Юҳанно
16 Ман ин суханонро барои он ба шумо гуфтам, ки пешпо нахӯред. 2 Мардум шуморо аз ибодатхонаҳо хоҳанд ронд.+ Ҳатто замоне мерасад, ки ҳар кӣ шуморо бикушад,+ гумон мекунад, ки ба Худо хизмати муқаддас мекунад. 3 Вале онҳо ҳамаи инро аз он сабаб мекунанд, ки на Падарро мешиносанду на маро.+ 4 Инро барои он гуфта истодаам, ки ҳангоми расидани он вақт ин суханонамро ба хотир оред.+
Ин чизҳоро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро бо шумо будам. 5 Акнун бошад, назди Фиристандаи худ меравам,+ лекин ягон каси шумо аз ман намепурсад, ки куҷо рафта истодаам. 6 Вале, чун ин чизҳоро ба шумо гуфтам, дилатон пур аз ғам шуд.+ 7 Ба шумо рост мегӯям: рафтани ман ба фоидаи шумост, чунки, агар наравам, мададгор+ назди шумо намеояд, вале, агар равам, ӯро наздатон мефиристам. 8 Вақте ӯ биёяд, ба ҷаҳон кушоду равшан нишон медиҳад, ки гуноҳ, росткорӣ ва доварӣ чист: 9 пеш аз ҳама, ӯ чӣ будани гуноҳро+ нишон медиҳад, зеро онҳо ба ман имон надоранд*;+ 10 баъдан, чӣ будани росткориро, зеро назди Падар рафта истодаам ва шумо маро дигар намебинед; 11 ва ниҳоят, чӣ будани довариро, зеро ҳокими ин ҷаҳон доварӣ шудааст.+
12 Боз бисёр чизҳоро бояд ба шумо бигӯям, вале ҳоло ба он чизҳо сарфаҳм рафта наметавонед. 13 Аммо, вақте ӯ*, яъне рӯҳи ростӣ, биёяд,+ шуморо роҳнамоӣ мекунад, то ростиро ба пуррагӣ фаҳмед, зеро ӯ аз пеши худ чизе намегӯяд, балки чизи шунидаашро мегӯяд ва ба шумо воқеаҳои ояндаро хабар медиҳад.+ 14 Ӯ маро ҷалол медиҳад,+ зеро он чиро, ки аз ман шунидааст, ба шумо мерасонад.+ 15 Ҳар он чӣ Падар дорад, аз ман аст.+ Бинобар ин ба шумо гуфтам: он чиро, ки аз ман шунидааст, ба шумо мерасонад. 16 Баъд аз андаке маро намебинед,+ вале баъд аз андаки дигар боз мебинед».
17 Он гоҳ баъзе аз шогирдон ба якдигар гуфтанд: «“Баъд аз андаке маро намебинед, вале баъд аз андаки дигар боз мебинед” ва ҳамчунин “зеро назди Падар рафта истодаам” гуфтани ӯ чӣ маъно дорад?» 18 Онҳо мегуфтанд: «Ӯ “андак” гуфта, чиро дар назар дошт? Ҳеҷ ба гапаш сарфаҳм нарафтем». 19 Исо фаҳмид, ки шогирдонаш ба ӯ савол доданиянд, барои ҳамин гуфт: «Шумо аз якдигар пурсида истодаед, ки чаро ман чунин гуфтам: “Баъд аз андаке маро намебинед, вале баъд аз андаки дигар боз мебинед”. 20 Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: шумо гиряву нола мекунед, лекин ҷаҳон шодӣ хоҳад кард; шумо ғамгин мешавед, вале ғами шумо ба хурсандӣ табдил меёбад.+ 21 Зан ҳангоми таваллуд азоб мекашад, вале баъди таваллуд карданаш аз шодии он ки кӯдак ба дунё омад, азобҳои худро фаромӯш мекунад. 22 Ба ин монанд, шумо низ ҳоло ғамгинед, лекин, вақте маро дубора бубинед, дилҳоятон шод мешавад+ ва ҳеҷ кас шуморо аз он шодӣ маҳрум карда наметавонад. 23 Он рӯз аз ман дигар чизе намепурсед. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: агар ба номи ман аз Падар чизе талаб кунед,+ ӯ онро ба шумо медиҳад.+ 24 То ин дам шумо ба номи ман чизе талаб накарда будед; акнун талаб кунед ва ба даст меоред ва хурсандии шумо пурра мешавад.
25 Ман ин чизҳоро ба шумо бо мисол гуфтам. Вале вақте наздик аст, ки дигар ба шумо бо мисол сухан намегӯям, балки дар бораи Падар кушоду равшан гап мезанам. 26 Он рӯз шумо аз Падар ба номи ман талаб мекунед, бо ин суханон гуфтанӣ нестам, ки ман барои шумо талаб мекунам, 27 зеро худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки маро дӯст доштед+ ва бовар кардед, ки аз ҷониби Худо омадаам.+ 28 Ман аз ҷониби Падар ба ҷаҳон омадаам. Акнун бошад, ҷаҳонро тарк карда, назди Падар меравам».+
29 Он гоҳ шогирдонаш гуфтанд: «Ана, акнун ту кушоду равшан ва бе мисол гап зада истодаӣ. 30 Акнун мо фаҳмидем, ки ту ҳама чиро медонӣ ва ҳоҷати ба ту савол додан нест. Аз ин рӯ бовар мекунем, ки ту аз ҷониби Худо омадаӣ». 31 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Оё акнун бовар кардед? 32 Вақте наздик аст ва аллакай расидааст, ки ҳар яки шумо пароканда шуда, ба хонаи худ меравед ва маро танҳо мегузоред.+ Вале ман танҳо нестам, зеро Падар бо ман аст.+ 33 Ман инро ба шумо барои он гуфтам, ки ба воситаи ман осоиштагӣ дошта бошед.+ Дар ин ҷаҳон шумо азоб мекашед, вале далер бошед: ман бар ҷаҳон ғолиб омадам!»+