2 Воқеанома
16 Дар соли 36-уми ҳукмронии Осо Баъшои+ подшоҳи Исроил бар зидди Яҳудо баромад ва Роморо*+ бино кард, то ки касе назди* Осои подшоҳи Яҳудо нараваду наояд.+ 2 Он гоҳ Осо нуқраву тиллои ганҷинаҳои хонаи Яҳува+ ва қасри подшоҳро баровард ва ба Бин-Ҳадади подшоҳи Арам*,+ ки дар Димишқ сокин буд, фиристода, гуфт: 3 «Ману ту ва падари ману падари ту аҳду паймон баста будем. Ман ба ту нуқраву тилло мефиристам. Ту бошӣ, аҳду паймони худро бо Баъшои подшоҳи Исроил бишкан, то ӯ аз ман дур шавад».
4 Бин-Ҳадад ба шоҳ Осо гӯш дода сарони лашкарашро бар зидди шаҳрҳои Исроил фиристод ва онҳо Ийӯн,+ Дон,+ Обил-Мойим ва тамоми анборҳои шаҳрҳои Нафтолиро забт карданд.+ 5 Баъшо хабари инро шунида дарҳол аз бино кардани Ромо* даст кашид ва корашро дар он ҷо хобонид. 6 Баъд аз ин шоҳ Осо аҳли Яҳудоро ба Ромо+ овард ва онҳо сангу чӯби онро, ки Баъшо дар сохтмон истифода мекард, кашонда бурданд ва ӯ бо он сангу чӯб Ҷабъа+ ва Мисфоро*+ сохт.+
7 Он гоҳ Ҳанонии+ ғайбдон назди Осои шоҳи Яҳудо омада, гуфт: «Азбаски ту ба Худоят Яҳува нею ба шоҳи Арам таваккал кардӣ, лашкари шоҳи Арам аз дасти ту халосӣ ёфт.+ 8 Магар ҳабашиён ва либиён лашкари азиме бо аробаву аспсаворони зиёд надоштанд? Вале, азбаски ту ба Яҳува таваккал кардӣ, ӯ онҳоро ба дасти ту супурд.+ 9 Охир, чашмони Яҳува тамоми заминро аз назар мегузаронад,+ то онҳоеро, ки дилашон ба ӯ пурра содиқ аст,+ дастгирӣ кунад*. Ту ин дафъа беақлона рафтор кардӣ, барои ҳамин аз ин пас бо ту ҷанг хоҳанд кард».+
10 Сухани ғайбдон ба Осо сахт расид ва ӯ чунон ба хашм омад, ки вайро ба зиндон* партофт. Осо дигаронро низ азоб додан гирифт. 11 Воқеаҳои ҳаёти Осо, аз аввал то охир, дар Китоби шоҳони Яҳудо ва Исроил навишта шудааст.+
12 Дар соли 39-уми ҳукмронии худ Осо ба дарди по гирифтор шуда, оқибат сахт касал шуд, вале ӯ дар касалиаш ҳам ба Яҳува нею ба табибон рӯ овард. 13 Осо ором гирифта бо бобоёни худ хобид.+ Ӯ дар соли 41-уми ҳукмрониаш мурд 14 ва дар қабри боҳашамате, ки ӯ барои худ дар Шаҳри Довуд+ канда буд, гӯронда шуд. Ӯро дар тобуте гузоштанд, ки пур аз равғани хушбӯй ва малҳами махсусе буд, ки онро аз ҳар навъ моддаҳо тайёр карда буданд.+ Ҳамчунин барояш оташи беҳад калоне афрӯхтанд*.