3 Юҳанно
1 Номаи пир ба Ғоюси азиз, ки ӯро, дар ҳақиқат, дӯст медорам.
2 Дӯсти азиз, дуо мегӯям, ки ту сиҳату саломат ва дар ҳама кор комёб бошӣ, чи тавре ки ҳоло низ комёб ҳастӣ. 3 Ман бисёр хурсанд шудам, вақте бародарон омада гуфтанд, ки ту ростиро маҳкам доштаӣ ва дар ростӣ роҳ меравӣ.+ 4 Барои ман аз шунидани он ки фарзандонам бо роҳи ростӣ равонаанд, хурсандии бештаре нест*.+
5 Дӯсти азиз, ту ҳатто бародарони бароят ношиносро меҳмоннавозӣ карда, вафодориятро нишон медиҳӣ.+ 6 Онҳо аз муҳаббати ту ба ҷамоат хабар доданд. Илтимос, ин бародаронро тавре гусел кун, ки ба Худо маъқул аст,+ 7 зеро онҳо ба хотири номи Худо ба ҷойҳои дигар мераванд ва аз халқҳо чизе интизор нестанд+. 8 Барои ҳамин мо бояд чунин шахсонро меҳмондорӣ кунем,+ то дар ростӣ бо онҳо ҳамкор бошем.+
9 Ман ба ҷамоат баъзе чизҳоро навишта будам, лекин Диютрифас, ки дар байни бародарон калонигариро дӯст медорад,+ суханони моро писанд намекунад.+ 10 Барои ҳамин, агар биёям, корҳои ӯро, яъне моро дар ҳама ҷо бадгӯйӣ карданашро, хотиррасон мекунам.+ Ин корҳояш кам буд, ки боз бародаронро бо эҳтиром қабул намекунад+ ва пеши роҳи дигаронро низ мегирад, то ин корро накунанд, ва ҳар касеро, ки бародаронро пазироӣ карданӣ мешавад, аз ҷамоат пеш кардан мехоҳад.
11 Дӯсти азиз, ба кори бад неву ба кори нек пайравӣ кун.+ Касе, ки некӣ мекунад, аз Худост,+ лекин касе, ки бадӣ мекунад, Худоро намешиносад*.+ 12 Димитриюсро ҳамаи бародарон таъриф мекунанд. Аз рафтори худи ӯ низ маълум аст, ки мувофиқи ростӣ зиндагӣ мекунад. Мо ҳам дар бораи вай шаҳодати хуб медиҳем ва ту медонӣ, ки шаҳодати мо ҳақ асту рост.
13 Ба ту боз суханони бисёре гуфтаниям, лекин инро бар қоғаз бо сиёҳӣ навиштан намехоҳам. 14 Умедворам ба қарибӣ туро мебинам ва рӯ ба рӯ суҳбат мекунем.
Дар амони Худо бош!
Дӯстон ба ту салом мерасонанд. Ту ҳам аз номи ман ба дӯстон ном ба ном салом расон.