1 Петрус
4 Пас, чун медонед, ки Масеҳ дар тани одамӣ азоб кашид,+ шумо низ фикрронии ӯро аз худ кунед*, зеро касе, ки дар ҷисм азоб кашидааст, дигар гуноҳ намекунад,+ 2 то боқии умрашро на аз рӯйи ҳавасҳои инсонӣ,+ балки мувофиқи хости Худо гузаронад.+ 3 Шумо дар гузашта ба қадри кофӣ ба хости халқҳо рафтор карда,+ ба беҳаёгӣ*, лаззатпарастӣ, бадмастӣ, айшу нӯш, майзадагӣ ва бутпарастии нафратовар дода мешудед.+ 4 Лекин акнун онҳо ҳайронанд, ки шумо дигар мисли онҳо ҳаёти паст ба сар бурда, ғуломи ишратпарастӣ нестед, аз ин рӯ дар ҳаққатон суханони пасту баланд мегӯянд.+ 5 Вале ин одамон дар пеши оне, ки тайёр аст зиндагону мурдагонро доварӣ кунад, ҷавоб медиҳанд.+ 6 Барои ҳамин хушхабар ба мурдагон низ эълон шуд,+ то онҳо, ҳарчанд аз назари инсонӣ дар ҷисм доварӣ карда мешаванд, аз назари Худо мувофиқи рӯҳ зиндагӣ кунанд.
7 Лекин охири ҳама чиз наздик аст. Бинобар ин солимфикр буда,+ ҳама вақт ба дуо гуфтан тайёр бошед.+ 8 Пеш аз ҳама якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред,+ зеро муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад.+ 9 Якдигарро бе шикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед.+ 10 Шумо аз лутфи Худо атоҳои гуногунро соҳиб шудед. Пас, чун назоратгарони нек ҳар яке мувофиқи атои гирифтаатон ба якдигар хизмат кунед.+ 11 Агар касе суханвар бошад, бигзор паёмҳои Худоро эълон кунад; агар касе хизмат мекарда бошад, бигзор ба қувваи Худо такя кунад,+ то Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҳама вақт ҷалол ёбад.+ Ҷалол ва қудрат то абад аз они Худост. Омин.
12 Эй азизон, аз озмоишҳои сахте*, ки ба сари шумо меоянд, ҳайрон нашавед+ ва онҳоро як чизи ғайриодӣ наҳисобед. 13 Баръакс, хурсанд шавед,+ ки шарики азобу уқубатҳои Масеҳ ҳастед,+ то дар вақти ошкор шудани ҷалоли ӯ низ шодиву хурсандӣ кунед.+ 14 Агар шуморо ба хотири номи Масеҳ паст зананд, хушбахтед,+ зеро рӯҳи ҷалол, яъне рӯҳи Худо, бар шумост.
15 Бигзор ҳеҷ яке аз шумо барои одамкушӣ, дуздӣ, бадкорӣ ё дахолат ба корҳои дигарон азоб накашад.+ 16 Вале, агар касе барои масеҳӣ буданаш азоб кашад, аз ин шарм надорад,+ балки Худоро ҷалол дода, шоистаи ин ном умр ба сар барад. 17 Вақти муқарраршуда расидааст, то доварӣ аз хонаи Худо сар шавад.+ Агар он аз мо сар мешуда бошад,+ пас, оқибати касоне, ки ба хушхабари Худо итоат намекунанд, чӣ мешавад?+ 18 «Агар росткор базӯр наҷот меёфта бошад, пас, бо худобехабару гунаҳкор чӣ мешавад?»+ 19 Бинобар ин касоне, ки барои ба ҷо овардани хости Худо азоб мекашанд, бигзор худро ба дасти Офаридгори бовафо супоранд ва некӣ карданро давом диҳанд.+