Ишаъё
64 Кошки осмонро дарронда, поён меомадӣ,
То кӯҳҳо аз ҳузури ту ба ларза оянд,
2 Ҳамон тавре ки оташ чӯбу чахсро месӯзонад
Ва алов обро меҷӯшонад.
Он гоҳ номи ту ба душманонат маълум мешуд
Ва халқҳо пеши ту ба ларза меомаданд!
3 Вақте корҳои ҳайратангезеро, ки мо умедвор ҳам набудем, ба амал овардиву+ поён омадӣ,
Кӯҳҳо пеши ту ба ларза омаданд.+
4 Аз қадим то ҳол касе нашунидаасту нафаҳмидааст
Ва чашме Худоеро ғайр аз ту надидааст, ки
Барои умедворони худ амал карда бошад.+
5 Ту онҳоеро, ки аз кардани кори нек шоданд,+
Онҳоеро, ки туро дар хотир доранд ва бо роҳҳоят равонаанд, пазироӣ намудӣ,
Аммо, вақте дурудароз гуноҳ кардем, ба хашм омадӣ.+
Пас, магар мо сазоворем, ки наҷот биёбем?
Ҳамаи мо мисли барге пажмурда мешавем
Ва хатоҳоямон моро мисли шамол мебаранд.
7 Касе нест, ки номи туро бихонад,
Касе нест, ки аз ту мадад биҷӯяд,
Зеро рӯйи худро аз мо пинҳон кардаӣ+
Ва гузоштаӣ, ки аз дасти гуноҳҳоямон обу адо шавем.
8 Вале ту, эй Яҳува, Падари мо ҳастӣ.+
Мо лоему ту Кӯзагари мо,+
Ҳамаи мо амали дасти туем.
9 Эй Яҳува, бар мо сахт хашм нагир+
Ва хатоҳои моро то абад дар хотир надор.
Илтимос, ба мо назар андоз, чунки ҳамаи мо халқи туем.
10 Шаҳрҳои муқаддаси ту биёбоне шудаанд.
Сион биёбон ва Ерусалим харобазоре гардидааст.+
11 Хонаи покиву ҷалоли мо,
Ки бобоёнамон дар он туро ситоиш мекарданд,
Ба коми оташ рафтааст+
Ва ҳар чӣ бароямон азиз буд, харобу валангор шудааст.
12 Наход ҳамаи инро дида ту, эй Яҳува, ҳоло ҳам худро боздорӣ?
Наход хомӯш бимонӣ ва гузорӣ, ки ин қадар азоб кашем?+