1 Подшоҳон
23 Чанде пас ба Довуд хабар доданд: «Фалиштиён бо сокинони Қаило+ меҷанганд ва хирмангоҳҳоро ғорат мекунанд». 2 Довуд аз Яҳува пурсид:+ «Оё рафта, ин фалиштиёнро торумор кунам?» Яҳува ба Довуд ҷавоб дод: «Бирав ва фалиштиёнро торумор карда, Қаилоро наҷот деҳ». 3 Аммо одамони Довуд ба ӯ гуфтанд: «Мо дар ин ҷойи Яҳудо метарсему+ чӣ хел ба Қаило рафта, бо лашкари фалиштиён ҷанг мекунем?!»+ 4 Довуд як бори дигар аз Яҳува пурсид+ ва Яҳува ба ӯ ҷавоб дода гуфт: «Бархез ва ба Қаило фаро, зеро ман фалиштиёнро ба дасти ту месупорам».+ 5 Довуд бо одамонаш ба Қаило рафта, бо фалиштиён ҷанг кард ва чорвои онҳоро бурд. Ӯ бисёре аз фалиштиёнро кушт ва сокинони Қаилоро наҷот дод.+
6 Вақте Абётори+ писари Аҳималик гурехта, ба назди Довуд, ба Қаило, омад, пешбандро бо худ овард. 7 Ба Шоул гуфтанд: «Довуд ба Қаило омадааст». Шоул гуфт: «Худо ӯро ба дасти ман супорид*,+ зеро ӯ ба шаҳри дарвозаву ғалақадор даромада, худро ба дом андохт». 8 Шоул тамоми халқро ба ҷанг даъват кард, то ба Қаило фаромада, Довуд ва одамонашро муҳосира кунад. 9 Вақте Довуд фаҳмид, ки Шоул бар зидди ӯ нияти баде дорад, ба Абётори коҳин гуфт: «Пешбандро ин ҷо биёр».+ 10 Он гоҳ Довуд гуфт: «Эй Яҳува, Худои Исроил, бандаат шунид, ки Шоул ният дорад ба Қаило омада, шаҳрро аз барои ман нобуд созад.+ 11 Оё сарварони* Қаило маро ба дасти ӯ месупоранд? Оё Шоул, чи тавре ки бандаат шунидааст, поён мефарояд? Эй Яҳува, Худои Исроил, илтимос, ба бандаат бигӯ». Яҳува ҷавоб дод: «Бале, мефарояд». 12 Довуд пурсид: «Оё сарварони Қаило ману одамонамро ба дасти Шоул месупоранд?» Яҳува гуфт: «Месупоранд».
13 Довуд даррав бархоста, бо одамонаш, ки тақрибан 600 нафар буданд,+ аз Қаило баромад ва, ба ҷойҳое ки рафта метавонист, равона шуд. Вақте ба Шоул гуфтанд, ки Довуд аз Қаило гурехт, вай аз паси ӯ сур накард. 14 Довуд дар ҷойҳои дастнораси биёбон, дар кӯҳистони биёбони Зиф,+ меистод. Шоул дар пайи Довуд буд,+ аммо Яҳува ӯро ба дасти вай намесупурд. 15 Довуд фаҳмид*, ки Шоул қасди ҷони ӯро карда ба ҷустуҷӯяш баромадааст. Он вақт Довуд дар биёбони Зиф, дар Ҳӯршо, буд.
16 Юнотони писари Шоул ба назди Довуд, ба Ҳӯршо, омад ва ӯро дилпур кард, ки Яҳува ӯро намепартояд.+ 17 Юнотон ба ӯ гуфт: «Натарс, чунки падарам Шоул туро намеёбад. Ту дар Исроил подшоҳ мешавӣ+ ва ман пас аз ту дуюмин хоҳам буд. Падарам Шоул низ инро медонад».+ 18 Сипас ҳар дуи онҳо дар пеши Яҳува аҳд бастанд+ ва Довуд дар Ҳӯршо монду Юнотон ба хонаи худ рафт.
19 Чанде пас мардони Зиф ба назди Шоул, ба Ҷибъо,+ баромада, гуфтанд: «Довуд дар назди мо, дар ҷойҳои дастнораси Ҳӯршо,+ дар теппаи Ҳакило,+ ки дар ҷануби* Ешимӯн*+ аст, пинҳон шудааст.+ 20 Эй подшоҳ, ҳар вақте ки хоҳӣ, поён фаро ва мо ӯро ба дасти шоҳ месупорем».+ 21 Шоул гуфт: «Яҳува шуморо баракат диҳад, зеро дилатон ба ман сӯхт. 22 Илтимос, рафта, аниқ кунед, ки ӯ дар куҷост ва кӣ ӯро дар он ҷо дидааст, зеро ба ман гуфтанд, ки ӯ хеле маккор аст. 23 Фаҳмед, ки ҳар як паноҳгоҳи ӯ дар куҷост, ва бо маълумоти аниқ назди ман биёед. Он гоҳ ман бо шумо меравам ва, агар ӯ дар ин сарзамин бошад, ӯро дар миёни ҳамаи авлодҳои* Яҳудо ҷустуҷӯ мекунам».
24 Онҳо аз он ҷо пешопеши Шоул ба Зиф+ рафтанд. Довуд он вақт дар биёбони Моӯн,+ дар Аробо,+ дар ҷануби Ешимӯн, буд. 25 Шоул низ ҳамроҳи одамонаш ба ҷустуҷӯйи Довуд рафт.+ Довуд аз ин хабардор шуда зуд ба кӯҳе, ки дар биёбони Моӯн аст, фаромад+ ва дар он ҷо монд. Вақте инро ба Шоул гуфтанд, ӯ аз паси Довуд сур карда, ба биёбони Моӯн рафт. 26 Вақте ки Шоул ба як тарафи кӯҳ омад, Довуд ва одамонаш дар тарафи дигари кӯҳ буданд. Довуд саросемавор аз Шоул мегурехт,+ Шоулу одамонаш бошанд, ба Довуд ва ҳамроҳонаш наздик мешуданд, то ӯро дастгир кунанд.+ 27 Он вақт хабаррасоне назди Шоул омада, гуфт: «Зудтар биё, зеро фалиштиён ба сарзамини мо ҳуҷум карданд!» 28 Инро шунида Шоул сур кардани Довудро бас кард+ ва бар зидди фалиштиён баромад. Аз ин рӯ он ҷоро кӯҳи Ҷудоӣ номиданд.
29 Пас аз ин Довуд аз он ҷо рафта, дар ҷойҳои дастнораси Эйн-Ҷадӣ+ ҷойгир шуд.