4 Подшоҳон
18 Дар соли сеюми Ҳушаи+ писари Элои шоҳи Исроил Ҳизқиёи+ писари Оҳози+ шоҳи Яҳудо подшоҳ шуд. 2 Ӯ дар 25-солагиаш подшоҳ шуд ва 29 сол дар Ерусалим ҳукмронӣ кард. Модари ӯ Абии* духтари Закарё буд.+ 3 Ҳизқиё он чиро, ки дар назари Яҳува дуруст буд, ба амал меовард,+ ҳамон тавре ки бобояш Довуд мекард.+ 4 Ӯ ҳамон шахсе буд, ки баландиҳоро барҳам дод,+ сутунҳоеро, ки мепарастиданд, шикаст ва Ашераро* бурид.+ Ӯ ҳамчунин мори мисинеро, ки Мӯсо сохта буд,+ майда-майда кард, зеро то он рӯз халқи Исроил пеши вай қурбонӣ сӯзонда дуд мекард ва онро бути мори мисин* меномид. 5 Ӯ ба Яҳува, Худои Исроил, таваккал мекард+ ва дар миёни тамоми подшоҳони Яҳудо, ки баъд аз ӯ ва пеш аз ӯ буданд, касе мисли ӯ набуд. 6 Ӯ ба Яҳува часпида,+ аз ӯ дур намешуд ва амрҳоеро, ки Яҳува ба Мӯсо дода буд, риоя мекард. 7 Яҳува бо ӯ буд ва, ҳар ҷое ки ӯ мерафт, бохирадона амал мекард. Ӯ бар зидди шоҳи Ошур исён бардошт ва дигар ба вай хизмат накард.+ 8 Ӯ ҳамчунин фалиштиёнро то Ғазза ва маҳалҳои атрофи он, аз бурҷи* дидбонӣ то шаҳри ҳисордор*, шикаст дод.+
9 Дар соли чоруми шоҳ Ҳизқиё, яъне дар соли ҳафтуми Ҳушаи+ писари Элои шоҳи Исроил Шалманосари шоҳи Ошур ба Сомария лашкар кашида, онро муҳосира намуд.+ 10 Дар соли шашуми Ҳизқиё, яъне дар соли нуҳуми Ҳушаи шоҳи Исроил, дар охири се соли муҳосира, Сомарияро забт карданд.+ 11 Сипас подшоҳи Ошур исроилиёнро асир карда,+ ба Ошур бурд ва онҳоро дар Ҳалаҳ ва Ҳобӯр, дар назди дарёи Ҷӯзон, ва дар шаҳрҳои Модай сокин кард.+ 12 Ин барои он рӯй дод, ки онҳо Худояшон Яҳуваро гӯш накарданд ва аҳди ӯро, ҳар он чиро, ки Мӯсои бандаи Яҳува фармуда буд, поймол намуданд.+ Онҳо ба суханони ӯ гӯш надоданд ва онҳоро иҷро накарданд.
13 Дар соли 14-уми шоҳ Ҳизқиё Санҳериби подшоҳи Ошур+ ба тамоми шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо лашкар кашида, онҳоро забт намуд.+ 14 Он гоҳ Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо ба подшоҳи Ошур, ки дар Локиш буд, чунин хабар фиристод: «Ман хато кардам. Ақиб нишин ва ман ҳар он чизеро, ки ба гарданам бор кунӣ, ба ту медиҳам». Подшоҳи Ошур аз Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо 300 киккар* нуқра ва 30 киккар тилло талаб кард. 15 Ҳизқиё тамоми нуқраеро, ки дар хонаи Яҳува ва ганҷинаҳои қасри подшоҳ ёфт шуд, дод.+ 16 Он вақт Ҳизқиёи шоҳи Яҳудо дарҳои ибодатгоҳи Яҳува+ ва паҳлудариҳоеро, ки бо тилло рӯкаш карда буд, канда,+ тиллояшро ба шоҳи Ошур дод.
17 Шоҳи Ошур тартон*, рабсорис* ва рабшоқе́ро* бо лашкари сершуморе аз Локиш+ ба назди шоҳ Ҳизқиё, ба Ерусалим, фиристод.+ Онҳо ба Ерусалим омада, дар назди новаи ҳавзи боло, ки дар сари роҳи саҳрои шустагарон аст, ҷойгир шуданд.+ 18 Вақте онҳо подшоҳро фарёд карданд, Элёқими+ писари Ҳилқиёҳу — нозири қаср, Шебнои+ котиб ва Юоҳи таърихнависи писари Осаф ба наздашон баромаданд.
