Забур
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
13 Эй Яҳува, то ба кай маро фаромӯш месозӣ? Оё то абад?
То ба кай рӯятро аз ман пинҳон медорӣ?+
2 То ба кай ошуфтаву парешон бошам
Ва ҳар рӯз дар дил ғаму ғусса хӯрам?
То ба кай душман бар ман дастболо шавад?+
3 Ба ман назар кун ва ҷавоб деҳ, эй Худоям Яҳува.
Чашмонамро равшан бикун, то ба хоби марг наравам
4 Ва душманам нагӯяд: «Ман аз ӯ зӯр баромадам!»
Нагузор, ки бадхоҳонам аз шикасти ман хурсандӣ кунанд.+
5 Ман аз меҳру вафои ту дилпурам.+
Вақте маро наҷот медиҳӣ, дилам шод мешавад.+
6 Барои некиҳои фаровонаш
Дар васфи Яҳува месароям.+