1 Мӯсо
40 Чанде пас сарсоқӣ*+ ва сарнонвойи подшоҳи Миср бар зидди хӯҷаинашон гуноҳ карданд. 2 Фиръавн аз ду хизматгори худ — сарсоқӣ ва сарнонвой+ дарғазаб шуд. 3 Ӯ онҳоро ба хонаи сардори посбонон,+ ба зиндоне, ки Юсуф дар он бандӣ буд,+ партофт. 4 Сардори посбонон ба Юсуф супориш дод, ки хизмати онҳоро ба ҷо орад,+ ва онҳо якчанд вақт дар зиндон буданд.
5 Соқӣ ва нонвойи подшоҳи Миср, ки дар зиндон буданд, ҳар ду дар як шаб хоб диданд ва хоби ҳар яки онҳо таъбири худро дошт. 6 Саҳари дигар, вақте Юсуф назди онҳо омад, дид, ки онҳо зиқанд. 7 Сипас ӯ аз дарбориёни фиръавн, ки бо ӯ дар хонаи хӯҷаинаш бандӣ буданд, пурсид: «Барои чӣ имрӯз ғамгин метобед?» 8 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ҳар дуи мо хоб дидем, лекин касе нест, ки хобҳои моро таъбир кунад». Юсуф ба онҳо гуфт: «Магар таъбир аз Худо нест?+ Илтимос, хобҳоятонро ба ман нақл кунед».
9 Сарсоқӣ хоби худро ба Юсуф нақл карда, гуфт: «Дар хоб дар пеши худ токи ангурро дидам. 10 Он се шоха дошт ва шохаҳо муғҷа бастанд ва гул карданд. Баъд аз он хӯшаҳои ангур пухта расиданд. 11 Дар дастам ҷоми фиръавн буд ва ман ангурро гирифта, ба ҷоми фиръавн фишурдам. Баъд ҷомро ба дасти фиръавн додам». 12 Он гоҳ Юсуф ба ӯ гуфт: «Таъбири хоб чунин аст: се шоха се рӯз аст. 13 Баъди се рӯз фиръавн туро сарбаланд мекунад ва мансабатро ба ту бармегардонад+ ва ту мисли пештара, вақте соқии ӯ будӣ, ба дасти фиръавн ҷом медиҳӣ.+ 14 Аммо, вақте аҳволат хуб шавад, маро ба хотир ор ва дар ҳаққи ман некӣ кун* ва дар бораи ман ба фиръавн гап зан, то ӯ маро аз ин ҷо барорад. 15 Маро аз замини ибриён дуздидаанд+ ва дар ин ҷо низ бе гуноҳ ба зиндон* партофтаанд».+
16 Вақте сарнонвой дид, ки таъбири хоби сарсоқӣ хуб буд, ба Юсуф гуфт: «Ман дар хоб дидам, ки се сабад нони сафед бар сарам буданд, 17 дар сабади болоӣ ҳар гуна маҳсулоти нонӣ барои фиръавн буд ва парандаҳо аз сабаде, ки бар сари ман буд, онро мехӯрданд». 18 Юсуф дар ҷавоб ба вай гуфт: «Таъбири хоб чунин аст: се сабад се рӯз аст. 19 Баъди се рӯз фиръавн сари туро аз тан ҷудо мекунад ва туро ба дор* меовезад ва парандагон гӯшти баданатро мехӯранд».+
20 Се рӯз пас зодрӯзи+ фиръавн буд ва ӯ барои ҳама ходимони дарбораш базме орост. Дар он базм тамоми ходимонаш ҳузур доштанд ва бо фармони фиръавн сарсоқию сарнонвойро аз зиндон пеши ӯ оварданд. 21 Фиръавн ба сарсоқӣ мансабашро баргардонд ва ӯ мисли пештара ба дасти фиръавн ҷом медод. 22 Сарнонвойро бошад, ба дор овехт, чи тавре ки Юсуф таъбир карда буд.+ 23 Лекин сарсоқӣ Юсуфро ба хотир наовард ва ӯро фаромӯш кард.+