4 Подшоҳон
16 Дар соли 17-уми Фақаҳи писари Рамалёҳу́ Оҳози+ писари Ютоми шоҳи Яҳудо подшоҳ гашт. 2 Оҳоз дар 20-солагиаш подшоҳ шуд ва 16 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Ӯ он чиро, ки дар назари Худояш Яҳува дуруст буд, ба амал наовард ва мисли бобояш Довуд рафтор накард,+ 3 балки аз пайи подшоҳони Исроил рафт.+ Ӯ ба корҳои ҳароми халқҳое, ки Яҳува аз пеши исроилиён ронда буд, пайравӣ намуда+ писарашро дар оташ қурбон кард*.+ 4 Ӯ ҳамчунин бар баландиҳо,+ теппаҳо ва зери ҳар дарахти сершоху барг+ қурбонӣ оварда дуд мекард.
5 Он вақт Расини шоҳи Арам* ва Фақаҳи писари Рамалёҳуи шоҳи Исроил баромада, бар зидди Ерусалим ҷангиданӣ шуданд.+ Онҳо Оҳозро муҳосира карданд, аммо шаҳрро забт карда натавонистанд. 6 Дар он айём Расини шоҳи Арам Эйлатро+ ба Адӯм баргардонда, яҳудиёнро* аз он ҷо ронд. Адӯмиён ба Эйлат омаданд ва то имрӯз дар он сокинанд. 7 Оҳоз назди Тиҷлат-Филосари+ шоҳи Ошур хабаррасононро фиристода, гуфт: «Ман бандаи ту ва писари туям. Биё ва маро аз дасти шоҳи Арам ва шоҳи Исроил, ки ба ман ҳамла меоранд, наҷот деҳ». 8 Пас аз ин Оҳоз нуқраву тиллоеро, ки дар хонаи Яҳува ва ганҷинаҳои қасри подшоҳ ёфт шуд, гирифта, ҳамчун пора ба шоҳи Ошур фиристод.+ 9 Подшоҳи Ошур хоҳиши ӯро иҷро карда, бар зидди Димишқ баромад ва онро забт намуду мардумашро асир карда, ба Қир бурд,+ Расинро бошад, ба қатл расонд.+
10 Пас аз ин шоҳ Оҳоз ба назди Тиҷлат-Филосари шоҳи Ошур ба Димишқ рафт. Шоҳ Оҳоз қурбонгоҳи Димишқро дида, нақшаи онро ба Уриёи коҳин фиристод, то шаклу сохташро ба ӯ нишон диҳад.+ 11 Уриёи+ коҳин мувофиқи тамоми дастуроте, ки шоҳ Оҳоз аз Димишқ ба ӯ фиристод, қурбонгоҳ сохт.+ Ӯ сохтани қурбонгоҳро, пеш аз он ки шоҳ Оҳоз аз Димишқ биёяд, ба охир расонд. 12 Вақте подшоҳ аз Димишқ баргашт, қурбонгоҳро дид ва наздик шуда, бар он қурбонӣ овард.+ 13 Ӯ бар он қурбонгоҳ қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ғалла оварда дуд кард ва ҳамчунин ҳадияҳои рехтаниро бар он рехта, хуни қурбониҳои осоиштагиро бар он пошид. 14 Пас аз ин ӯ қурбонгоҳи мисинро,+ ки ба ҳузури Яҳува меистод, аз ҷояш, яъне аз пеши хона, аз байни қурбонгоҳи худаш ва хонаи Яҳува, гирифта, аз тарафи шимолии қурбонгоҳи худ гузошт. 15 Шоҳ Оҳоз ба Уриёи+ коҳин чунин фармуд: «Қурбонии сӯхтании саҳарӣ ва ҳадияи ғаллаи шом,+ қурбонии сӯхтании шоҳ ва ҳадияи ғаллаи ӯ, ҳамчунин қурбониҳои сӯхтанӣ, ҳадияҳои ғалла ва ҳадияҳои рехтании тамоми мардумро бар ин қурбонгоҳи азим оварда, дуд кун.+ Тамоми хуни қурбониҳои сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳоро низ бар он бипош. Дар бораи бо қурбонгоҳи мисин чӣ кор кардан бошад, ман баъдтар фикр мекунам». 16 Уриёи коҳин ҳар он чиро, ки шоҳ Оҳоз фармуд, ба ҷо овард.+
17 Беш аз ин, шоҳ Оҳоз лавҳаҳои паҳлуҳои аробаҳоро+ бурида, пора-пора кард ва тосҳоро+ аз болои онҳо гирифт. Ӯ ҳамчунин Баҳрро аз болои буққаҳои мисине,+ ки дар тагаш меистоданд, гирифта, ба замини сангфарш гузошт.+ 18 Ӯ аз тарси шоҳи Ошур боми айвонеро, ки барои рӯзи шанбе дар ибодатгоҳ сохта шуда буд, биканд ва даромадгоҳро, ки подшоҳ бо он ба хонаи Яҳува дохил мешуд, маҳкам кард.
19 Воқеаҳои дигари ҳаёти Оҳоз, корҳои ӯ, дар таърихномаи шоҳони Яҳудо навишта шудааст.+ 20 Оҳоз ором гирифта бо бобоёни худ хобид ва бо падаронаш дар Шаҳри Довуд гӯронда шуд. Ба ҷойи ӯ писараш Ҳизқиё*+ подшоҳ шуд.