Панднома
3 Эй писарам, дастури маро фаромӯш накун
Ва амрҳои маро дар дили худ нигаҳ дор,
2 Зеро онҳо умратро дароз,
Солҳои ҳаётатро зиёд ва осоиштагиятро афзун хоҳанд кард.+
3 Нагузор, ки меҳру вафою ростӣ туро тарк кунанд.+
Онҳоро бар гарданат бибанд
Ва бар лавҳи дилат бинавис,+
4 То ҳамчун одами боандеша
Ризои Худову мардумро ба даст орӣ.+
7 Дар назари худ доно* набош.+
Аз Яҳува битарс ва аз бадӣ дурӣ ҷӯй.
8 Ин дармон аст барои танат*
Ва тароват аст барои устухонҳоят.
11 Эй писарам, аз насиҳати Яҳува рӯ нагардон+
Ва аз сарзаниши ӯ нафрат накун,+
12 Зеро Яҳува ҳар киро дӯст дорад, сарзаниш мекунад,+
Мисли он ки падар писари дӯстдоштаашро сарзаниш мекунад.+
13 Хушбахт касест, ки хирад пайдо кардааст+
Ва рамузфаҳмӣ* ба даст овардааст,
14 Зеро фоидаи он аз нуқра зиёдтар
Ва суди он аз тилло бештар аст.+
15 Баҳои он аз марҷон* гаронтар аст,
Ҳеҷ чизи дилхоҳат ба он баробар нест.
16 Умри дароз дар дасти росташ
Ва сарвату ҷалол дар дасти чапаш аст.
17 Роҳҳояш дилпазир
Ва ҳамаи пайраҳаҳояш осоиштагист.+
18 Он барои касоне, ки нигоҳаш медоранд, дарахти ҳаёт аст
Ва онҳое, ки онро сахт медоранд, хушбахт номида мешаванд.+
20 Бо дониши ӯ обҳои бетаг ду тақсим шуданд
Ва осмони пурабр шабнам боронид.+
21 Эй писарам, бигзор инҳо* аз назарат дур нашаванд.
Ақлу хирадро нигоҳ дор.
22 Онҳо ба ту ҳаёт мебахшанд
Ва гарданатро зеб медиҳанд.
23 Он гоҳ дар бехатарӣ роҳ рафта,
Ҳаргиз пешпо намехӯрӣ,+
24 Вақте хоб равӣ, наметарсӣ+
Ва, вақте дароз кашӣ, хобат ширин мешавад.+
25 Аз ваҳми ногаҳонӣ
Ва аз тӯфоне, ки ба сари бадкор меояд,+ ба ҳарос намеоӣ,+
26 Зеро Яҳува қуввати дили ту мешавад,+
Ӯ поятро аз дом нигоҳ медорад.+
28 Ба ёри худ нагӯй:
«Бираву пагоҳ биё ва онро ба ту медиҳам»,
Агар ҳозир дода тавонӣ.
29 Дар ҳаққи ёри худ қасди бад наандеш,+
Вақте ки ӯ бо ту дар осоиштагӣ зиндагӣ мекунад.
31 Ба ситамгар ҳасад набар+
Ва ягон рафторашро такрор накун,
35 Хирадманд соҳиби обрӯ мешавад,
Аблаҳ бошад, аз беобрӯгӣ ифтихор дорад.+