Ирмиё
45 Дар соли чоруми Еҳуёқими+ писари Юшиё — подшоҳи Яҳудо, вақте Борухи+ писари Нериё суханони пайғамбар Ирмиёро дар китоб менавишт,+ Ирмиё ба ӯ чунин гуфт:
2 «Яҳува, Худои Исроил, дар ҳаққи ту, эй Борух, чунин мегӯяд: 3 “Ту мегӯӣ: “Вой бар ҳоли ман, чунки Яҳува ба дарди ман ғаму андуҳ зам кардааст! Аз оҳу фиғони худ хаставу бемадор шудаам ва оромие надорам”.
4 Ба Борух чунин бигӯ: “Яҳува мегӯяд: “Он чӣ сохтаам, вайрон мекунам ва, он чӣ шинондаам, решакан месозам. Дар тамоми сарзамин чунин мекунам.+ 5 Ту бошӣ, чизҳои бузургро орзу дорӣ. Орзу накун, зеро ман бар сари тамоми одамизод бадбахтӣ меорам,+— мегӯяд Яҳува,— вале ҷони туро, ба куҷое биравӣ, зинда нигоҳ медорам*”».+