Луқо
5 Рӯзе, вақте Исо дар назди кӯли Ҷинесор*+ каломи Худоро таълим медод, мардуме, ки суханонашро гӯш мекарданд, ӯро аз ҳар тараф фишор додан гирифтанд. 2 Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳил меистоданд ва моҳидорон аз онҳо фаромада, тӯрҳои+ худро мешустанд. 3 Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки аз они Шимъӯн буд, савор шуд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Сипас ӯ нишаста, мардумро таълим додан гирифт. 4 Ҳангоме ки ӯ суханашро ба охир расонд, ба Шимъӯн гуфт: «Қаиқро ба ҷойи чуқуртар бирон ва дар он ҷо тӯрҳои худро ба об андозед». 5 Шимъӯн дар ҷавоб гуфт: «Устод, мо тамоми шаб заҳмат кашида чизе дошта натавонистем,+ лекин ба хотири сухани ту тӯрро ба об меандозам». 6 Вақте ки аз рӯйи гуфти ӯ карданд, чунон моҳии бисёре сайд шуд, ки қариб буд тӯрҳояшон дарад.+ 7 Он гоҳ онҳо ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишора карданд, ки ба ёрдамашон оянд. Вақте онҳо омаданд, ҳамаашон якҷоя ҳар ду қаиқро аз моҳӣ пур карданд, ба тавре ки қаиқҳо қариб зери об мешуданд. 8 Инро дида Шимъӯни Петрус пеши пойи Исо афтод ва гуфт: «Ҳазратам, ман сазовор нестам, ки дар пеши ту бошам, чунки як одами гунаҳкорам». 9 Ӯ аз он сабаб чунин гуфт, ки худашу ҳамроҳонаш аз бисёрии сайдашон хеле ба ҳайрат афтода буданд. 10 Писарони Забдой+ — Яъқуб ва Юҳанно, ки шарикони Шимъӯн буданд, ҳамчунин сахт дар ҳайрат монданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, минбаъд одамони зиндаро мисли моҳӣ сайд мекунӣ».+ 11 Баъд онҳо қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳама чиро партофта, аз пайи ӯ равона шуданд.+
12 Боре чунин воқеа рӯй дод: дар яке аз шаҳрҳое, ки Исо ба он ҷо омад, марди пур аз махаве буд. Он марди махавӣ Исоро дида дар наздаш рӯй ба замин ниҳод ва илтиҷо карда гуфт: «Ҳазратам, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок гардонӣ».+ 13 Исо дасташро дароз карда, ба вай расонид ва гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!» Ҳамон дам махави ӯ нест шуд.+ 14 Исо ба он мард фармуд, ки ба касе дар ин бора гап назанад, ва илова намуд: «Рафта, худатро ба коҳин нишон деҳ ва барои покшавият, чуноне ки пайғамбар Мӯсо фармудааст, ҳадия биёр,+ то ба онҳо шаҳодат шавад».+ 15 Вале овозаи Исо торафт паҳн мешуд ва мардуми бисёре наздаш ҷамъ меомаданд, то ки суханони ӯро гӯш кунанд ва аз касалиҳои худ шифо ёбанд.+ 16 Исо бошад, барои дуо гуфтан ба ҷойҳои беодам мерафт.
17 Рӯзе Исо бо таълим додан машғул буд ва фарисиёну* муаллимони Шариат низ, ки аз тамоми деҳаҳои Ҷалилу Яҳудия ва аз Ерусалим омада буданд, дар назди ӯ менишастанду ӯ бо қудрати Яҳува одамонро шифо мебахшид.+ 18 Дар ин вақт чанд нафар як марди шалеро, ки бар бистар хобида буд, бардошта оварданд ва хостанд, ки ӯро ба хона дароварда, назди Исо гузоранд.+ 19 Вале, азбаски мардуми бисёре ҷамъ шуда буд, он мардон назди ӯ роҳ ёфта натавонистанд. Бинобар ин онҳо ба болои бом баромада, марди шалро бо бистараш рост ба поён, ба назди одамоне, ки дар пеши Исо буданд, фароварданд. 20 Имони онҳоро дида Исо ба марди шал гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуд».+ 21 Он гоҳ шариатдонон ва фарисиён ба якдигар гуфтанд: «Ӯ кист, ки суханони куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?»+ 22 Лекин Исо андешаҳои онҳоро пай бурда дар ҷавоб гуфт: «Дар бораи чӣ андеша меронед? 23 Чӣ гуфтан осонтар аст: “Гуноҳҳоят бахшида шуд” ё “Аз ҷоят хеста, роҳ гард”? 24 Лекин, то шумо бидонед, ки Фарзанди одам дар замин қудрати бахшидани гуноҳҳоро дорад...» Ӯ ба марди шал рӯ оварда, гуфт: «Ба ту мегӯям: аз ҷоят хез ва бистаратро гирифта, ба хонаат бирав».+ 25 Он мард дарҳол дар пеши онҳо аз ҷой хеста, бистари худро гирифт ва Худоро ҷалол дода, ба хонааш рафт. 26 Он гоҳ ҳама ба ҳайрат афтода Худоро ҷалол доданд ва бо тарсу ларз мегуфтанд: «Мо имрӯз чӣ чизи аҷоибе дидем!»
27 Пас аз ин ӯ аз он ҷо баромада, Левӣ ном ҷамъовари андозро дид, ки дар боҷхона* нишаста буд. Исо ба ӯ гуфт: «Биёву маро пайравӣ кун».+ 28 Ӯ ҳама чиро монда, аз ҷой хест ва аз пайи Исо рафт. 29 Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калоне дод ва шумораи зиёди ҷамъоварони андоз ва дигар одамон дар он ҷо ҳамроҳи онҳо дар сари дастархон менишастанд*.+ 30 Инро дида фарисиён ва касоне, ки аз байнашон шариатдон буданд, шикояткунон ба шогирдони ӯ гуфтанд: «Чаро шумо бо ҷамъоварони андоз ва гунаҳкорон мехӯреду менӯшед?»+ 31 Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «На тансиҳатон, балки беморон ба духтур муҳтоҷанд.+ 32 Ман барои он омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват кунам».+
33 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Шогирдони Яҳё зуд-зуд рӯза медоранд ва бо зориву илтиҷо дуо мегӯянд, шогирдони фарисиён низ ҳамин тавр мекунанд, вале шогирдони ту мехӯранду менӯшанд».+ 34 Исо ба онҳо гуфт: «Магар метавонед дӯстони домодро, ҳангоме ки ӯ бо онҳост, маҷбур кунед, ки рӯза гиранд? 35 Лекин вақте мерасад, ки домод+ аз онҳо гирифта мешавад, ва он гоҳ онҳо рӯза мегиранд».+
36 Ӯ боз ба онҳо мисоле овард: «Ҳеҷ кас порчаи матоеро аз либоси нав бурида, ба либоси куҳна дарбеҳ* намекунад, вагарна матои нав аз либоси куҳна канда мешавад ва дигар ба он мувофиқ намеояд.+ 37 Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навро ба машки* куҳна намерезад, вагарна шароби нав машкро медарронад ва аз он мерезад, машк бошад, корношоям мегардад. 38 Лекин шароби нав бояд ба машки нав рехта шавад. 39 Ҳеҷ кас баъди нӯшидани шароби куҳна шароби навро нӯшидан намехоҳад, зеро мегӯяд, ки шароби куҳна хуб аст».