Қӯлассиён
2 Мехоҳам дарк кунед, ки чӣ сахт аст муборизаи ман барои шумо, аҳли Лудкия+ ва ҳамаи онҳое, ки маро надидаанд. 2 Ҳамааш барои он аст, ки дили онҳо тасаллӣ ёбад+ ва онҳо бо муҳаббат ба якдигар бипайванданду+ тамоми сарватеро, ки аз фаҳмиши аниқу равшан бармеояд, соҳиб гарданд, то дар бораи сирри муқаддаси Худо, яъне Масеҳ, дониши дақиқ ба даст оранд.+ 3 Дар ӯ ҳамаи ганҷҳои хираду дониш ниҳон аст.+ 4 Инро мегӯям, то ҳеҷ кас шуморо бо далелҳои моҳирона фиреб надиҳад. 5 Гарчанд ман ҷисман бо шумо нестам, хаёлан* бо шумоям ва хурсандам, ки дар байнатон тартибу интизом ҳукмфармост+ ва шумо ба Масеҳ имони қавӣ доред.+
6 Бинобар ин шумо, ки Ҳазратамон Исои Масеҳро қабул кардаед, минбаъд низ бо ӯ якдил бошеду ӯро пайравӣ кунед 7 ва, чуноне ки таълим гирифтаед, дар ӯ реша давонда, обод гардед+ ва дар имон устувор шаведу+ шукри зиёд гӯед.+
8 Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо бо фалсафа ва суханони хушку холии фиребанда асир нагардонад*.+ Ин чизҳо бар урфу одатҳои инсонӣ ва фикру ақидаҳои ҷаҳон асос меёбанд, на бар таълимоти Масеҳ, 9 ки тамоми сифатҳои Худо ба таври комил маҳз дар ӯ аёнанд*.+ 10 Шумо низ ба воситаи ӯ, ки сардори ҳамаи ҳукуматҳову қудратҳост, камолотро ба даст овардед*.+ 11 Шумо ба воситаи ӯ хатна шудаед, вале ин хатнаи шумо на бо дасти одамист, балки аз тан кашидани ҷисми гунаҳкор аст,+ зеро хизматгорони Масеҳ бояд ҳамин тавр хатна шаванд.+ 12 Шумо, ки дар таъмиди* ӯ ҳамроҳаш гӯронда шудед,+ ҳамчунин ба воситаи ӯ ва имон ба корҳои бузурги Худо, ки ӯро аз мурдагон зинда кард,+ ҳамроҳаш зинда гаштед.+
13 Беш аз ин, Худо шуморо, ки дар хатоҳои худ мурда будеду ҷисматон бехатна буд, бо ӯ зинда кард.+ Ӯ ҳамаи хатоҳоямонро бо меҳрубонӣ бахшид+ 14 ва дастнависеро, ки аз амрҳо иборат буд+ ва бар зидди мо амал мекард,+ бекор намуд.+ Ӯ онро ба сутуни азоб* мехкӯб карда, аз миён бардошт.+ 15 Худо ба воситаи он сутун* ҳукуматҳову қудратҳоро бараҳна кард ва онҳоро асир гардонда, дар пеши ҳама шармсор карду нишон дод, ки бар онҳо ғолиб омадааст.+
16 Бинобар ин нагузоред, ки касе шуморо барои хӯрдан, нӯшидан+ ё дар хусуси ҷашн гирифтани ягон иду навмоҳ+ ё риояи рӯзи шанбе айбдор кунад.+ 17 Ҳамаи инҳо сояи чизҳои ояндаанд,+ аммо он чӣ воқеист, Масеҳ аст.+ 18 Бигзор касе, ки хоксории сохта ва ибодати фариштагонро дӯст дошта, бар чизҳои дидааш «сахт меистад»*, шуморо аз мукофот маҳрум насозад.+ Чунин кас бо фикрронии ҷисмонияш бесабаб мағрур гашта, 19 пайвандашро бо сар нигоҳ надоштааст,+ ҳол он ки ба воситаи сар тамоми бадан таъмин мегардаду бо буғумҳову рагу пай ба хубӣ мепайвандад ва бо афзоише, ки Худо медиҳад, афзоиш меёбад.+
20 Агар шумо ҳамроҳи Масеҳ барои фикру ақидаҳои ин ҷаҳон мурда бошед,+ пас, чаро тавре зиндагӣ мекунед, ки гӯё то ҳол қисми ин ҷаҳон ҳастед?+ Чаро ба амрҳои 21 «даст назан, начаш, нарас» итоат мекунед? 22 Ин амрҳо дастуру таълими инсониянд ва ба чизҳое ишора мекунанд, ки пас аз истифода нест мешаванд.+ 23 Ҳамаи инҳо ибодати худсохт, хоксории сохта ва озори ҷисманд+ ва аз рӯйи хирад тобанд ҳам, дар мубориза бо нафс бефоидаанд.