19 Он гоҳ рабшоқе́ ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: “Подшоҳи бузург, шоҳи Ошур, чунин мегӯяд: “Ту ба чӣ таваккал мекунӣ?+ 20 Ту мегӯӣ: “Ман барои ҷанг нақшаи хуб ва қувва дорам”. Аммо ин гапи хушку холӣ аст. Ту ба кӣ таваккал карда, ҷуръат намудӣ, ки бар зидди ман исён бардорӣ?+ 21 Ту ба Миср, ба қамиши шикастае, таваккал мекунӣ,+ ки кас ба он такя кунад, ба дасташ халида, онро шикоф мекунад. Фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое, ки ба ӯ таваккал мекунанд, чунин аст. 22 Агар шумо ба ман бигӯед: “Мо ба Худоямон Яҳува таваккал мекунем”,+ магар Ҳизқиё баландиҳо ва қурбонгоҳҳои ӯро шикаста,+ ба Яҳудо ва Ерусалим нагуфтааст: “Шумо бояд пеши ин қурбонгоҳ дар Ерусалим саҷда баред”?”+ 23 Биё бо хоҷаам подшоҳи Ошур шарт бибанд: агар ба ту 2000 асп диҳам, оё бар онҳо савора меёбӣ?+ 24 Оё ту, ки ба аробаву савораҳои Миср таваккал мекунӣ, ҳатто ба як ҳокиме, ки бандаи камтарини хоҷаи ман аст, муқобилат карда метавонӣ? 25 Магар хости Яҳува ҳамин набуд, ки ман лашкар кашида, ин маконро нобуд созам? Охир, худи Яҳува ба ман гуфтааст: “Бар зидди он замин лашкар бикаш ва онро хароб кун”».
26 Он гоҳ Элёқими писари Ҳилқиёҳу, Шебно+ ва Юоҳ ба рабшоқе́+ гуфтанд: «Илтимос, бо бандагонат ба забони арамӣ*+ гап зан, зеро мо онро мефаҳмем, ва ба мардуме, ки бар девор аст, шунавонида ба забони яҳудӣ гап назан».+ 27 Аммо рабшоқе́ ба онҳо гуфт: «Магар хоҷаам маро барои гуфтани ин суханон фақат ба назди шумо ва хоҷаатон фиристодааст? Ин суханон ҳамчунин барои касонест, ки дар сари ин девор нишастаанд, зеро онҳо низ бо шумо ахлоти худро хоҳанд хӯрд ва пешоби худро хоҳанд нӯшид».
28 Сипас рабшоқе́ дар ҷойи намоён истода, бо овози баланд ба забони яҳудӣ гуфт: «Сухани подшоҳи бузург, шоҳи Ошурро, бишнавед!+ 29 Подшоҳ чунин мегӯяд: “Бигзор Ҳизқиё шуморо фиреб надиҳад, зеро ӯ шуморо аз дасти ман халос карда наметавонад.+ 30 Бигзор Ҳизқиё шуморо ба Яҳува умедвор карда нагӯяд: “Яҳува ҳатман моро халос мекунад ва ин шаҳр ба дасти подшоҳи Ошур намеафтад”.+ 31 Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро подшоҳи Ошур чунин мегӯяд: “Бо ман сулҳ баста, таслим шавед ва ҳар кадоми шумо аз токи худ ва аз дарахти анҷири худ хоҳад хӯрд ва аз обанбори худ хоҳад нӯшид, 32 то даме ки ман омада, шуморо ба замине барам, ки мисли замини шумост,+ замини ғалла ва шароби нав, замини нон ва токзор, замини дарахтони зайтун ва асал. Он гоҳ шумо зинда хоҳед монд ва нахоҳед мурд. Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро ӯ шуморо фиреб дода мегӯяд: “Яҳува моро халос мекунад”. 33 Магар ягон худои халқҳо заминашро аз дасти подшоҳи Ошур халос кард? 34 Куҷоянд худоёни Ҳамот+ ва Арфод? Куҷоянд худоёни Сефарвоим,+ Ҳенаъ ва Ивво? Оё онҳо Сомарияро аз дасти ман халос карданд?+ 35 Кадоме аз худоёни халқҳо заминашро аз дасти ман халос кард ки, Яҳува Ерусалимро халос кунад?”»+
36 Вале халқ хомӯш буд ва чизе нагуфт, зеро подшоҳ ба онҳо фармуда буд: «Ба ӯ чизе ҷавоб надиҳед».+ 37 Элёқими писари Ҳилқиёҳуи нозири қаср, Шебнои котиб ва Юоҳи писари Осафи таърихнавис либосҳои худро чок зада, ба назди Ҳизқиё омаданд ва суханони рабшоқе́ро ба вай расониданд.