Румиён
13 Бигзор ҳар кас ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад,+ зеро ҳокимияте нест, ки бе розигии Худо вуҷуд дошта бошад;+ ҳокимиятҳои ҳозира мавқееро ишғол менамоянд, ки Худо барояшон муайян кардааст.+ 2 Бинобар ин ҳар касе ба ҳокимият муқобилат кунад, бар зидди сохтори Худо мебарояд; онҳое, ки чунин мекунанд, ҷазо мегиранд. 3 Охир, некукорон аз ҳокимиятдорон тарсе надоранд, балки бадкорон аз онҳо метарсанд.+ Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Доимо кори нек куну+ таърифу таҳсинашро шунав, 4 зеро ҳокимият хизматгори Худост, ки ба фоидаи ту амал мекунад. Вале, агар кори бад кунӣ, битарс, охир, он шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст. Ҳокимият хизматгори Худост, ки бар бадкорон ғазаби ӯро фурӯ рехта*, аз онҳо интиқом мегирад.
5 Аз ин рӯ ба шумо зарур аст, ки ба ҳокимият фармонбардор бошед ва на фақат аз тарси ҷазо, балки ҳамчунин бо амри виҷдон.+ 6 Барои ҳамин ҳам шумо андоз месупоред, зеро ҳокимиятдорон чун хизматгорони Худо доимо дар хизмати халқанд. 7 Ҳаққи ҳар касро ба ӯ адо кунед: ба касе андоз металабад — андозро,+ ба касе хироҷ — хироҷро, ба касе тарс — тарсро,+ ба касе ҳурмат — ҳурматро.+
8 Аз касе чизе қарздор набошед, ғайр аз муҳаббат ба якдигар,+ зеро ҳар кӣ дигареро дӯст медорад, шариатро ба ҷо меорад.+ 9 Амрҳои «ба ҳамсарат хиёнат накун»,+ «одам накуш»,+ «дуздӣ накун»,+ «ба моли мардум чашм ало накун»+ ва тамоми амрҳои дигари Шариат дар суханони зерин ҷамъбаст шудаанд: «Ёри худро мисли худ дӯст дор».+ 10 Муҳаббат ба дигарон бадӣ намекунад.+ Пас, касе, ки дӯст медорад, тамоми шариатро ба ҷо меорад.+
11 Мувофиқи ин суханон рафтор кунед, зеро дар кадом замон зиндагӣ карданатонро медонед. Вақти он расидааст, ки аз хоб бедор шавед,+ зеро ҳоло наҷоти мо назар ба он вақте, ки имон овардем, наздиктар аст. 12 Шаб ба поён расида истодаасту рӯз наздик аст. Пас, биёед корҳои торикиро аз худ дур созем+ ва ҷавшани нурро дар бар кунем.+ 13 Биёед ба таври шоиста рафтор кунем,+ мисли он ки дар рӯзи равшан бошад, ва аз айшу нӯш, бадмастӣ, зинокорӣ*, беҳаёгӣ*,+ ҷанҷол ва рашк парҳез кунем.+ 14 Балки хислатҳои Ҳазратамон Исои Масеҳро дар бар кунед+ ва дар фикри он набошед, ки чӣ тавр нафсатонро қонеъ кунед.+