1 Мӯсо
39 Исмоилиён+ Юсуфро ба Миср оварданд+ ва мисрие бо номи Фӯтифар,+ ки ходими дарбори фиръавн ва сардори посбонони ӯ буд, Юсуфро аз дасти онҳо харид. 2 Аммо Яҳува бо Юсуф буд+ ва Юсуф комёб гардиду бар хонаи хӯҷаини мисриаш назоратчӣ таъйин шуд. 3 Хӯҷаинаш дид, ки Яҳува бо вай аст ва Яҳува ҳар амали дасти ӯро баракат медиҳад.
4 Юсуф рӯз аз рӯз дар назари хӯҷаинаш бештар писанд меафтод ва ӯ ёрдамчии бовариноки хӯҷаинаш гардид. Хӯҷаинаш ӯро бар хонаи худ назоратчӣ таъйин намуд ва тамоми дороияшро ба ихтиёри вай супурд. 5 Аз он вақте ки ӯ Юсуфро бар хонадон ва тамоми дороияш таъйин намуд, Яҳува хонаи он мисриро ба хотири Юсуф баракат медод ва бар ҳар он чӣ ӯ дар хона ва саҳро дошт, баракати Яҳува буд.+ 6 Оқибат, ӯ ҳар он чиро, ки дошт, ба дасти Юсуф супурд ва худаш, ба ғайр аз хӯроке, ки мехӯрд, дар бораи чизи дигаре ғам намехӯрд. Юсуф бошад, ҷавони зебову тануманд гашта буд.
7 Пас аз чанде зани хӯҷаинаш ба ӯ бо чашми ҳавас нигаристан гирифта, ба вай чунин мегуфт: «Бо ман бихоб». 8 Аммо Юсуф ба гапи зани хӯҷаинаш гӯш надода, мегуфт: «Инак, хӯҷаинам ҳама чизро ба дасти ман супурдааст ва худаш аз аҳволи хона хабар надорад. 9 Дар ин хона каси аз ман калонтаре нест ва ӯ ҳеҷ чизро аз ман дареғ надоштааст, ғайр аз ту, чунки зани ӯ ҳастӣ. Пас, чӣ тавр ман ба чунин бадкории азим даст занам ва дар пеши Худо гуноҳ кунам?!»+
10 Ӯ ҳар рӯз ба Юсуф мегуфт, ки бо вай бихобад ва назди вай бошад, аммо Юсуф ба гапаш гӯш намедод. 11 Рӯзе Юсуф барои иҷрои коре ба хона даромад, аммо аз хизматгорон ҳеҷ кас дар хона набуд. 12 Он гоҳ зани хӯҷаинаш аз ҷомаи ӯ дошта, ба вай гуфт: «Бо ман бихоб!» Аммо Юсуф ҷомаашро дар дасти ӯ монда, худаш ба берун гурехт. 13 Вақте ӯ дид, ки Юсуф ҷомаашро дар дасти вай монда, гурехтааст, ҳамон замон 14 доду фарёд бардошта, ба хизматгорони худ гуфт: «Инро бинед! Ӯ ин ғуломи ибриро ба хонаи мо овард, то моро хандахариши мардум созад. Ӯ назди ман омад, то бо ман бихобад, аммо ман бо овози баланд дод задам. 15 Ҳамин ки ман овозамро баланд кардаму доду фиғон бардоштам, ӯ ҷомаашро назди ман монда, худаш гурехта баромад». 16 Он зан ҷомаи Юсуфро то омадани хӯҷаини Юсуф дар пеши худ нигоҳ дошт.
17 Вақте ӯ омад, занаш ҳамон суханонро такрор карда гуфт: «Ғуломи ибрие, ки ту овардӣ, назди ман омад, то маро хандахариши мардум созад. 18 Аммо, ҳамин ки ман доду фарёд бардоштам, ӯ ҷомаашро назди ман монда, худаш гурехта баромад». 19 Ҳангоме ки ба хӯҷаини Юсуф занаш «ғуломи ту бо ман чунину чунон кард» гуфт, оташи ғазабаш аланга зад. 20 Он гоҳ хӯҷаини Юсуф ӯро гирифта, ба зиндон андохт, ба ҷое ки зиндониёни шоҳ дар он нигоҳ дошта мешуданд, ва ӯ дар он ҷо монд.+
21 Вале Яҳува бо Юсуф буд ва ба вай меҳру вафо нишон медод ва тавре мекард, то дар назари сардори зиндон писанд афтад.+ 22 Сардори зиндон ҳама зиндониёнро ба дасти Юсуф супурда буд ва ҳама чизе, ки дар он ҷо карда мешуд, зери назорати ӯ буд.+ 23 Сардори зиндон оид ба он чизе, ки ба дасти Юсуф супорида буд, як зарра ҳам ғам намехӯрд, чунки Яҳува бо Юсуф буд ва Яҳува ҳар як амали дасти ӯро баракат медод*.+