Айюб
25 Билдоди+ шуҳӣ ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Ҳокимият ва ҳайбат аз они ӯст,
Ӯ дар осмон сулҳро барқарор мекунад.
3 Оё касе метавонад лашкари ӯро ҳисоб кунад?
Кист, ки нури Худо бар вай надурахшад?
4 Пас, чӣ тавр инсони хокӣ дар назари ӯ метавонад росткор бошад+
Ва касе, ки аз зан зода шудааст, беайб бошад?+
5 Ҳатто моҳ дар чашми ӯ хира аст
Ва ситорагон дар назараш тоза нестанд.
6 Пас, чӣ қадар нопоктар аст инсони хокӣ, ки мисли кирмак аст
Ва фарзанди одам, ки як кирм асту халос!»