Айюб
22 Алифози+ темонӣ ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Оё инсон ба Худо даркор аст?
Оё оқил ба ӯ фоидае мерасонад?+
3 Оё Худои Тавоно* парвои онро дорад, ки ту росткорӣ*?
Ё аз он ки ту бо роҳи беайбӣ меравӣ, ба ӯ суде ҳаст?+
4 Оё Худо туро аз сабаби худотарс буданат ҷазо медиҳад
Ва бо ту ба мурофиа меояд?
5 Оё сабаб дар он нест, ки бадкории ту бузург аст
Ва хатоҳоят поён надоранд?+
6 Охир, ту ноҳақ аз бародаронат гарав гирифтаӣ
Ва либоси одамонро гирифта онҳоро луб-луч кардаӣ.+
7 Ту ба хастагон як қулт об надодаӣ
Ва хӯрокро аз гуруснагон дареғ доштаӣ.+
8 Шахсони мисли ту пурзӯр замини бисёрро ба даст меоранд+
Ва шахсони монанди ту соҳибилтифот дар он зиндагӣ мекунанд.
9 Лекин ту бевазанонро дасти холӣ мефиристодӣ
Ва дасти ятимонро мешикастӣ.
11 Барои ҳамин пеши чашмат чунон торик аст, ки ту чизе намебинӣ
Ва селоб туро пӯшонидааст.
12 Магар Худо дар баландиҳои осмон нест?
Бубин, ки ситораҳо чӣ қадар баланданд.
13 Вале ту мегӯӣ: “Худо чиро медонад?
Магар ӯ чизеро мебинад ва доварӣ карда метавонад?
Охир, торикии ғализ пеши чашми ӯро гирифтааст.
14 Вақте ӯ бар гунбази осмон қадам мегузорад,
Абрҳо пеши назари ӯро мегиранд ва ӯ чизеро намебинад”.
15 Оё ту мехоҳӣ бо роҳи қадима биравӣ,
Бо роҳе, ки бадкорон бо он мерафтанд,
16 Касоне, ки бармаҳал решакан шуданд
Ва об онҳоро аз беху бунашон шуста бурдааст?+
17 Онҳо ба Худо мегуфтанд: “Моро ба ҳоли худ гузор!”,
Ва “Худои Тавоно ба мо чӣ кор карда метавонад?”
18 Ҳол он ки маҳз Худо хонаҳояшонро аз нозу неъмат пур кардааст.
Аммо барои ман фикру андешаи бадкорон бегона аст.
19 Росткорон шикасти бадкоронро дида хурсанд мешаванд,
Беайбон онҳоро масхара карда мегӯянд:
20 “Душманонамон нобуд шуданд
Ва чизеро, ки аз онҳо боқӣ мондааст, оташ фурӯ мебарад”.
21 Пас, Худоро бишнос, то дар осоиштагӣ зиндагӣ кунӣ
Ва некиҳо насибат шаванд.
22 Шариатро аз даҳони ӯ қабул кун
Ва гуфтаҳояшро дар дилат нигаҳ дор.+
23 Агар сӯйи Худои Тавоно баргардӣ, обод мешавӣ.+
Агар бадкориро аз хаймаи худ дур созӣ,
24 Агар тиллои худро ба хок партоӣ
Ва зари Ӯфирро+ ба водиҳои санглох афканӣ,
25 Худои Тавоно бароят чун тилло
Ва чун нуқраи беҳтарин мегардад.
26 Он гоҳ дар Худои Тавоно хурсандӣ меёбӣ
Ва рӯйи худро сӯйи Худо мебардорӣ.
27 Он гоҳ ту аз ӯ илтиҷо мекунӣ ва ӯ туро мешунавад
Ва ту назрҳои* худро ба ҷо меорӣ.
28 Чизе, ки ният кунӣ, амалӣ мегардад
Ва роҳат равшан мешавад.
29 Агар ҳавобаландона сухан гӯӣ, паст мегардӣ,
Лекин сархамро ӯ наҷот медиҳад.
30 Ӯ бегуноҳонро халос мекунад.
Пас, агар дастонат пок бошанд, ҳатман наҷот меёбӣ».