Панднома
6 Эй писарам, агар кафили* ёри худ шавӣ+
Ва барои бегонае дасти паймон диҳӣ,+
2 Агар бо ваъдаи худ ба дом афтода бошӣ
Ва аз забони худ дар бало монда бошӣ,+
3 Пас, ба дасти ёрат афтодаӣ.
Эй писарам, чунин карда, худро раҳо намо:
Бирав ва ғуруратро шикаста, пеши ёри худ зорию илтиҷо кун.+
4 Ба чашмонат хобро роҳ надеҳ
Ва мижа таҳ накун.
5 Худро монанди ғизол аз дасти шикорчӣ
Ва мисли паранда аз дасти сайёд раҳо намо.
6 Эй танбал,+ назди мӯрча бирав,
Рафтори онро биомӯз ва бохирад шав.
7 Ҳарчанд он фармондеҳ, сардор ва ё ҳоким надорад,
8 Хӯроки худро тобистон тайёр мекунад+
Ва ғизояшро дар мавсими ғунучини ҳосил захира менамояд.
9 Эй танбал, то кай дароз мекашӣ?
Кай аз хобат мехезӣ?
10 Андак хоб, андак ғанаб,
Андак даст дар бағал хобидан,+
11 Ва камбағалии ту мисли роҳзану
Муҳтоҷият мисли силоҳдоре меояд.+
12 Шахси нобакору бадкор каҷгуфторӣ карда мегардад,+
13 Ӯ чашмак мезанад,+ бо пояш ишора менамояд
Ва бо ангуштонаш имо мекунад.
15 Аз ин рӯ ба сари ӯ балои ногаҳонӣ меояд,
Дар як лаҳза ба шикаст дучор мешавад
Ва дигар шифо намеёбад.+
16 Шаш чизро Яҳува бад мебинад
Ва ҳафт чизро чашми дидан надорад:
17 Чашмони ҳавобаланд,+ забони дурӯғгӯй+ ва дастонеро, ки хуни ноҳақ мерезанд,+
18 Дилеро, ки қасди бад мепарварад,+ ва пойҳоеро, ки сӯйи бадӣ мешитобанд,
19 Шоҳиди дурӯғгӯеро, ки ягон гапи рост намегӯяд,+
20 Эй писарам, амри падаратро ба ҷо ор
Ва аз дастури модарат сар напеч.+
21 Онҳоро бар дилат якумрӣ бибанд
Ва бар гарданат биовез.
22 Вақте роҳ равӣ, он туро раҳнамоӣ мекунад,
Вақте хоб равӣ, он туро нигаҳбонӣ менамояд,
Вақте бедор шавӣ, он бо ту сухан мегӯяд,
23 Зеро ки амр чароғ аст,+
Дастур рӯшноист+
Ва насиҳати адабомӯз роҳест сӯйи ҳаёт.+
25 Зебогии ӯро дар дилат ҳавас накун,+
Асири чашмони дилфиребаш нашав,
26 Чунки аз пушти фоҳиша кас ба як бурда нон зор мешавад+
Ва зани марди бегона дар қасди ҷони ширин аст.
27 Оё мумкин аст, ки кас оташро дар бағал гираду либосаш насӯзад?+
28 Ё бар лахчаҳои тафсон роҳ раваду пояшро насӯзонад?
29 Чунин аст ҳоли касе, ки ба зани ёри худ наздик мешавад,
Ҳар касе ба ӯ даст расонад, бе ҷазо намемонад.+
30 Агар гуруснае барои сер кардани шикамаш дуздӣ кунад,
Аз вай нафрат намекунанд,
31 Аммо ба даст ки афтад, ҳафтчандон бозмедиҳад,
Ӯ ҳама чизи пурқимати хонаашро бароварда медиҳад.+
32 Касе, ки бо зане зино кунад, беақл аст,
Ҳар кӣ чунин кунад, ҷони худро барбод медиҳад.+
33 Азобу шармандагӣ насиби ӯ мегардад,+
Доғи расвоии ӯ тоза намешавад,+
34 Зеро рашк шавҳарро девона месозад,
Ӯ ҳангоми қасосгирӣ раҳм намекунад.+
35 Ӯ ҳеҷ гуна товонро қабул наменамояд
Ва чӣ қадар туҳфаи калон ки надиҳӣ, ором намешавад.