Забур
Таронаи Довуд. Маскил*.
32 Хушбахт аст касе, ки ҷинояташ бахшида ва гуноҳаш рӯпӯш шудааст.+
Қувватам мисли об дар гармои тобистон хушк шудааст. (Село)
6 Аз ин рӯ, то даме туро пайдо кардан мумкин аст,+
Ҳар бандаи бовафоят ба ту дуо хоҳад гуфт+
Ва селоб ба вай нахоҳад расид.
Маро халос мекунӣ ва бо нидоҳои шодӣ иҳота менамоӣ.+ (Село)
8 Ту мегӯӣ: «Туро ақлу фаҳм мебахшам ва ба роҳе, ки бояд биравӣ, ҳидоят мекунам.+
Туро насиҳат медиҳам, чашмам бар туст.+
9 Мисли асп ё хачир бефаҳм набошед,+
Зеро ин ҳайвонҳои беқарор, то даме ки ҷилаву лаҷомашонро накашӣ, пешат намеоянд».
11 Эй росткорон, аз корҳои Яҳува шодию хурсандӣ кунед.
Нидоҳои шодӣ бароред, эй ҳамаи покдилон.