Забур
106 Ёҳро* ситоиш кунед!
Яҳуваро шукр гӯед, зеро ӯ некуст.+
Меҳру вафои ӯ то абад аст.+
2 Кӣ метавонад қудрати Яҳуваро ба пуррагӣ васф намояд
Ё ҳама корҳои лоиқи ҳамду санояшро эълон кунад?+
3 Хушбахтанд касоне, ки аз рӯйи инсоф амал мекунанд
Ва ҳамеша одилона рафтор менамоянд.+
4 Эй Яҳува, вақте ба халқат марҳамат кунӣ, маро ба хотир ор.+
Ғами маро хӯрда маро наҷот деҳ,
5 То ман низ мисли бандагони хушкардаат аз некуии ту баҳра барам,+
Ҳамроҳи халқат шодӣ кунам
Ва бо ифтихор дар миёни мулкат туро ситоиш намоям.
7 Бобоёни мо дар Миср ба корҳои аҷоиби ту сарфаҳм нарафтанд*.
Онҳо меҳру вафои фаровони туро ба ёд наоварданд,
Балки назди баҳр, баҳри Сурх, исён бардоштанд.+
9 Ӯ баҳри Сурхро сарзаниш кард ва он хушк шуд,
Ӯ халқашро аз қаъри баҳр, мисли он ки аз биёбон бошад, гузаронд.+
11 Об мухолифони онҳоро пӯшонид,
Ҳеҷ яке аз онҳо зинда намонд.+
13 Вале корҳояшро ба зудӣ фаромӯш карданд,+
Маслиҳати ӯро интизор нашуданд.
15 Ӯ он чиро, ки хостанд, ба онҳо дод,
Аммо сипас онҳоро ба беморие гирифтор намуд, ки аз он лоғар шуда, мемурданд.+
17 Сипас замин кушода шуда, Дотонро фурӯ бурд
Ва тӯдаеро, ки бо Абиром буд, пӯшонд.+
18 Оташ дар миёни ҷамоати онҳо аланга зад
Ва алов бадкоронро фурӯ бурд.+
19 Онҳо дар Ҳӯриб гӯсола сохтанд
Ва ба бути рехта саҷда бурданд.+
20 Ҷалоли маро ба сурати гове, ки алаф мехӯрад, иваз карданд,+
21 Худоро, Наҷотдиҳандаашонро, аз ёд бурданд,+
Худоеро, ки дар Миср корҳои бузург,+
22 Дар замини Ҳом корҳои аҷоиб+
Ва дар баҳри Сурх корҳои ҳайратангез ба амал оварда буд.+
23 Ӯ қариб буд, ки амри нобуд кардани онҳоро барорад,
Аммо Мӯсо, интихобшудаи Худо, пеши ӯ зорӣ кард,
То ғазаби ҳалокатовараш паст гардад.+
26 Аз ин рӯ ӯ дасти худро бардошта қасам хӯрд,
Ки онҳоро дар биёбон нобуд месозад,+
27 Наслашонро дар миёни халқҳо нест мекунад
Ва дар заминҳои гуногун пароканда месозад.+
30 Аммо вақте Финҳос бархоста, дахолат намуд,
Вабо бас шуд.+
31 Ӯ барои ин кораш росткор шумурда шуд —
Аз насл ба насл, то абад.+
34 Онҳо ба амри Яҳува гӯш надоданд+
Ва халқҳоро нобуд накарданд,+
35 Балки бо онҳо ҳамранг шуданд+
Ва роҳу равишашонро аз худ карданд.+
36 Бутҳои онҳоро парастиш мекарданд+
Ва онҳо барояшон дом гардиданд,+
37 Писарону духтарони худро ба девҳо қурбон мекарданд,+
38 Хуни бегуноҳ, хуни писарону духтаронашонро, мерехтанд,+
Онҳоро барои бутҳои Канъон қурбонӣ мекарданд+
Ва замин аз хун олудаву нопок шуд.
40 Аз ин рӯ ғазаби Яҳува бар халқаш аланга зад
Ва ӯ аз мулки худ нафрат кард.
42 Душманон онҳоро ба танг меоварданд
Ва онҳо зери дасти душманон гардан мефуроварданд.
43 Ӯ борҳои зиёд онҳоро халос кард,+
Аммо онҳо боз исёну саркашӣ мекарданд+
Ва аз барои гуноҳашон хору зор мешуданд.+
45 Ба хотири онҳо ӯ аҳдашро ба ёд меовард
Ва аз рӯйи меҳру вафои бепоёнаш дилаш ба онҳо месӯхт.+
46 Ӯ тавре мекард, ки ҳамаи асиркунандагон бар онҳо раҳм кунанд.+
47 Эй Худоямон Яҳува, моро наҷот деҳ+
Ва моро аз миёни халқҳо ҷамъ овар,+
То номи покатро ба забон оварда, туро шукр гӯем
Ва аз васфу ситоиши ту шод гардем.+
48 Яҳува, Худои Исроилро,
Аз азал то абад ҳамду сано бод!+
Бигзор тамоми мардум бигӯяд: «Омин!»
Ёҳро* ситоиш кунед!