Юҳанно
4 Ҳазрат фаҳмид, ки фарисиён хабардор шудаанд, ки ӯ аз Яҳё дида шогирди бештар тайёр мекунад ва таъмид медиҳад*,+ 2 ҳол он ки мардумро на худи Исо, балки шогирдонаш таъмид медоданд. 3 Бинобар ин ӯ Яҳудияро тарк карда, боз ба Ҷалил рафт. 4 Ба вай лозим буд, ки аз Сомария гузашта, ба он ҷо равад. 5 Исо ба Суҳар ном шаҳри Сомария омад ва он дар наздикии саҳрое ҷой дошт, ки Яъқуб ба писараш Юсуф дода буд.+ 6 Дар он ҷо чоҳи Яъқуб буд.+ Исо аз сафар монда шуда дар лаби он чоҳ* нишаст ва соат тақрибан дувоздаҳи рӯз* буд.
7 Дар ин вақт зане аз аҳли Сомария барои об гирифтан омад. Исо ба вай рӯ оварда, гуфт: «Ба ман каме об деҳ». 8 (Шогирдонаш бошанд, он вақт барои харидани хӯрок ба шаҳр рафта буданд.) 9 Он зан ба ӯ гуфт: «Чӣ хел ту, ки яҳудӣ ҳастӣ, аз ман, ки зани сомариям, об мепурсӣ?» (Гап дар сари он буд, ки яҳудиён сомариёнро дӯст намедоштанд.)+ 10 Исо дар ҷавоб гуфт: «Агар ту медонистӣ, ки атои Худо+ чист ва кӣ ба ту мегӯяд “ба ман каме об деҳ”, худат аз ӯ об мепурсидӣ ва ӯ ба ту оби ҳаёт медод».+ 11 Он зан ба Исо гуфт: «Тақсир, ту ки ҳатто зарфе надорӣ аз ин чоҳи чуқур об гирӣ, он оби ҳаётро ба ман аз куҷо медиҳӣ? 12 Магар ту аз бобоямон Яъқуб, ки ин чоҳро ба мо додаасту худаш, писаронаш ва чорвояш аз он об менӯшиданд, бузургтарӣ?» 13 Исо ҷавоб дод: «Ҳар кӣ аз ин об нӯшад, боз ташна мемонад, 14 вале ҳар кӣ аз обе, ки ман медиҳам, нӯшад, ҳеҷ гоҳ ташна намемонад,+ балки обе, ки ман медиҳам, дар ӯ чашмае мегардад, ки ҷӯш мезанаду ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад».+ 15 Он гоҳ зан ба вай гуфт: «Тақсир, илтимос, ба ман ҳам аз он об деҳ, то ки ман дигар ташна намонам ва барои об кашидан ин ҷо наоям».
16 Исо ба вай гуфт: «Рафта, ҳамроҳи шавҳарат ин ҷо биё». 17 Он зан дар ҷавоб гуфт: «Ман шавҳар надорам». Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рост гуфтӣ, ки шавҳар надорӣ. 18 Ту панҷ шавҳар доштӣ ва марде, ки ҳозир бо вай зиндагӣ мекунӣ, шавҳари ту нест. Ин гапат рост аст». 19 Зан ба ӯ гуфт: «Тақсир, мебинам, ки ту пайғамбар ҳастӣ.+ 20 Бобоёни мо Худоро дар ин кӯҳ мепарастиданд, вале шумо мегӯед, ки ҷойи парастиш дар Ерусалим аст».+ 21 Исо гуфт: «Эй зан, бовар кун, соате мерасад, ки Падарро на дар ин кӯҳ мепарастед ва на дар Ерусалим. 22 Шумо он чиро, ки намедонед, мепарастед,+ вале мо он чиро, ки медонем, мепарастем, зеро наҷот ба воситаи яҳудиён меояд.+ 23 Лекин соате мерасад ва аллакай расидааст, ки парастандагони ҳақиқӣ Падарро дар рӯҳ ва ростӣ парастиш хоҳанд кард, зеро Падар маҳз чунин парастандагонро меҷӯяд.+ 24 Худо рӯҳ аст+ ва онҳое, ки ӯро мепарастанд, бояд дар рӯҳ ва ростӣ парастиш кунанд».+ 25 Зан ба ӯ гуфт: «Медонам, ки бояд Масеҳ биёяд ва, вақте ӯ биёяд, ҳама чиро ба мо кушоду равшан хабар медиҳад». 26 Исо ба вай гуфт: «Он кас манам, ҳамоне, ки бо ту гап мезанад».+
27 Ҳамин вақт шогирдонаш омаданд ва аз дидани он ки ӯ бо зан гап зада истодааст, ҳайрон шуданд, вале ҳеҷ кас ба вай нагуфт: «Аз ӯ чӣ мехоҳӣ?» ё «Чаро бо ӯ гап зада истодаӣ?» 28 Зан кӯзаи худро монда, ба шаҳр рафт ва ба одамон гуфт: 29 «Биёед ва касеро бинед, ки ба ман ҳамаи корҳои кардаамро нақл кард. Мумкин ӯ Масеҳ бошад?» 30 Онҳо аз шаҳр баромада, назди Исо равона шуданд.
