дуруст рафтор кунед. Аз пайи худоёни дигар рафта, онҳоро парастиш накунед. Он гоҳ шумо дар замине, ки ба шумову бобоёнатон додаам, хоҳед монд”.+ Аммо шумо ба гапам гӯш наандохтеду итоат накардед. 16 Насли Юнодоби писари Рекоб ба амри бобояш итоат мекунад,+ аммо ин халқ ба гапи ман намедарояд”.
17 Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Ман бар сари Яҳудо ва тамоми сокинони Ерусалим ҳама бадбахтиҳоеро, ки дар бораашон огоҳ карда будам, меорам.+ Ман ба онҳо гап задам, аммо онҳо гӯш надоданд. Ман онҳоро мехондам, вале онҳо ҷавоб намедоданд”».+
18 Ирмиё ба хонадони рекобиён гуфт: «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Азбаски шумо ба ҳама фармонҳои бобоятон Юнодоб итоат кардеду то ба ҳол итоат мекунед ва суханонашро як ба як ба ҷо меоред, 19 Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Аз насли Юнодоби писари Рекоб ҳамеша касе боқӣ мемонад, ки ба ман хизмат мекунад”».