1 Мӯсо
41 Пас аз ду соли пурра фиръавн хоб дид,+ ки ӯ дар соҳили дарёи Нил истодааст. 2 Аз дарё ҳафт гови хушандоми фарбеҳ баромаданд ва дар лаби дарёи Нил чаридан гирифтанд.+ 3 Аз қафои онҳо аз дарёи Нил ҳафт гови бадафти хароб баромаданд ва назди говони фарбеҳ, дар лаби дарё, истоданд. 4 Говони бадафти хароб ҳафт гови хушандоми фарбеҳро хӯрданд ва баъд аз ин фиръавн бедор шуд.
5 Сипас хоби фиръавн бурд ва ӯ боз хобе дид: аз як пояи гандум ҳафт хӯша баромаданд, ки аз донаҳои хубу расида пур буданд.+ 6 Баъди ин ҳафт хӯшаи холие баромаданд, ки аз боди гарми шарқӣ хушк шуда буданд. 7 Хӯшаҳои холӣ ҳафт хӯшаи хуби расидаро фурӯ бурданд. Баъд аз ин фиръавн бедор шуда, фаҳмид, ки ин хоб аст.
8 Саҳарӣ фиръавн парешонхотиру ноором шуд. Ӯ кас фиристода, тамоми коҳинони ҷодугар ва хирадмандони Мисрро ҷамъ овард ва хоби худро ба онҳо нақл кард, лекин ҳеҷ кадоми онҳо хоби фиръавнро таъбир карда натавонистанд.
9 Он гоҳ сарсоқӣ ба фиръавн арз карда гуфт: «Эй аълоҳазрат, имрӯз ман ба гуноҳҳоям иқрор мешавам. 10 Боре фиръавн аз ходимонаш, аз ману сарнонвой, дарғазаб шуд ва моро дар хонаи сардори посбонон зиндонӣ кард.+ 11 Пас аз ин ҳар дуи мо дар як шаб хоб дидем ва хоби ҳар дуямон таъбири худро дошт.+ 12 Дар зиндон бо мо ҷавони ибрие буд, ки хизматгори сардори посбонон буд.+ Вақте мо хобҳои худро ба ӯ нақл кардем,+ ӯ таъбири онҳоро ба мо гуфт. 13 Таъбири хобҳоямон рост баромад: ба ман мансабамро баргардониданд, марди дигарро бошад, ба дор* овехтанд».+
14 Инро шунида фиръавн кас фиристод+ ва Юсуфро зуд аз зиндон*+ гирифта оварданд. Ӯ мӯйи сар ва риши худро тарошида, либосҳояшро иваз кард ва назди фиръавн даромад. 15 Фиръавн ба Юсуф гуфт: «Ман хобе дидам, вале касе нест, ки онро таъбир кунад. Аммо ман шунидам, ки, агар ба ту хобро нақл кунанд, ту онро таъбир карда метавонӣ».+ 16 Юсуф ба фиръавн гуфт: «Таъбири хоб аз ман нест, балки Худо таъбири неки онро ба фиръавн хоҳад гуфт».+
17 Фиръавн гапашро давом дода ба Юсуф гуфт: «Хоб дидам, ки дар лаби дарёи Нил истодаам. 18 Ногаҳон дидам, ки аз дарё ҳафт гови хушандоми фарбеҳ баромаданд ва дар лаби дарёи Нил чаридан гирифтанд.+ 19 Аз қафои онҳо ҳафт гови заифу бадафти хароб баромаданд. Ман дар умрам ин хел говҳои бадафтро дар тамоми замини Миср надида будам. 20 Ин говҳои хароби бадафт ҳафт гови фарбеҳи аввалро хӯрдан гирифтанд. 21 Лекин, вақте хӯрда шуданд, афту андомашон айнан мисли пештара монд ва маълум набуд, ки онҳо он говҳои фарбеҳро фурӯ бурдаанд. Баъд аз ин ман бедор шудам.
22 Сипас хоб дидам, ки аз як пояи гандум ҳафт хӯша баромаданд, ки аз донаҳои хубу расида пур буданд.+ 23 Баъди ин ҳафт хӯшаи пажмурдаву* холие баромаданд, ки аз боди гарми шарқӣ хушк шуда буданд. 24 Он гоҳ хӯшаҳои холӣ хӯшаҳои хуби расидаро фурӯ бурданд. Ман хобҳоямро ба коҳинони ҷодугар+ нақл кардам, лекин ҳеҷ кадоми онҳо таъбири хобҳоро гуфта натавонист».+
25 Юсуф ба фиръавн гуфт: «Ҳар ду хоби фиръавн як маъно дорад. Худои ҳақиқӣ нияти худро ба фиръавн ошкор кардааст.+ 26 Ҳафт гови фарбеҳ ҳафт сол аст. Ҳафт хӯшаи расидаи гандум низ ҳафт сол аст. Ҳар ду хоб як маъно дорад. 27 Ҳафт гови хароби бадафте, ки аз паси онҳо омаданд, ҳафт сол мебошанд ва ҳафт хӯшаи холие, ки аз боди гарми шарқӣ хушк шудаанд, ҳафт соли гуруснагиянд. 28 Чи тавре ки ба фиръавн гуфтам, Худои ҳақиқӣ ба фиръавн нияти худро ошкор кардааст.
