Панднома
23 Вақте бо подшоҳ нишаста хӯрок хӯрӣ,
Ба рафтору одобат диққат деҳ.
2 Агар баднафс бошӣ,
Дар гулӯят корд мон.
3 Орзуманди таоми лазизи ӯ набош,
Зеро он хӯроки назарфиреб аст.
5 Вақте ба боигарият назар кунӣ, он нахоҳад буд,+
Зеро пару бол бароварда, мисли уқоб ба осмон мепарад.+
6 Хӯроки мумсикро* нахӯр,
Орзуманди таоми лазизи ӯ набош,
7 Зеро ӯ луқмаҳоятро ҳисоб мекунад,
Забонаш «бихӯру бинӯш» мегӯяду дилаш дигар чиз.
8 Оқибат луқмаҳои хӯрдаатро қай мекунӣ
Ва таърифҳоят беҳуда мешаванд.
10 Марзаи* қадимаро аз ҷояш наҷунбон+
Ва ба замини ятимон надаро,
11 Зеро Пуштибони* онҳо пурқудрат аст,
Ӯ ба додашон расида, бар зидди ту чора меандешад.+
12 Дилатро ба насиҳат моил соз
Ва гӯшатро ба шунидани дониш хам кун.
13 Ҷазоро аз кӯдак дареғ надор,+
Агар ӯро бо чӯб занӣ, намемурад.
14 Ӯро бо чӯб бизан,
То ҷонашро аз гӯр раҳо кунӣ.
15 Эй писарам, агар дилат бохирад шавад,
Дили ман хурсанд мегардад,+
16 Вақте лабонат суханони рост гӯяд,
Вуҷудам шод мешавад.
17 Бигзор дилат ба гунаҳкорон ҳасад набарад,+
Балки тамоми рӯз аз Яҳува тарсон бош,+
18 Зеро он гоҳ оянда хоҳӣ дошт+
Ва умедат барбод намеравад.
19 Эй писарам, гӯш куну бохирад шав
Ва дили худро ба роҳи рост моил гардон.
20 На дар миёни бадмастон бошу+
На дар байни касоне, ки корашон фақат гӯштхӯрист,+
21 Зеро бадмастӣ ва пурхӯрӣ гирифтори бенавоӣ месозад+
Ва хоболудӣ касро жандапӯш мекунад.
22 Падаратро, ки туро ба дунё овардааст, гӯш кун
Ва модаратро «пир шудааст» гуфта, хор надор.+
24 Падари шахси росткор хурсандӣ мекунад,
Касе, ки писари бохирад ба дунё орад, шод мегардад.
25 Падару модарат хурсанд мешаванд
Ва касе, ки туро зодааст, шодмонӣ мекунад.
26 Эй писарам, дилатро ба ман деҳ
Ва бигзор чашмонат сӯйи роҳҳои ман майл дошта бошад,+
27 Зеро фоҳиша ғори бетаг
28 Ӯ мисли роҳзан камин мегирад,+
Шумораи мардони хиёнаткорро зиёд мекунад.
29 Оҳ аз кисту воҳ аз кист?
Ҷанҷол аз кист? Шикоятҳо аз кист?
Ҷароҳатҳои бесабаб аз кист? Чашмони тира аз кист?
31 Ба сурхии шароб назар накун,
Ба он ки чӣ тавр ҷило медиҳад ва барои нӯшидан хуш аст,
32 Зеро оқибат мисли мор мегазад
Ва мисли афъӣ заҳр мезанад.
33 Чашмонат чизҳои набударо мебинад
Ва аз дилат гуфтори каҷ мебарояд.+
34 Ту мисли касе мешавӣ, ки дар миёни баҳр хобидааст,
Мисли касе, ки дар болои сутуни киштӣ хобидааст.
35 Ту мегӯӣ: «Маро заданд, вале чизе нафаҳмидам.
Маро латукӯб намуданд, вале хабар наёфтам.
Вақте бедор шавам,+ боз аз пайи нӯшидан мешавам».