2 Мӯсо
10 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Пеши фиръавн бирав, зеро ман гузоштаам, ки дили ӯ ва хизматгоронаш сахт шавад,+ то аломатҳои худро дар пеши ӯ нишон диҳам+ 2 ва ту ба писарон ва наберагони худ ҳикоят кунӣ, ки ман Мисрро чӣ ҷазоҳои сахте додам ва дар байни халқи он чӣ аломатҳое нишон додам.+ Он гоҳ хоҳед донист, ки ман Яҳува ҳастам».
3 Мӯсо ва Ҳорун назди фиръавн даромада, гуфтанд: «Яҳува, Худои ибриён, чунин мегӯяд: “То ба кай ту ба ман гардан намефурорӣ?+ Халқи маро ҷавоб деҳ, то маро парастиш кунанд. 4 Агар ту якравӣ карда халқи маро ҷавоб надиҳӣ, ман пагоҳ ба сарзамини ту малахҳоро меорам. 5 Онҳо рӯйи заминро мепӯшонанд, ба тавре ки онро дида нашавад. Онҳо он чиро, ки аз жола боқӣ мондааст, фурӯ мебаранд ва тамоми дарахтони туро, ки дар саҳро мерӯянд, мехӯранд.+ 6 Онҳо хонаҳои ту, хонаҳои хизматгоронат ва тамоми хонаҳои Мисрро пур мекунанд. Чунин малахҳои зиёдро аз замони падарону бобоҳоят то ба имрӯз касе надидааст”».+ Ӯ инро гуфта, аз пеши фиръавн баромада рафт.
7 Сипас хизматгорони фиръавн ба вай гуфтанд: «То ба кай ин мард ба сари мо бало меорад?! Онҳоро ҷавоб деҳ, то Худояшон Яҳуваро парастиш кунанд. Оё ҳанӯз ҳам намебинӣ, ки замини Миср хароб шудааст?» 8 Он гоҳ онҳо Мӯсову Ҳорунро боз назди фиръавн оварданд ва фиръавн ба онҳо гуфт: «Биравед ва Худоят Яҳуваро парастиш кунед. Лекин аз байнатон кӣ меравад?» 9 Мӯсо ҷавоб дод: «Мо ҳамроҳи ҷавонон, пиронсолон, писарон ва духтарони худ меравем ва бо худ гӯсфандону говонамонро мебарем,+ зеро мо барои Яҳува ид кардан мехоҳем».+ 10 Ӯ ба онҳо гуфт: «Агар ман шумову фарзандонатонро ҷавоб диҳам, бидонед, ки Яҳува бо шумост!+ Ман медонам, ки шумо нияти баде дар дил доред. 11 Не, фақат мардонатон метавонанд бираванд ва Яҳуваро парастиш кунанд, зеро шумо ҳаминро аз ман дархост карда будед». Бо ҳамин онҳоро аз назди фиръавн пеш карданд.
12 Сипас Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Дасти худро бар замини Миср дароз кун, то малахҳо бар замини Миср бароянд ва ҳама набототи рӯйи замин, ҳар он чиро, ки баъди жола боқӣ мондааст, бихӯранд». 13 Мӯсо дарҳол асои худро бар замини Миср дароз кард ва Яҳува як шабонарӯз бар замин боди шарқӣ вазонид. Вақте саҳар шуд, диданд, ки боди шарқӣ малахҳоро овардааст. 14 Малахҳо бар замини Миср омада, тамоми замини Мисрро фаро гирифтанд.+ Ин балои азиме буд:+ то он дам ин қадар малахи зиёд наомада буд ва баъд аз он ҳам чунин намешавад. 15 Малахҳо рӯйи заминро пӯшонданд ва замин аз онҳо тираву тор шуд. Онҳо тамоми растаниҳои замин ва тамоми меваи дарахтонро, ки аз жола боқӣ монда буд, фурӯ бурданд. Дар сарзамини Миср на барг дар дарахт монду на растанӣ дар саҳро.
16 Фиръавн Мӯсо ва Ҳорунро зуд назди худ хонда, гуфт: «Ман бар зидди Худои шумо Яҳува ва бар зидди шумо гуноҳ кардам. 17 Аз ин рӯ, илтимос мекунам, ҳамин дафъа аз гуноҳам гузаред ва аз Худои худ Яҳува илтимос кунед, ки ин балои марговарро аз ман дур кунад». 18 Ӯ* аз пеши фиръавн бадар рафт ва ба Яҳува дуо гуфт.+ 19 Он гоҳ Яҳува самти шамолро дигар карда, боди сахти ғарбие вазонид ва он малахҳоро рӯфта, ба баҳри Сурх партофт ва дар сарзамини Миср як малах ҳам боқӣ намонд. 20 Аммо Яҳува гузошт, то дили фиръавн якрав шавад+ ва, ӯ исроилиёнро ҷавоб надод.
21 Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Дасти худро сӯйи осмон дароз кун, то бар замини Миср торикӣ биёяд, чунон торикии ғализе, ки онро даст-даст карда шавад». 22 Мӯсо дарҳол дасташро сӯйи осмон дароз кард ва тамоми замини Мисрро ба муддати се рӯз торикии ғализе фаро гирифт.+ 23 Мардум якдигарро намедиданд ва аз ҷояшон ба муддати се рӯз намехестанд, аммо ҳама исроилиён дар ҷойҳои зисташон рӯшноӣ доштанд.+ 24 Он гоҳ фиръавн Мӯсоро хонда, ба ӯ гуфт: «Биравед ва Яҳуваро парастиш кунед.+ Фақат гӯсфандон ва говонатон ин ҷо бимонанд. Ҳатто фарзандонатон метавонанд бо шумо бираванд». 25 Аммо Мӯсо ҷавоб дод: «Ту худат ба дасти мо қурбониҳои сӯхтанӣ ва дигар қурбониҳо медиҳӣ, то мо онҳоро ба Худоямон Яҳува пешкаш кунем.+ 26 Чорвоямон низ бо мо меравад. Аз чорвоямон ҳеҷ яке набояд бимонад, зеро мо баъзеи онҳоро ҳангоми парастиши Худоямон Яҳува қурбон мекунем. Мо, то ба он ҷо нарасем, фаҳмида наметавонем, ки барои ибодати Яҳува чӣ гуна қурбонӣ орем». 27 Яҳува гузошт, ки дили фиръавн якрав шавад ва ӯ исроилиёнро ҷавоб надод.+ 28 Фиръавн ба Мӯсо гуфт: «Гум шав аз назарам! Бохабар бош, ки дар чашмам натобӣ. Агар як бори дигар пешам биёӣ, бидон, ки мемурӣ». 29 Мӯсо дар ҷавоб гуфт: «Гуфти ту шавад, дигар кӯшиш намекунам пешат биёям».