Айюб
38 Он гоҳ Яҳува аз миёни гирдбод ба Айюб ҷавоб гардонда гуфт:+
2 «Ин кист, ки нафаҳмида гап мезанад
Ва ба қарору ниятҳои ман торикӣ меандозад?+
3 Миёнатро мисли мард маҳкам бубанд,
Биё, ман ба ту савол медиҳам ва ту ба ман фаҳмон.
4 Вақте ман бунёди заминро мегузоштам,+ ту дар куҷо будӣ?
Агар худро бофаҳм шуморӣ, ба ман гап зан.
5 Оё ту медонӣ, ки андозаҳои онро кӣ муқаррар намудааст
Ва кӣ онро бо таноб чен кардааст?
6 Асосҳои он бар чӣ гузошта шудааст
Ва кӣ санги гӯшаи онро гузошт,+
8 Кист, ки бар баҳр дарвоза гузоштааст,+
Вақте он ҷаста аз батн берун меомад,
9 Вақте ман онро бо абрҳо пӯшондам
Ва бо зулмоти тор парпеч кардам,
10 Вақте бар он ҳад
Ва дару қулфҳо гузоштам,+
11 Ва гуфтам: “То ҳамин ҷо биёву аз он нагузар,
Ин сарҳадест барои мавҷҳои мағрури ту”?+
12 Оё ту ягон бор ба саҳарӣ фармон додаӣ
Ё ба субҳ ҷояшро нишон додаӣ,+
13 То саросари заминро фаро гирад
Ва бадкоронро аз он афшонад?+
14 Замин мисли гили зери муҳр дигаргун мегардад
Ва тарҳи он мисли либоси зебое намоён мешавад,
15 Вале бадкорон аз нурашон маҳрум мегарданд
Ва бозуи баландашон шикаста мешавад.
16 Оё ту ба сарчашмаҳои баҳр рафта расидаӣ
Ё қаъри баҳрро омӯхтаӣ?+
18 Оё ту паҳнои заминро дарк кардаӣ?+
Агар ҳамаи инро донӣ, ба ман бигӯй.
19 Макони рӯшноӣ+
Ва манзили торикӣ дар куҷост,
20 То онро ба сарзаминаш бибарӣ
Ва роҳи хонаи онро бифаҳмӣ?
21 Оё ту он вақт таваллуд ёфта будиву
Шумораи солҳоят* чунон зиёд аст, ки ин чизҳоро медонӣ?
23 Ман онҳоро барои вақти мусибат
Ва рӯзи муҳорибаву ҷанг нигоҳ доштаам.+
25 Кӣ барои тӯфон роҳ кандааст?
Кӣ барои абре, ки борони сел меборонаду гулдуррос мезанад, роҳ кушодааст,+
26 То дар замини бекас
Ва биёбони беодам биборад,+
27 То даштҳои хушкро сероб намояд
Ва сабза бирӯёнад?+
29 Аз батни кӣ ях берун меояд
Ва кӣ шабнами яхбастаи осмонро ба дунё меорад,+
30 Вақте ки обҳо гӯё бо санг рӯпӯш мешаванд
Ва рӯйи обҳои бисёр ях баста сахт мешавад?+
32 Оё галаситораро* дар мавсимаш берун оварда метавонӣ
Ё галаситораи Айишро* бо писаронаш роҳнамоӣ карда метавонӣ?
33 Оё ту қонунҳоеро, ки осмонро идора мекунанд, медонӣ?+
Оё онҳоро* дар замин ҷорӣ карда метавонӣ?
34 Оё овозатро то ба абрҳо баланд карда метавонӣ
То селоб туро бипӯшонад?+
35 Оё ту метавонӣ оташакҳои барқро бифиристӣ,
То онҳо омада ба ту гӯянд: “Лаббай!”?
37 Хиради кӣ ба шумурдани абрҳо мерасад,
Ё кӣ кӯзаҳои осмонро чаппа карда метавонад?+
38 Кӣ хокро ба лойоба табдил медиҳад,
Ба тавре ки кулӯхҳо ба якдигар мечаспанд?
39 Оё метавонӣ барои шер сайде биёбӣ
Ва шерони ҷавонро сер кунӣ,+
40 Вақте онҳо дар ғорҳояшон пинҳон нишастаанд
Ё дар лонаашон камин мегиранд?
41 Кӣ ба зоғ хӯрок тайёр мекунад,+
Вақте чӯҷаҳои он сӯйи Худо фарёд мекунанд
Ва аз бехӯрокӣ сарсон мешаванд?