Рут
1 Дар рӯзҳои доварон*+ дар сарзамин қаҳтӣ шуд. Дар он вақт марде аз Байт-Лаҳми+ Яҳудо бо зану ду писараш ба замини Мӯоб+ кӯчид. 2 Номи он мард Элималик* буд, номи занаш Ноомӣ*, номи ду писараш бошад, Маҳлӯн* ва Килйӯн*. Онҳо аз Эфрот, яъне Байт-Лаҳми Яҳудо, буданд ва ба замини Мӯоб омада, дар он сокин шуданд.
3 Баъд аз чанд вақт Элималик, шавҳари Ноомӣ, мурд ва ӯ бо ду писараш танҳо монд. 4 Бо гузашти вақт он ду писар занҳои мӯобӣ гирифтанд; номи яке Орфо ва номи дигаре Рут+ буд. Ноомӣ ҳамроҳи писарону келинҳояш дар замини Мӯоб тахминан даҳ сол зиндагӣ кард. 5 Баъд ду писараш — Маҳлӯн ва Килйӯн ҳам мурданд ва зан бе шавҳару бе фарзанд монд. 6 Вақте Ноомӣ шунид, ки Яҳува назарашро сӯйи халқаш кардааст ва ба онҳо нон медиҳад, ӯ аз замини Мӯоб рафтанӣ шуд ва ду келинаш ӯро ҳамроҳӣ карданд.
7 Ӯ аз ҷойи зисти худ ҳамроҳи ду келинаш ба сарзамини Яҳудо равона шуд. Дар роҳ 8 Ноомӣ ба келинҳояш гуфт: «Биравед, ҳар дуятон ба хонаи модаратон баргардед. Бигзор Яҳува меҳру вафояшро ба шумо фурӯ резад,+ чи хеле ки шумо ба ману фарзандони раҳматиам меҳру вафо мекардед. 9 Бигзор Яҳува шуморо баракат диҳад ва ҳар яке дар хонаи шавҳари худ паноҳгоҳ ёбед».+ Ноомӣ келинҳояшро бӯсид ва ҳар се зор-зор гиристанд. 10 Келинҳояш ба ӯ мегуфтанд: «Не, мо ҳамроҳи ту назди халқат меравем». 11 Ноомӣ бошад, дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Не, духтаронам, баргардед. Чаро шумо ҳамроҳи ман биравед? Магар ман метавонам боз писарон ба дунё орам, то бароятон шавҳар шаванд?+ 12 Баргардед, духтаронам. Биравед, чунки ман пир шудаам ва наметавонам шавҳардор шавам. Ҳатто агар бароям умеде бошад, ки худи имшаб шавҳар кунам ва, агар фарзанддор шуда тавонам ҳам, 13 магар шумо то калон шудани онҳо интизор мешавед? Магар ба хотири онҳо шавҳар намекунед? Не, духтаронам, ман барои шумо месӯзам, зеро дасти Яҳува бар зидди ман аст».+
14 Онҳо боз гиря карданд ва Орфо хушдоманашро бӯсиду рафт. Аммо Рут бо ӯ монд. 15 Ноомӣ ба ӯ гуфт: «Духтарам, авсунат* ба назди халқи худ ва худоёни худ баргашт. Ту низ аз паси ӯ бирав».
16 Лекин Рут ҷавоб дод: «Аз ман хоҳиш накун, ки туро тарк кунам ва туро партофта равам, чунки куҷое ту равӣ, ман ҳам бо ту меравам ва куҷое ту шабро гузаронӣ, ман низ шабро мегузаронам. Халқи ту халқи ман ва Худои ту Худои ман мешавад.+ 17 Дар куҷое ту бимирӣ, ман ҳам мемирам ва ҷасадамро дар он ҷо мегӯронанд. Бигзор Яҳува маро ба балоҳо гирифтор кунад, агар чизе ғайр аз марг маро аз ту ҷудо кунад».
18 Вақте Ноомӣ дид, ки Рут нею нестон мекунад, дигар ӯро аз раҳаш нагардонд. 19 Онҳо бо роҳи худ равона шуда, ба Байт-Лаҳм+ омаданд. Вақте ба он ҷо расиданд, тамоми шаҳр ба ҳаяҷон омад. Занҳо байни ҳам мегуфтанд: «Оё ин Ноомӣ аст?» 20 Ӯ дар ҷавоб мегуфт: «Маро Ноомӣ* нагӯед, балки Марро* номед, чунки Худои Тавоно* ҳаёти маро хеле талх кардааст.+ 21 Вақти рафтанам ҳама чиз доштам, лекин Яҳува маро бо дасти хушку холӣ баргардонд. Чаро маро Ноомӣ меномед, дар ҳолате ки худи Яҳува зидди ман аст ва Худои Тавоно маро гирифтори бадбахтӣ кардааст?»+
22 Ҳамин тавр Ноомӣ ҳамроҳи келини мӯобиаш Рут аз замини Мӯоб+ баргашт. Онҳо ба Байт-Лаҳм дар аввали мавсими ҷавдарав омаданд.+