2 Мӯсо
5 Баъд аз ин Мӯсо ва Ҳорун назди фиръавн даромада гуфтанд: «Яҳува, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Халқи маро ҷавоб деҳ, то бароям дар биёбон ҷашн барпо кунад”». 2 Аммо фиръавн гуфт: «Яҳува худаш кист,+ ки ба суханаш гӯш диҳам ва Исроилро ҷавоб диҳам?+ Ман Яҳуваро намешиносам ва Исроилро ҳам ҷавоб доданӣ нестам».+ 3 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Худои ибриён бо мо гап задааст. Илтимос, моро ҷавоб деҳ, то масофаи серӯзаро тай карда, ба Яҳува, Худои худ, дар биёбон қурбонӣ биёрем,+ вагарна ӯ моро бо беморӣ ё шамшер зарба мезанад». 4 Подшоҳи Миср ба онҳо гуфт: «Шумо, Мӯсову Ҳорун, кори дигар надоред, ки мардумро аз корашон бозмедоред? Равед, аз пайи кор шавед!»+ 5 Фиръавн боз гуфт: «Халқи шумо дар ин замин хеле сершумор аст. Шумо бошед, тамоми ин мардумро мехоҳед аз корашон боздоред».
6 Худи ҳамон рӯз фиръавн ба корфармоён ва ба саркороне, ки аз миёни халқ буданд, чунин гуфт: 7 «Ба мардум дигар коҳ барои тайёр кардани хишт надиҳед.+ Бигзор худашон рафта барои худашон коҳ ҷамъ кунанд. 8 Аммо аз онҳо ҳар рӯз ҳамон миқдори хиштҳоро, ки пештар тайёр мекарданд, талаб кунед. Бори онҳоро сабук накунед, чунки онҳо танбалӣ карда истодаанд. Барои ҳамин онҳо мегӯянд: “Мо мехоҳем равем. Мо мехоҳем барои Худоямон қурбонӣ орем!” 9 Онҳоро маҷбур кунед, ки бисёртар кор кунанд, то бекор намонанду ба ҳар сафсата гӯш надиҳанд».
10 Сипас корфармоён+ ва саркорон берун рафта, ба халқ хабар доданд: «Фиръавн чунин мегӯяд: “Ман ба шумо дигар коҳ намедиҳам. 11 Биравед ва барои худ, аз куҷое ки тавонед, коҳ ёбед, аммо шумо бояд мисли пештара ҳамон миқдори хиштҳоро тайёр кунед”». 12 Мардум дар тамоми замини Миср пароканда шуданд, то ба ҷойи коҳ хасу хошок ҷамъ кунанд. 13 Корфармоёни фиръавн бошанд, онҳоро саросема карда мегуфтанд: «Корҳоятонро ба миқдори ҳаррӯза, мисли он замоне ки коҳ буд, иҷро кунед». 14 Онҳо саркорони исроилиро, ки бар халқ таъйин карда буданд, мезаданду+ аз онҳо мепурсиданд: «Барои чӣ динаву имрӯз аз пештара дида камтар хишт рехтед?»
15 Аз ин рӯ саркорони исроилӣ назди фиръавн рафта шикоят карданд: «Барои чӣ ту бо ғуломони худ ин тавр рафтор мекунӣ? 16 Ба ғуломонат коҳ намедиҳанду аз онҳо талаб мекунанд: “Хишт резед!” Ғуломонатро мезананд, аммо айб аз мо неву аз одамони туст». 17 Фиръавн дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Шумо танбалӣ карда истодаед, танбалӣ!+ Барои ҳамин ҳам мегӯед: “Мо мехоҳем равем. Мо мехоҳем ба Яҳува қурбонӣ биёрем”.+ 18 Ҳозир бошад, аз пайи кор шавед! Ба шумо коҳ-поҳ дода намешавад, лекин миқдори ҳаррӯзаи хиштҳо набояд аз пештара кам шавад».
19 Он гоҳ саркорони исроилӣ диданд, ки ба бало гирифтор шуданд, чунки ба онҳо гуфтанд: «Миқдори хиштҳо набояд аз пештара кам шавад». 20 Вақте онҳо аз пеши фиръавн баромаданд, Мӯсо ва Ҳорунро диданд, ки истода онҳоро интизор буданд. 21 Саркорон дарҳол ба онҳо гуфтанд: «Бигзор Яҳува шуморо бубинад ва худаш шуморо доварӣ кунад, зеро аз пушти шумо дар назари фиръавн ва хизматгоронаш шум шудем. Шумо ба дасти онҳо шамшер додед, то моро бикушанд».+ 22 Он гоҳ Мӯсо ба Яҳува рӯ оварда гуфт: «Эй Яҳува, чаро ба сари ин мардум бало овардӣ? Барои чӣ маро ба ин ҷо фиристодӣ? 23 Аз рӯзе ки назди фиръавн даромадам, то аз номи ту сухан гӯям,+ муносибаташ ба халқ бадтар шуду+ беҳтар не ва ту халқатро раҳо накардӣ».+