Яъқуб
2 Эй бародаронам, агар ба ҳама бо як чашм нанигаред, магар гуфтан мумкин аст, ки шумо ба Ҳазрати пурҷалоламон Исои Масеҳ имон доред?+ 2 Масалан, вақте ба ҷамъомади шумо шахсе бо ангуштаринҳои тиллову либоси қиматбаҳо меояд ва ҳамчунин камбағале бо либоси куҳнаи дарида меояд, 3 шумо касеро, ки дар тан либоси қиматбаҳо дорад, бештар иззат карда, мегӯед: «Марҳамат, аз боло гузаред», ба камбағал бошад, мегӯед: «Ту дар ин ҷо ист» ё «Аз поён, дар рӯйи замин шин»*.+ 4 Магар бо ин коратон шумо як касро аз каси дигар боло намегузоред*+ ва ба доварони бадкор монанд намешавед?+
5 Гӯш кунед, эй бародарони азизам: магар Худо онҳоеро, ки дар назари ҷаҳон камбағаланд, интихоб накардааст, то онҳо дар имон бой гарданд+ ва ворисони Подшоҳие шаванд, ки ӯ ба дӯстдорони худ ваъда додааст?+ 6 Шумо бошед, одами камбағалро паст мезанед. Магар ҳамин сарватдорон нестанд, ки ба шумо ҷабр мекунанд+ ва шуморо ба додгоҳҳо мекашанд? 7 Оё онҳо дар ҳаққи номи неке, ки ба шумо дода шудааст, суханони носазо намегӯянд? 8 Агар шумо шариати шоҳонаро, ки дар Навиштаҳо омадааст, иҷро кунед, яъне мувофиқи амри «ёри худро мисли худ дӯст дор»+ амал намоед, кори хубе мекунед. 9 Лекин, агар минбаъд низ якеро аз дигаре боло гузоред,+ гуноҳ мекунед ва аз рӯйи шариат айбдор карда мешавед.+
10 Агар касе тамоми Шариатро иҷро кунаду як амрро вайрон кунад, ӯ гӯё тамоми Шариатро вайрон кардааст.+ 11 Охир, Оне, ки «ба ҳамсарат хиёнат накун»+ гуфтааст, ҳамчунин гуфтааст, ки «одам накуш».+ Бинобар ин, агар ту ба ҳамсарат хиёнат накунӣ, лекин одам кушӣ, вайронкори шариат мегардӣ. 12 Пас, мисли онҳое гап занеду рафтор кунед, ки аз рӯйи шариати одамони озод* доварӣ карда мешаванд.+ 13 Касе, ки раҳм намекунад, ба ӯ низ дар вақти доварӣ раҳм карда намешавад.+ Раҳм бар доварӣ ғолиб меояд.
14 Эй бародаронам, агар касе «ман имон дорам» гӯяду амал надошта бошад, аз ин чӣ фоида?+ Магар чунин имон ӯро наҷот дода метавонад?+ 15 Агар бародар ё хоҳаре ба либос ва ризқу рӯзӣ муҳтоҷ бошад 16 ва касе аз шумо ба ӯ «Хайр, нағз рав! Рафта, гарм шав ва шикаматро сер кун» гӯяду чизеро, ки ба он муҳтоҷ аст, надиҳад, аз ин чӣ фоида?+ 17 Ба ин монанд, имон низ, агар амал надошта бошад, мурда аст.+
18 Шояд, касе бигӯяд: «Ту имон дорӣ, аммо ман амал дорам. Имони беамалатро ба ман нишон деҳ, ман бошам, имони худро бо амалам ба ту нишон медиҳам». 19 Оё ту бовар дорӣ, ки танҳо як Худо вуҷуд дорад? Хеле хуб. Девҳо низ ба ин бовар доранд ва меларзанд.+ 20 Лекин, эй одами бефаҳм, оё мехоҳӣ бовар ҳосил кунӣ, ки имон бе амал фоидае надорад? 21 Магар падарамон Иброҳим, вақте ки писараш Исҳоқро бар қурбонгоҳ гузошт, аз рӯйи корҳояш росткор ҳисобида нашуд?+ 22 Чи хеле ки мебинӣ, ӯ ҳам имон дошту ҳам амал ва имони ӯ ба воситаи корҳояш комил гашта буд.+ 23 Бинобар ин дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Иброҳим ба Яҳува имон овард ва барои ин кораш росткор шумурда шуд»,+ ва ӯ дӯсти Яҳува ном гирифт.+
24 Чи хеле ки мебинед, одам на фақат аз рӯйи имон, балки аз рӯйи корҳояш низ росткор ҳисобида мешавад. 25 Мисли ин, магар Роҳоби фоҳиша низ аз рӯйи корҳояш, вақте ки хабаррасононро меҳмоннавозӣ карду онҳоро бо роҳи дигар фиристод, росткор ҳисобида нашуд?+ 26 Бале, чи тавре ки ҷисм бе рӯҳ* мурда аст,+ ҳамон тавр имон низ бе амал мурда аст.+