2 Мӯсо
15 Он гоҳ Мӯсо ва исроилиён дар васфи Яҳува ин сурудро сароиданд:+
«Барои Яҳува месароям, зеро ӯ сарафроз гаштааст.+
Асп ва савори онро зери баҳр афкандааст.+
2 Ёҳ* қуввату тавоноии ман аст, зеро ӯ наҷоти ман аст.+
Ӯ Худои ман аст, ӯро ситоиш мекунам.+ Ӯ Худои падарам аст,+ ӯро ҳамду сано мегӯям.+
3 Яҳува ҷанговари пурзӯр аст.+ Номи ӯ Яҳува аст.+
4 Ӯ аробаҳои фиръавн ва сипоҳи ӯро зери баҳр афканд,+
Ҷанговарони беҳтарини ӯ дар баҳри Сурх ғарқ шуданд.+
5 Обҳои пурҷӯш онҳоро пӯшониданд, онҳо мисли санг ба қаъри баҳр ғӯтиданд.+
6 Дасти рости ту, эй Яҳува, пурзӯр аст,+
Дасти рости ту, эй Яҳува, душманро торумор месозад.
7 Бо қуввати бузурги худ касонеро, ки бар зиддат бармехезанд, ба замин меафканӣ,+
Оташи ғазабатро мефиристӣ ва онҳо мисли коҳ месӯзанд.
8 Аз дами ту обҳо ҷамъ омаданд.
Ҷараёни онҳо бозистод,
Обҳои пурталотум дар миёни баҳр шах шуданд.
9 Душман ба худ гуфт: “Аз пасашон меравам! Онҳоро дарёб мекунам!
Ғаниматро тақсим мекунам, то даме ҷонам сер нашавад!
Шамшерамро мекашам! Онҳоро зердаст мегардонам!”+
Ту Худои тарсоварӣ, туро дар сурудҳо бояд ситоиш кунанд, эй Худои муъҷизакор!+
12 Дасти ростатро дароз кардӣ ва замин онҳоро фурӯ бурд.+
13 Халқатро раҳо намудӣ*+ ва аз меҳру вафои худ онҳоро роҳнамоӣ кардӣ,
Бо қуввати худ онҳоро ба макони поки худ мебарӣ.
15 Он вақт мирони Адӯм ба даҳшат меоянд,
Ҳокимони пурзӯри Мӯобро воҳима зер мекунад+
Ва ҳама мардуми Канъон аз тарс беҳол мешаванд.+
16 Тарсу ваҳм онҳоро фаро мегирад.+
Аз бузургии бозуи ту онҳо санг барин беҳаракат мешаванд,
То даме ки халқи ту бигзарад, эй Яҳува,
17 Ту онҳоро ба кӯҳи худ* оварда, мешинонӣ,+
Ба ҷое ки ту барои зисти худ тайёр кардаӣ, эй Яҳува,
Ба макони поке, ки ту бо дастони худ сохтаӣ, эй Яҳува.
18 Яҳува то абад подшоҳӣ хоҳад кард.+
19 Вақте аспҳои фиръавн, аробаҳои ҷангии ӯ ва савораҳояш ба даруни баҳр даромаданд,+
Яҳува обҳои баҳрро бар сари онҳо рехт,+
Аммо халқи Исроил аз миёни баҳр, аз замини хушк, гузашта рафт».+
20 Он гоҳ Марям, ки апаи Ҳорун буду пайғомҳои Худоро мерасонд, дафро ба даст гирифт ва тамоми занон аз қафои ӯ дафзанон ва рақскунон берун омаданд. 21 Марям дар ҷавоби мардон сароида, гуфт:
«Ба Яҳува бисароед, зеро ӯ сарафроз гаштааст.+
Асп ва савори онро зери баҳр афкандааст».+
22 Баъдтар Мӯсо халқи Исроилро аз канори баҳри Сурх бурд ва онҳо ба биёбони Шур омаданд. Онҳо се рӯз дар биёбон роҳ рафтанд, вале об наёфтанд. 23 Баъд онҳо ба Мора*+ омаданд, аммо оби он ҷоро хӯрда натавонистанд, чунки талх буд. Барои ҳамин ӯ он ҷоро Мора номид. 24 Пас, мардум аз Мӯсо шикоят карда,+ гуфтанд: «Чӣ бинӯшем?» 25 Ӯ сӯйи Яҳува фиғон бардошт+ ва Яҳува ба ӯ дарахтеро нишон дод. Мӯсо он дарахтро ба об партофт ва об ширин шуд.
Дар он ҷо Худо ин воқеаро чун намуна қарор дод, то мардум минбаъд бидонад, ки ӯ аз онҳо чӣ талаб дорад. Худо дар он ҷо онҳоро имтиҳон намуд.+ 26 Ӯ гуфт: «Агар ту ба овози Яҳува, Худои худ, бечуну чаро гӯш диҳӣ ва он чиро, ки дар назари ӯ дуруст аст, ба ҷо орӣ, ба амрҳои ӯ диққат диҳӣ ва дастурҳояшро иҷро кунӣ,+ ман бар сарат ҳеҷ яке аз он бемориҳоеро, ки бар мисриён оварда будам, намеорам.+ Ман, Яҳува, шифобахши туям».+
27 Баъд аз ин онҳо ба Элим омаданд, ки дар он ҷо 12 чашмаи об ва 70 дарахти нахл буд. Онҳо дар он ҷо, дар назди об, хайма заданд.