31 Дар ин миён шогирдон аз ӯ бисёр хоҳиш карда гуфтанд: «Устод,+ ягон чиз бихӯр». 32 Аммо ӯ ба онҳо гуфт: «Ман хӯроке дорам, ки шумо аз он хабар надоред». 33 Он гоҳ шогирдон ба якдигар гуфтанд: «Магар ягон кас ба ӯ хӯрок овард?» 34 Исо ба онҳо гуфт: «Хӯроки ман ин аст, ки хости Фиристандаамро ба ҷо орам+ ва кореро, ки ӯ ба ман супурдааст, ба анҷом расонам.+ 35 Оё шумо намегӯед, ки то вақти дарав боз чор моҳи дигар мондааст? Вале ман ба шумо мегӯям: чашмонатонро бардоред ва ба киштзор назар андохта бинед, ки ҳосил барои дарав тайёр аст.+ 36 Даравгар музди худро гирифта истодааст ва барои ҳаёти ҷовидонӣ ҳосил ҷамъ оварда истодааст, то коранда ва даравгар якҷоя хурсандӣ кунанд.+ 37 Дар ин бора як гап ҳаст: “Яке мекораду дигаре медаравад”. 38 Ман шуморо барои дарав кардани чизе мефиристам, ки барои он меҳнат накардаед. Дигарон заҳмат кашиданду шумо аз ҳосили меҳнати онҳо баҳра мебаред».
39 Бисёре аз сомариёни он шаҳр ба ӯ имон оварданд, зеро он зан дар бораи Исо шаҳодат дода гуфт: «Ӯ ба ман ҳамаи корҳои кардаамро нақл кард».+ 40 Аз ин рӯ, вақте сомариён назди Исо омаданд, аз ӯ хоҳиш карданд, ки бо онҳо истад, ва ӯ ду рӯз дар он ҷо истод. 41 Дар натиҷа одамони боз ҳам бештар суханони ӯро шунида имон оварданд. 42 Онҳо ба он зан гуфтанд: «Акнун мо на фақат аз рӯйи гапи ту бовар дорем, зеро мо бо гӯши худ суханони ӯро шунидем ва ҳоло медонем, ки ин мард, дар ҳақиқат, наҷотбахши ҷаҳон аст».+
43 Ду рӯз пас Исо аз он ҷо баромада, ба Ҷалил рафт. 44 Вале ӯ гуфта буд, ки пайғамбар дар диёри худ қадр надорад.+ 45 Вақте ба Ҷалил омад, мардуми он ҷо ӯро қабул карданд, чунки онҳо ҳангоми ид+ дар Ерусалим буданд+ ва шоҳиди ҳамаи корҳое гаштанд, ки Исо дар он ҷо карда буд.
46 Сипас Исо боз ба Қонои Ҷалил, ки он ҷо обро ба шароб табдил дода буд,+ омад. Яке аз ходимони дарбор, ки писараш дар Кафарнаҳум бемор буд, 47 аз Яҳудия ба Ҷалил омадани Исоро шунида ба назди ӯ рафт. Он мард аз Исо илтимос кард, ки омада, писарашро шифо диҳад, зеро вай дар дами марг буд. 48 Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шумо, то аломату муъҷиза набинед, имон намеоред».+ 49 Он ходим ба ӯ гуфт: «Ҳазрат, пеш аз он ки кӯдакам бимирад, ҳамроҳам рафта, ӯро шифо деҳ». 50 Исо ба ӯ гуфт: «Ба хонаат баргард: писарат шифо ёфт».+ Он мард ба сухани Исо бовар карду рафт. 51 Вақте ӯ ҳанӯз дар роҳ буд, ғуломонаш ба пешвози ӯ баромада, гуфтанд, ки писараш шифо ёфтааст. 52 Ӯ аз ғуломон пурсид, ки аҳволи писараш соати чанд беҳтар шуд. Онҳо ҷавоб доданд: «Табларзаи ӯ дина, соатҳои яки рӯз*, бас шуд». 53 Инро шунида падари кӯдак фаҳмид, ки ин айнан ҳамон соате рӯй дод, ки Исо ба вай «писарат шифо ёфт»+ гуфта буд. Он гоҳ ӯ ва аҳли хонаводааш имон оварданд. 54 Ин муъҷизаи дуюме буд,+ ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил омаданаш ба амал овард.