Закарё
1 Дар моҳи ҳаштуми соли дуюми Дориюш*+ Яҳува ба пайғамбар Закарё*,+ ки писари Баракёи писари Иддӯ буд, паём фиристода гуфт: 2 «Яҳува аз падаронатон сахт ба қаҳр омада буд.+
3 Ба онҳо бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Сӯйи ман баргардед,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ва ман сӯйи шумо бармегардам,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
4 Мисли падаронатон нашавед, ки пайғамбарон ба онҳо мегуфтанд: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Илтимос, аз роҳҳои бад ва корҳои бади худ баргардед”,+
Аммо онҳо гӯш надоданд ва маро нашуниданд,+— мегӯяд Яҳува.—
5 Падарони шумо ҳоло куҷоянд? Магар пайғамбарон то ҳол зиндаанд? 6 Бо вуҷуди ин, магар падаронатон иҷро шудани суханон ва ҳукмҳоеро, ки ба бандаҳоям пайғамбарон фармуда будам, надиданд?+ Онҳо сӯйи ман баргашта, гуфтанд: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чуноне ки қарор карда буд, бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал кардааст”».+
7 Дар рӯзи 24-уми моҳи 11-ум, яъне дар моҳи шабот*, дар соли дуюми Дориюш,+ Яҳува ба пайғамбар Закарё, ки писари Баракёи писари Иддӯ буд, паём фиристод. 8 Шабона ман рӯъёе дидам, ки марде савори аспи сурх дар дара, дар миёни дарахтони мӯрд, меистод ва дар қафояш аспҳои сурх, ҷигарӣ ва сафед буданд.
9 Ман гуфтам: «Эй ҳазратам, инҳо кистанд?»
Фариштае, ки бо ман гап мезад, гуфт: «Ман ба ту нишон медиҳам, ки онҳо кистанд».
10 Он гоҳ марде, ки дар миёни дарахтони мӯрд меистод, гуфт: «Инҳо касонеянд, ки Яҳува фиристодааст, то бар замин гашта, онро аз назар гузаронанд». 11 Онҳо ба фариштаи Яҳува, ки дар миёни дарахтони мӯрд меистод, гуфтанд: «Мо бар замин гаштем ва дидем, ки тамоми замин орому осуда аст».+
12 Фариштаи Яҳува гуфт: «Эй Яҳува, Худои лашкарҳо, то ба кай ба Ерусалим ва шаҳрҳои Яҳудо, ки 70 сол+ аз онҳо дарғазаб будӣ, раҳм намекунӣ?»+
13 Дар ҷавоб Яҳува ба фариштае, ки бо ман гап мезад, суханони меҳрубонона ва тасаллибахш гуфт. 14 Сипас фариштае, ки бо ман гап мезад, ба ман гуфт: «Фарёд зада бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Ман барои Ерусалим ва Сион рашку ғайрат дорам ва рашки ман бузург аст.+ 15 Хашми ман бар халқҳои бепарво зӯр аст,+ зеро ғазабам андак буд,+ вале онҳо ба халқам азоби бисёре оварданд”.+
16 Аз ин сабаб Яҳува чунин мегӯяд: “Ман ба Ерусалим бо раҳму шафқат бармегардам+ ва хонаи ман дар он бино мешавад,+— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ва Ерусалим бо таноб чен карда мешавад”.+
17 Бори дигар фарёд зада бигӯ: “Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: “Шаҳрҳои ман боз аз некуӣ лабрез мешаванд, Яҳува боз Сионро тасаллӣ медиҳад+ ва Ерусалимро интихоб мекунад”».+
18 Сипас чашмонамро бардошта чор шохро дидам.+ 19 Ман аз фариштае, ки бо ман гап мезад, пурсидам: «Инҳо чистанд?» Ӯ ҷавоб дод: «Инҳо шохҳое мебошанд, ки Яҳудо,+ Исроил+ ва Ерусалимро+ пароканда кардаанд».
20 Баъд аз ин Яҳува ба ман чор ҳунармандро нишон дод. 21 Ман пурсидам: «Инҳо чӣ кор карданиянд?»
Ӯ гуфт: «Чор шох Яҳудоро чунон пароканда кард, ки касе сар бардошта натавонист. Ин ҳунармандон бошанд, омада, онҳоро ба ҳарос меоранд ва шохҳои халқҳоеро, ки замини Яҳудоро шох заданду мардумашро пароканда намуданд, мешикананд».