29 Ҳафт сол дар тамоми замини Миср фаровонӣ ва сериву пурӣ мешавад. 30 Аммо пас аз ин ҳафт соли қаҳтӣ меояду тамоми фаровоние, ки дар замини Миср буд, фаромӯш мешавад ва қаҳтӣ ҳоли заминро хароб мекунад.+ 31 Аз он фаровонӣ асаре намемонад, зеро гуруснагие, ки баъди он меояд, беҳад сахт хоҳад буд. 32 Ин хоб ба фиръавн ду бор ато шудааст, зеро Худои ҳақиқӣ ба таври қатъӣ қарор кардааст, ки ин корро кунад, ва ӯ ба қарибӣ онро ба ҷо хоҳад овард.
33 Пас, бигзор фиръавн ягон одами боандеша ва хирадмандеро ёфта, бар замини Миср таъйин кунад. 34 Бигзор фиръавн чунин кунад: бар замини Миср нозиронро таъйин намояд ва дар давоми ҳафт соли фаровонӣ+ аз ҳосили замин панҷякашро захира кунад. 35 Бигзор онҳо дар ин солҳои серию пурӣ тамоми хӯроквориро ҷамъ оранд ва дар шаҳрҳо ғалларо дар анборҳои фиръавн захира кунанду нигаҳбонӣ намоянд.+ 36 Ин захираҳо замини Мисрро дар муддати ҳафт соли қаҳтӣ таъмин хоҳанд кард, то мардуму чорво аз гуруснагӣ намирад».+
37 Ин пешниҳоди Юсуф ба фиръавн ва ҳамаи ходимонаш маъқул шуд. 38 Он гоҳ фиръавн ба ходимонаш гуфт: «Магар каси дигареро мисли ин ҷавон, ки рӯҳи Худо бар ӯ бошад, ёфтан мумкин аст?» 39 Фиръавн ба Юсуф гуфт: «Азбаски Худо ҳамаи инро ба ту маълум кардааст, касе мисли ту боандеша ва хирадманд нест. 40 Ман худи туро бар хонадонам таъйин мекунам ва тамоми халқи ман ба гапи ту бечуну чаро итоат хоҳанд кард.+ Фақат дар тахту тоҷ ман аз ту болотар хоҳам буд». 41 Фиръавн боз ба Юсуф гуфт: «Инак, ман туро бар тамоми замини Миср ҳоким таъйин мекунам».+ 42 Он гоҳ фиръавн ангуштарини муҳрдори худро аз дасташ кашида, ба дасти Юсуф андохт ва ба ӯ либосе аз катони аълосифат пӯшонид ва гарданбанди тиллое бар гарданаш овехт. 43 Сипас фиръавн фармуд, ки ӯро ба аробаи дуюми шоҳӣ шинонанд ва пешопешаш фарёд зада гӯянд: «Аврех!»* Ҳамин тавр, фиръавн Юсуфро бар тамоми замини Миср таъйин кард.
44 Фиръавн ба Юсуф гуфт: «Фиръавн манам, лекин дар тамоми замини Миср касе аз хати кашидаи ту берун намебарояд*».+ 45 Пас аз ин фиръавн Юсуфро Софенат-панеах номид ва Оснат,+ духтари Фӯтифараи коҳини Ӯнро*, ба ӯ ба занӣ дод. Юсуф дар саросари замини Миср сафар кард*+ 46 ва, вақте ӯ ба хизмати фиръавн, подшоҳи Миср, камар баст, 30-сола буд.+
Юсуф аз пеши фиръавн баромад ва тамоми замини Мисрро давр зад. 47 Дар ҳафт соли серию пурӣ, замин ҳосили фаровон дод. 48 Юсуф дар замини Миср ҳафт сол тамоми хӯрокро ҷамъ меовард ва дар шаҳрҳо захира мекард. Ӯ дар ҳар як шаҳр ғаллаеро, ки аз заминҳои гирду атроф ҷамъ меовард, захира мекард. 49 Юсуф чунон ғаллаи зиёде ҷамъ овард, ки мисли реги дарё беҳисоб буд. Оқибат онҳо баркашидани ғалларо бас карданд, зеро он аз ҳисоб берун буд.
50 Пеш аз фаро расидани солҳои қаҳтӣ Оснат, духтари Фӯтифараи коҳини Ӯн*, барои Юсуф ду писар таваллуд кард.+ 51 Юсуф писари калонияшро Менашше*+ номида гуфт: «Худо тамоми ғаму андуҳи ман ва хонаи падарамро аз хотирам берун кард». 52 Юсуф номи писари дуюмашро Эфроим*+ монд, зеро гуфт: «Худо дар замини азобҳоям ба ман насл ато кард».+
53 Оқибат ҳафт соли сериву пурӣ дар замини Миср ба охир расиду,+ 54 чи тавре ки Юсуф гуфта буд, ҳафт соли гуруснагӣ омад.+ Дар ҳамаи заминҳо гуруснагӣ сар зад, лекин дар Миср мардум аз нон таъмин буд.+ 55 Оқибат, вақте ба тамоми замини Миср низ қаҳтӣ омад, халқ фиғон бардошта аз фиръавн нон пурсид.+ Он гоҳ фиръавн ба ҳамаи мисриён гуфт: «Пеши Юсуф равед ва ҳар он чӣ ӯ ба шумо бигӯяд, кунед».+ 56 Қаҳтӣ тамоми рӯйи заминро фаро мегирифт.+ Вақте дар замини Миср қаҳтӣ авҷ гирифт, Юсуф тамоми анборҳоро кушода, ба мисриён ғалла фурӯхтан гирифт.+ 57 Мардум аз саросари дунё ба Миср меомаданд, то аз Юсуф ғалла харанд, зеро қаҳтӣ тамоми рӯйи заминро фаро гирифта буд.+