2 Қӯринтиён
3 Оё зарур аст, ки боз худро ба шумо шинос кунем? Оё ҳоҷате ҳаст, ки мисли баъзеҳо дар бораи худ ба шумо тавсиянома диҳем? Ё аз шумо тавсиянома гирем? 2 Худи шумо номаи мо ҳастед,+ номае, ки дар дилҳои мо навишта шудааст ва тамоми одамон онро медонанду мехонанд. 3 Ба ҳама маълум аст, ки шумо номаи Масеҳ ҳастед, ки онро мо, хизматгорони Худо,+ навиштем. Он на бо сиёҳӣ, балки бо рӯҳи Худои зинда ва на бар лавҳаҳои сангин,+ балки бар лавҳи дилҳоятон навишта шудааст.+
4 Мо инро дар пеши Худо ба воситаи Масеҳ бо дилпурӣ гуфта метавонем. 5 Гуфтанӣ нестем, ки мо бо кордонии худ аз уҳдаи ин хизмат мебароем. Не, уҳдабароии мо аз лутфи Худост.+ 6 Худо моро лаёқат бахшидааст, ки хизматгорони аҳди нав бошем,+ яъне на хизматгорони Шариати навишта,+ балки хизматгорони рӯҳ. Шариати навишта ба марг маҳкум мекунад,+ аммо рӯҳ зинда мегардонад.+
7 Шариат, ки оқибаташ марг аст ва бар сангҳо навишта шудааст,+ бо чунон ҷалоле омад, ки писарони Исроил аз дурахши рӯйи Мӯсо ба вай нигоҳ карда натавонистанд,+ ҳол он ки он ҷалол бояд аз байн мерафт. 8 Пас, магар он чӣ рӯҳ ба ҷо меорад,+ набояд ҷалоли боз ҳам бештар дошта бошад?+ 9 Агар Шариате, ки одамонро ба марг маҳкум мекунад,+ пурҷалол бошад,+ пас, хизмате, ки сӯйи росткорӣ мебарад, то чӣ андоза бояд ҷалоли бештар дошта бошад!+ 10 Дар ҳақиқат, ҳатто он чизе, ки замоне пурҷалол буд, аз ҷалол маҳрум шуд, зеро ҷалоле, ки пас аз он омад, бузургтар аст.+ 11 Агар он чӣ бояд аз байн мерафт, бо ҷалол омада бошад,+ пас, ҷалоли он чизе, ки боқӣ мемонад, бояд то чӣ андоза бузургтар бошад!+
12 Азбаски чунин умед дорем,+ бемалол гап мезанем 13 ва мисли Мӯсо намекунем, ки бар рӯяш парда мепӯшид,+ то писарони Исроил ба анҷоми он чизе, ки бояд аз байн мерафт, назар надӯзанд. 14 Зеҳни онҳо кунд шуда буд+ ва то ба имрӯз, вақте аҳди куҳнаро мехонанд, он парда пӯшида мемонад,+ чунки он танҳо ба воситаи Масеҳ аз байн бурда мешавад.+ 15 Дар ҳақиқат, то ба имрӯз, ҳар боре ки китобҳои Мӯсоро мехонанд,+ дилҳои онҳо бо пардае пӯшида мемонад.+ 16 Аммо, вақте кас ба Яҳува рӯ меорад, парда бардошта мешавад.+ 17 Яҳува рӯҳ аст+ ва, ҳар ҷое ки рӯҳи Яҳува бошад, он ҷо озодист.+ 18 Ҳамаи мо, ки бо рӯйи кушода ҷалоли Яҳуваро чун оина акс мекунем, дигаргун гашта, ҷалоли ӯро бештару бештар инъикос менамоем ва ба ӯ монанд мешавем — айнан ҳамон тавре ки Яҳува, ки рӯҳ аст,* инро мекунад.+