Забур
КИТОБИ СЕЮМ
(Забур 73–89)
Таронаи Осаф.+
73 Худо барҳақ ба Исроил некуст,
Ӯ ба покдилон некуст.+
2 Валекин ман қариб буд, ки қадамҳоям сӯйи дигар равад,
Кам монда буд, ки поям билағжад.+
3 Охир, осоиштагии бадкоронро дида,
Ба лофакиён ҳасад бурдам,+
4 Зеро маргашон беазоб аст
Ва танашон сиҳат.+
6 Аз ин рӯ гарданбанди ҳавобаландӣ бастаанд+
Ва ҷомаи ситам ба бар кардаанд.
7 Аз фаровонӣ чашмонашон равған бастааст.
Ҳатто орзуҳое, ки дар дил надоштанд, ҷомаи амал пӯшиданд.
9 Даҳанкалонӣ карда, худро аз осмон болотар мегиранд.
Забони белаҷомашонро бар замин сар додаанд.
10 Аз ин рӯ халқи Худо сӯйи бадкорон рӯ меорад
Ва аз оби фаровони онҳо менӯшад.
11 Онҳо мегӯянд: «Худо аз куҷо мефаҳмад?+
Худои Таоло чиро медонад?»
12 Чунинанд бадкорон, ки парвои ҷаҳонро надоранд.+
Онҳо доимо сарват ғун мекунанд.+
13 Пас, ман беҳуда диламро пок нигаҳ доштам
Ва дастонамро бо беайбӣ шустам.+
15 Вале, агар ғами диламро ба дигарон мегуфтам,
Дар ҳаққи халқат хиёнат мекардам.
16 Барои фаҳмидани ин майна об мекардам,
Вале ин андешаҳо маро ғамгин месохтанд,
17 То даме ки ба муқаддасгоҳи бузурги Худо даромадам
Ва ба оқибати бадкорон сарфаҳм рафтам.
19 Чӣ зуд онҳо хонавайрон мешаванд!+
Чӣ ногаҳонист оқибаташон ва чӣ даҳшатнок аст маргашон!
20 Мисли он ки шахс бедор шуда, хобашро фаромӯш мекунад,
Ту низ, эй Яҳува, вақте бархезӣ, онҳоро фаромӯш карда, бо нафрат рад мекунӣ.
22 Ман бефаҳму нодон будам,
Пеши ту мисли ҷонвари бешуур будам.
23 Аммо ҳозир доим бо туям,
Ту дасти ростамро маҳкам доштаӣ.+
25 Дар осмон ғайр аз ту мададгоре надорам,
Дар замин низ ғайр аз бо ту будан ба чизи дигаре ниёз надорам.+
27 Бешак, онҳое, ки аз ту дур мешаванд, нобуд хоҳанд шуд.
Ту ҳар касеро, ки хиёнаткорона аз ту рӯ мегардонад, нест хоҳӣ кард.+
28 Вале барои ман ба Худо наздик шудан некуст.+
Парвардигор Яҳуваро паноҳгоҳи худ сохтаам,
То аз ҳама корҳоят ҳикоя кунам, эй Худо.+