Румиён
7 Эй бародарон (инро ба касоне гуфта истодаам, ки шариатро медонанд), магар намедонед, ки Шариат бар одам то даме ҳукмфармоӣ мекунад, ки ӯ зинда аст? 2 Масалан, зани шавҳардор, то вақте ки шавҳараш зинда аст, аз рӯйи шариат бо ӯ пайваст аст, вале, агар шавҳараш аз олам чашм пӯшад, вай аз қонуни шавҳари худ озод мешавад.+ 3 Аз ин рӯ, агар ӯ ҳангоми зинда будани шавҳараш ҳамсари марди дигар шавад, хиёнаткор ҳисоб меёбад.+ Вале, агар шавҳараш бимирад, вай аз қонуни ӯ озод мегардад ва, агар ба марди дигаре оиладор шавад, ин хиёнат ҳисобида намешавад.+
4 Шумо низ, эй бародаронам, ба воситаи бадани Масеҳ барои Шариат мурдаед, то аз они дигаре шавед,+ аз они шахсе, ки аз мурдагон зинда шуд.+ Акнун мо метавонем ба Худо хизмат карда, самар орем.+ 5 Вақте ки мо аз пайи нафси худ мерафтем, Шариат аён мекард, ки дар узвҳои мо ҳавасҳои гунаҳкорона амал мекунанду самари марг ба бор меоранд.+ 6 Лекин ҳоло мо барои Шариат, ки моро дар банди худ нигоҳ медошт, мурда, аз он озод шудем,+ то на чун пештара, ба воситаи Шариат,+ балки ба таври нав, ба воситаи рӯҳ, ғуломи Худо шавем.+
7 Пас, чӣ гӯем? Магар дар Шариат камбудие ҳаст? Не, албатта! Агар Шариат намебуд, ман чӣ будани гуноҳро намефаҳмидам.+ Масалан, агар Шариат намегуфт: «Ба моли мардум чашм ало накун»,+ ман намедонистам, ки ҳавас кардани чизи дигарон нодуруст аст. 8 Лекин ба воситаи амри Шариат гуноҳ дар ман ҳар гуна ҳаваси нафсониро ба вуҷуд овард. Бе шариат бошад, гуноҳ мурда буд.+ 9 Замоне, ҳангоми ҳанӯз вуҷуд надоштани шариат, ман зинда будам, вале, вақте ки амри Шариат дода шуд, гуноҳ зинда гашту ман мурдам.+ 10 Ман фаҳмидам, ки амре, ки бояд сӯйи ҳаёт мебурд,+ ба марг мебарад. 11 Гуноҳ ба воситаи ин амр маро фиреб дод ва маро ба воситаи он кушт. 12 Вале худи Шариат муқаддас аст ва амри он низ муқаддас, дуруст ва нек аст.+
13 Пас, оё он чӣ нек аст, сабаби марги ман шуд? Не, албатта! Балки гуноҳ сабаби маргам шуд, то маълум гардад, ки гуноҳ ба воситаи он чӣ нек аст, маро сӯйи марг мебарад.+ Ҳамин тавр ба воситаи шариат то чӣ андоза бад будани гуноҳ аён гашт.+ 14 Мо медонем, ки Шариат рӯҳонист*, лекин ман ҷисмониям*, ба ғуломии гуноҳ фурӯхта шудаам.+ 15 Ман худам намефаҳмам, ки чӣ кор карда истодаам, зеро он чиро мехоҳам, намекунам, лекин он чиро бад мебинам, мекунам. 16 Вале, агар ман он чиро бикунам, ки карданашро намехоҳам, бо ин эътироф мекунам, ки Шариат хуб аст. 17 Пас, акнун кунандаи он ман нестам, балки гуноҳест, ки дар вуҷуди ман аст.+ 18 Медонам, ки дар ман, яъне дар ҷисмам, чизи неке нест, зеро хоҳиши хубӣ карданро дошта бошам ҳам, онро карда наметавонам.+ 19 Кори некеро, ки мехоҳам, намекунам, лекин кори бадеро, ки намехоҳам, мекунам. 20 Агар ман он чиро, ки намехоҳам, кунам, пас, на ман онро мекунам, балки гуноҳе, ки дар вуҷуди ман аст.
21 Хулоса, дар худ чунин қонуне пай мебарам: вақте ки дуруст рафтор кардан мехоҳам, дар худ майли бадеро пай мебарам.+ 22 Дар дилам ман аз қонуни Худо ҳаловат мебарам,+ 23 вале дар ҷисмам қонуни дигаре мебинам, ки бо қонуни ақли ман меҷангад+ ва маро асири қонуни гуноҳе месозад,+ ки дар ҷисми ман аст. 24 Вой бар ҳоли ман! Кӣ маро аз ин ҷисми гирифтори марг наҷот медиҳад? 25 Худоро шукр, ки маро ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ раҳоӣ медиҳад! Бале, бо ақли худ ман ғуломи қонуни Худо ҳастам, аммо бо ҷисми* худ ғуломи қонуни гуноҳ.+