Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи писарони Қӯраҳ.+
2 Ту хатои халқатро бахшидӣ
Ва аз ҳамаи гуноҳҳояш гузаштӣ.+ (Село)
3 Тамоми хашматро боздоштӣ
Ва оташи ғазабатро хомӯш кардӣ.+
4 Моро аз нав ҷамъ ор, эй Худои наҷотамон,
Ва бар мо хашмгин мабош.+
5 Оё то абад бар мо хашм мегирӣ?+
Оё ғазабат аз насл ба насл давом меёбад?
6 Магар ба халқат ҷон намебахшӣ,
То бо ту шод бошад?+
7 Эй Яҳува, ба мо меҳру вафо кун+
Ва моро наҷот бахш.
8 Ман ба сухани Худои Ҳақ, Яҳува, гӯш меандозам,
Зеро ӯ ба халқаш, бандаҳои бовафояш, аз осоиштагӣ сухан мегӯяд.+
Аммо, эй Худо, илтимос, нагузор, ки онҳо дубора худбовар шаванд.+
9 Худо барои наҷот додани тарсгоронаш ҳамеша тайёр аст,+
Аз ин рӯ ҷалолаш замини моро пур хоҳад кард.
10 Меҳри пойдору вафо бо ҳам мулоқот хоҳанд кард,
Адолат ва осоиштагӣ якдигарро хоҳанд бӯсид.+
11 Вафо аз замин хоҳад рӯйид
Ва адолат аз осмон назар хоҳад кард.+
13 Адолат пешопеши ӯ хоҳад рафт+
Ва барои қадамҳояш роҳ тайёр хоҳад кард.