Ирмиё
10 Паёми Яҳуваро, ки бар зидди шумо гуфтааст, бишнавед, эй хонадони Исроил. 2 Яҳува чунин мегӯяд:
«Роҳу рафтори халқҳоро наомӯзед+
Ва аз аломатҳои осмон натарсед,
Чуноне ки халқҳои дигар метарсанд,+
3 Зеро урфу одатҳои халқҳо ҳеҷу пучанд.
5 Ин бутҳо мисли хӯсае дар бодирингзор ҳастанд ва гап зада наметавонанд,+
Онҳоро мебардоранд, зеро худашон роҳ рафта наметавонанд.+
Аз онҳо натарсед, зеро наметавонанд осебе расонанд
Ва кардани кори хуб ҳам аз дасташон намеояд».+
6 Ҳеҷ кас монанди ту нест, эй Яҳува!+
Ту бузургу тавоно ҳастӣ ва номи ту бузург аст.
7 Кист, ки аз ту натарсад, эй Подшоҳи халқҳо?!+
Ту сазовори ин ҳастӣ.
Дар миёни ҳамаи хирадмандони халқҳо ва ҳама подшоҳиҳо
Касе мисли ту нест.+
8 Ҳамаашон беақлу аблаҳанд.+
Аз дарахт таълим гирифтан кори беҳудаест.+
9 Тунукаҳои нуқрагинро аз Таршиш меоранд+ ва тиллоро аз Уфоз,
Ки усто ва заргар бо он кор мекунанд.
Пӯшоки онҳо аз риштаи кабуд ва пашми бунафшранг аст.
Ҳамаашон амали дасти коргарони ҳунарманд аст.
Аз ғазаби ӯ замин ба ларза хоҳад омад+
Ва ҳеҷ халқе ба хашми ӯ тоб оварда наметавонад.
11 *Ба онҳо чунин бигӯ:
«Худоёне, ки осмону заминро наофаридаанд,
Аз рӯйи замин ва таҳти осмон нест мешаванд».+
12 Ӯ заминро бо тавоноии худ офаридааст,
Оламро бо хиради худ барпо кардааст+
Ва осмонро бо фаҳми худ паҳн намудааст.+
13 Вақте овозашро мешунавонад,
Обҳои осмон ба хурӯш меоянд.+
Ӯ абрҳоро* аз канори замин ба осмон мехезонад,+
Барои борон барқро ба вуҷуд меорад*,
Бодро аз анборҳои худ берун меорад.+
14 Ҳар инсон аз ақл бегона аст.
Ҳар заргар аз буте, ки сохтааст, шарманда мешавад,+
Зеро бути рехтаи ӯ фиреб аст
15 Онҳо ҳеҷу пуч ва масхаракорӣ ҳастанд.+
Вақте рӯзи доварияшон биёяд, нест карда мешаванд.
16 Аммо насибаи Яъқуб мисли инҳо нест,
Ӯ ҳамонест, ки ҳама чиро офаридааст,
Ва Исроил чӯбдасти ӯ, мулки ӯст.+
Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.+
17 Эй зане, ки зери муҳосира зиндагӣ мекунӣ,
Чизу чораатро аз замин бардор,
18 Зеро Яҳува чунин мегӯяд:
«Инак, ман ин дафъа сокинони ин заминро дур меандозам+
Ва бар сари онҳо ғаму андуҳ меорам».
19 Вой бар ҳоли ман, ки ба шикаст омадаам!+
Захмам бедармон аст.
Ба худ гуфтам: «Ин бемории ман аст ва бояд ба он тоб орам.
20 Хаймаам хароб гаштааст ва бандҳои хаймаам пора гаштаанд.+
Писаронам маро тарк кардаанд ва бо ман нестанд.+
Касе нест, ки хаймаамро паҳн кунад ва ё чодари хаймаамро бардорад,
21 Зеро чӯпонон беақлона рафтор карданд+
Ва аз Яҳува пурсон нашуданд.+
Аз ин рӯ онҳо бо андеша амал накарданд
Ва тамоми рамаашон пароканда шуд».+
22 Инак, паёме ба гӯш мерасад!
Гулдурроси бузурге аз замини шимол шунида мешавад,+
Он шаҳрҳои Яҳудоро ба биёбон, ба лонаи шағолон, табдил медиҳад.+
23 Ман медонам, эй Яҳува, ки роҳи одамизод дар ихтиёри вай нест
Ва касе, ки роҳ меравад, наметавонад қадамҳояшро роҳнамоӣ кунад.+
25 Ғазабатро бар сари халқҳое бирез, ки туро писанд намекунанд,+
Ва бар қабилаҳое, ки номи туро намехонанд,
Зеро онҳо Яъқубро фурӯ бурдаанд.+
Ӯро фурӯ бурдаанд ва нобуд месозанд.+
Онҳо диёри ӯро хароб кардаанд.+