Забур
94 Эй Худои интиқом, Яҳува!+
Эй Худои интиқом, дурахшон шав!
3 То ба кай, эй Яҳува,
То ба кай бадкорон каттагӣ мекунанд?+
4 Беақлонаву ҳавобаландона сухан мегӯянд,
Ҳамаи каҷкорон худситоӣ мекунанд.
5 Онҳо халқи туро поймол месозанд, эй Яҳува,+
Ва мулки туро ба танг меоранд.
6 Онҳо бевазану ғарибро мекушанд
Ва ятимро қатл мекунанд.
8 Эй бефаҳмон, фаҳм кунед!
Эй беақлон, кай ақлатон медарояд?+
9 Он кӣ гӯшро сохтааст, магар намешунавад?
Он кӣ чашмро офаридааст, магар намебинад?+
10 Он кӣ халқҳоро ислоҳ мекунад, магар наметавонад сарзаниш кунад?+
Охир, Ӯст, ки ба мардум дониш мебахшад.+
11 Яҳува андешаҳои одамро медонад,
Медонад, ки онҳо мисли нафасе ҳеҷанд.+
12 Чӣ хушбахт аст, касе, ки ту ислоҳаш мекунӣ+
Ва шариататро ба ӯ таълим медиҳӣ, эй Ёҳ,+
13 То ӯро дар рӯзҳои бад оромӣ бахшӣ,
То даме ки чоҳе барои бадкорон канда шавад.+
14 Яҳува халқи худро намепартояд+
Ва мулкашро тарк намекунад,+
15 Доварӣ аз нав одилона мегардад
Ва ҳама ростдилон онро пайравӣ хоҳанд кард.
16 Кӣ барои тарафдории ман бар зидди бадкорон бармехезад?
Кӣ маро аз хатокорон пуштибонӣ мекунад?
17 Агар Яҳува мададгорам намебуд,
Кайҳо нобуд мешудам.+
20 Оё метавонад тахти пур аз фасод бо ту ҳамаҳд бошад,
Тахте, ки аз номи қонун бедодгарӣ мекунад?+
22 Аммо Яҳува паноҳгоҳи устуворам* хоҳад буд.
Худои ман кӯҳпораи паноҳгоҳам аст.+
23 Ӯ бадкории онҳоро бар сари худашон меорад.+
Ӯ бо бадии худашон онҳоро нест мекунад.
Худоямон Яҳува онҳоро нобуд месозад.+