Забур
Маскил*. Таронаи Эйтони+ эзроҳӣ.
89 Дар васфи меҳру вафои Яҳува то абад хоҳам сароид.
Даҳонам вафоятро ба тамоми наслҳо баён хоҳад кард.
2 Ман гуфтаам: «Меҳру вафоят то абад пойдор хоҳад буд+
Ва ту вафоятро дар осмон барқарор кардаӣ».
3 «Бо бандаи хушкардаам аҳд бастаам.+
Ба бандаам Довуд қасам ёд кардаам:+
4 “Наслатро+ то абад пойдор хоҳам сохт.
Тахти туро ҷовиду побарҷо хоҳам кард”».+ (Село)
5 Эй Яҳува, корҳои ҳайратангезатро осмон ситоиш мекунад,
Вафоятро — ҷамоати муқаддасон.
6 Кист дар фалак, ки ба Яҳува баробар бошад?+
Кадоме аз фарзандони Худо+ ба Яҳува монанд аст?
7 Худо дар маҷлиси муқаддасон муътабар аст,+
Ӯ дар миёни ҳамаи онҳое, ки дар гирду атрофаш ҳастанд, бузургу пуршукӯҳ аст.+
8 Эй Яҳува, Худои лашкарҳо,
Кист, ки мисли ту тавоно бошад, эй Ёҳ?+
10 Ту Роҳобро*+ сарнагун сохта, куштӣ.+
Бо бозуи пурзӯрат душманонатро пароканда кардӣ.+
15 Хушбахт аст мардуме, ки нидоҳои шодиро медонад.+
Онҳо, эй Яҳува, дар нури рӯйи ту роҳ мераванд.
16 Бо номи ту онҳо тамоми рӯз шодӣ мекунанд
Ва аз росткорият сарбаланд мешаванд,
17 Зеро ту ҷалоли қуввати онҳоӣ+
Ва аз ризои ту қувваи мо афзун мешавад.+
18 Сипари мо аз они Яҳува аст,
Подшоҳи мо аз ҷониби Худои Поки Исроил аст.+
19 Он вақт ту дар руъёе ба бандагони бовафоят чунин гуфтӣ:
21 Дастонам ба ӯ қувват хоҳанд бахшид+
Ва бозуям ӯро дастгирӣ хоҳад кард.
22 Ҳеҷ як душман ӯро ғорат нахоҳад кард
Ва ҳеҷ як беинсоф бар ӯ зулм нахоҳад намуд.+
24 Вафо ва меҳри пойдорам бо ӯст+
Ва ба хотири номам қувваи ӯро афзун хоҳам кард.
25 Дасташро бар баҳр
Ва дасти росташро бар дарёҳо хоҳам гузошт.+
26 Ӯ сӯйи ман хоҳад хонд: “Ту Падари ман ҳастӣ,
Худои ман ва Кӯҳпораи наҷоти ман”.+
29 Насли ӯро то абад побарҷо мекунам
Ва тахташро мисли осмон пойдор месозам.+
30 Агар писаронаш шариати маро тарк кунанд
Ва ҳукмҳоямро ба ҷо наоранд,
31 Агар онҳо фармудаҳоямро зери по созанд
Ва амрҳоямро риоя накунанд,
32 Он гоҳ онҳоро барои саркашияшон бо чӯб ҷазо медиҳам+
Ва хатоҳояшонро бо шаллоқ сазо медиҳам.
33 Лекин ҳеҷ гоҳ ӯро аз меҳру вафоям маҳрум намесозам+
Ва ба ваъдаам бевафоӣ намекунам,
34 Аҳдшиканӣ намекунам+
Ва аз гапам намегардам.+
35 Ман ки Худои Покам, як бор ва ба таври ҳамешагӣ қасам хӯрдам
Ва ба Довуд дурӯғ нахоҳам гуфт.+
37 Мисли моҳ, ки шоҳиди бовафое дар осмон аст*,
То абад пойдор хоҳад монд». (Село)
39 Ту аҳдеро, ки бо бандаат бастӣ, напазируфтӣ,
Тоҷашро ба замин партофта, хор доштӣ.
40 Ҳама деворҳои сангинашро шикастӣ,
Қалъаҳояшро ба харобазор табдил додӣ.
41 Тамоми роҳгузарон ӯро ғорат карданд,
Ӯ хандахариши ҳамсоягонаш шудааст.+
42 Ту бадхоҳонашро дастболо кардаӣ,+
Тамоми душманонашро шод гардондаӣ.
43 Ту ба шамшери ӯ комёбӣ набахшидӣ
Ва дар ҷанг ӯро дастгирӣ накардӣ.
44 Шукӯҳи ӯро хотима бахшидаӣ
Ва тахташро ба замин партофтаӣ.
45 Рӯзҳои ҷавониашро кӯтоҳ кардаӣ
Ба ӯ ҷомаи расвоӣ пӯшонидаӣ. (Село)
46 Эй Яҳува, то ба кай худро пинҳон медорӣ?
Наход то абад?+
То ба кай хашми ту мисли оташ аланга мезанад?
47 Ба хотир ор, ки то чӣ андоза кӯтоҳ аст умри ман!+
Наход ту тамоми одамизодро бе мақсад офарида бошӣ?
48 Оё инсони зинда метавонад рӯйи маргро набинад?+
Магар ӯ метавонад ҷони худро аз чанголи гӯр раҳо созад? (Село)
49 Эй Яҳува, меҳру вафои пешинаат куҷост?
Эй Худои бовафо, он меҳру вафое, ки ба Довуд қасам хӯрда, ваъда дода будӣ, куҷост?+
50 Эй Яҳува, таънаҳоеро, ки бар сари бандагонат мерезад, ба ёд ор,
Ба хотир ор, ки ман таънаҳои тамоми мардумро бар дӯш дорам.
51 Эй Яҳува, ба ёд ор, ки душманонат бар масеҳат санги маломат мезананд,
Ӯ сари ҳар як қадам таъна мешунавад.
52 Яҳуваро то абад ҳамду сано бод. Омин ва омин.+