Панднома
27 Бо фардо фахр накун,
Зеро намедонӣ, ки пагоҳ чӣ мешавад.+
2 Бигзор туро каси дигар таъриф кунад, на даҳони худат,
Бегонае, на лабони ту.+
3 Санг гарон аст ва рег вазнин,
Лекин асабонияте, ки аҳмақ меорад, аз ҳар ду гаронтар аст.+
4 Ғазаб бераҳм аст ва хашм мисли селоб,
Вале кист, ки ба рашк тоб орад?+
5 Сарзаниши рӯирост беҳ аз муҳаббати пинҳонӣ.+
7 Сер асали занбӯрхонаро пушти по мезанад,
Вале барои гушна талх ҳам ширин аст.
8 Касе, ки диёрашро тарк мекунад,
Мисли парандаест, ки лонаашро тарк мекунад.
9 Равған ва бухур дилро шод мегардонанд,
Мисли дӯсте, ки самимона маслиҳат медиҳад.+
10 Дӯсти худ ва дӯсти падаратро тарк накун,
Дар рӯзи мусибатат ба хонаи бародари худ надаро,
Зеро ҳамсояи наздик беҳ аз бародари дур.+
12 Зирак хатарро мебинаду пинҳон мешавад,+
Вале сода рост сӯйи он мераваду шатта мехӯрад.
13 Агар шахс кафили* ғарибе шавад, либоси ӯро бигир,
Агар зомини зани бегона шавад, гаравашро бигир.+
14 Саҳари барвақт дод зада бо ёрат салому алейк накун*,
Мабодо ин дар назараш дуои бад тобад.
15 Зани ҷангара* мисли бомест, ки дар рӯзи боронӣ беист мечакад,+
16 Ҳар кӣ ҷилави ӯро бикашад, метавонад ҷилави бодро низ бикашад
Ва равғанро дар дасти росташ нигоҳ дорад.
18 Ҳар кӣ дарахти анҷирро нигоҳубин кунад, аз меваи он мехӯрад+
Ва касе, ки хоҷаашро нигаҳбонӣ кунад, иззат меёбад.+
19 Рӯйи одам дар об акс меёбаду
Дили одам дар дили дигаре.
20 Гӯр ва макони нобудӣ ҳаргиз сер намешаванд,+
Чашми инсон низ сериро намедонад.
22 Аҳмақро бо уғурдаста бикӯбиву
Мисли ғалла дар уғурча* майда-майда кунӣ ҳам,
Аҳмақияш аз ӯ ҷудо намешавад.
23 Аз аҳволи рамаат хабардор бош,
Гӯсфандонатро нағз парасторӣ намо,+
24 Зеро боигарӣ абадӣ нест,+
Тоҷ ҳам доимо намемонад.
25 Вақте сабза нопадид шавад, майса неш занад
Ва алафи кӯҳсорро ҷамъ оранд,
26 Гӯсфандҳо барои либосат
Ва нарбузҳо барои заминхарият мешаванд
27 Ва туву хонадонату канизонат
Аз шири бузҳо сер мешавед.