Панднома
5 Эй писарам, ба хиради ман диққат намо,
Ба ман гӯш андоз, то рамузфаҳм* гардӣ,+
2 То ақлу фаҳмро нигаҳ дорӣ
Ва дониш аз лабонат дур нашавад.+
3 Аз лабҳои зани бероҳа* асал мечакад+
Ва гуфтораш аз равған нармтар аст,+
4 Вале оқибат ӯ мисли тахач талх+
Ва мисли шамшери дудама тез мегардад.+
5 Пойҳои ӯ сӯйи марг мераванд,
Қадамҳои ӯ ба коми гӯр мебаранд.
6 Ӯ ба роҳи ҳаёт аҳамият намедиҳад,
Ӯ гумроҳ аст ва худаш намедонад куҷо меравад.
7 Эй писаронам, ба ман гӯш диҳед
Ва аз гуфтаи ман сар натобед.
8 Эй писарам, аз вай дур-дур гард,
Ба даҳани дараш наздик нашав,+
9 То нангу номусатро дар пеши мардум гум накунӣ+
Ва солҳоятро бо азоб нагузаронӣ,+
10 То бегонагон қуввати туро наҷабанд+
Ва ҳосили ранҷи ту ба хонаи ғайр наравад.
11 Вагарна дар поёни умр фиғон хоҳӣ бардошт,
Вақте ҷисму танат бемаҷол шавад+
12 Ва бигӯӣ: «Чаро насиҳатро бад дидам?!
Чаро дилам аз сарзаниш нафрат дошт?!
13 Ман ба гапи омӯзгоронам диққат надодам
Ва устодони худро гӯш накардам.
14 Кам монда буд, ки дар миёни тамоми ҷамоат
Ба ҳар бало гирифтор шавам».+
16 Чаро чашмаҳоят ба берун резанд
Ва ҷӯйҳоят дар кӯчаҳо ҷорӣ шаванд?+
17 Бигзор онҳо танҳо барои ту бошанд,
На барои бегонагон.+
Пистонҳои ӯ ҳамеша мастат кунанд.
Пайваста сармасти ишқаш бошӣ.+
21 Охир, роҳҳои одам пеши назари Яҳува аст,
Ӯ ҳар як қадами касро месанҷад.+
22 Бадкор ба доми хатоҳои худ меафтад
Ва дар банди гуноҳи худ мепечад.+
23 Ӯ аз беадабӣ* мемирад
Ва аз беақлии бисёраш раҳгум мезанад.