Ирмиё
3 Одамон чунин мегӯянд: «Вақте кас ҷавоби занашро диҳад ва вай рафта, аз они марди дигар шавад, магар ӯ занашро боз қабул мекунад?»
Магар ин замин саропо нопок нагаштааст?+
«Ту ки мисли фоҳишае бо касони бисёр зино кардӣ,+
Акнун мехоҳӣ ба назди ман баргардӣ? — мегӯяд Яҳува.—
2 Чашмони худро ба теппаҳо бардошта, бингар:
Дар куҷо туро таҷовуз накардаанд?
Ту мисли кӯчманчии* биёбон
Дар сари роҳ нишаста, роҳашонро мепоӣ.
Ту бо фоҳишагӣ ва бадкорият
Заминро нопок месозӣ.+
3 Аз ин рӯ боришот бас шудааст+
Ва дар баҳор бороне нест.
Ту мисли зане, ки танфурӯшӣ мекунад, берӯйӣ
Ва шарму ҳаё надорӣ.+
4 Ҳоло бошад, сӯям фарёд зада мегӯӣ:
“Падарам, ту ёри ҷавонии ман ҳастӣ!+
5 Оё кас то абад хашмгин мешавад
Ва ба сурати абадӣ қаҳр мекунад?”
Ту ба гуфтан чунин мегӯиву
Ҳар бадие, ки аз дастат биёяд, мекунӣ».+
6 Дар рӯзҳои шоҳ Юшиё+ Яҳува ба ман чунин гуфт: «Оё дидӣ, ки Исроили бевафо чӣ кор кардааст? Вай рафта, дар ҳар кӯҳи баланд ва зери ҳар дарахти сершоху барг танфурӯшӣ кардааст.+ 7 Ҳатто баъди ҳамаи ин корҳояш ман мегуфтам, ки ба наздам баргардад,+ аммо вай барнагашт. Яҳудо бошад, ба апаи хиёнаткораш нигоҳ мекард.+ 8 Вақте инро дидам, ба Исроили бевафо аз сабаби хиёнаташ+ талоқнома дода, ҷавобашро додам.+ Аммо хоҳари хиёнаткораш Яҳудо аз ин натарсид, ӯ низ баромада, фоҳишагӣ кард.+ 9 Ӯ аз фоҳишагияш парвое надошт ва бо сангҳову дарахтҳо+ зино карда, ин заминро нопок месохт. 10 Бо вуҷуди ҳамаи ин хоҳари хиёнаткораш Яҳудо бо тамоми дил сӯйи ман барнагашт, балки фақат рӯякӣ,— мегӯяд Яҳува».
11 Яҳува ба ман гуфт: «Исроили бевафо нишон дод, ки назар ба Яҳудои хиёнаткор росткортар аст.+ 12 Рафта, ин суханонро ба шимол эълон кун:+
“Баргард, эй Исроили хиёнаткор,— мегӯяд Яҳува.+— Ман бо хашм ба ту наменигарам,+ зеро бовафоям,— мегӯяд Яҳува.— То абад хашмгин намешавам. 13 Фақат ки гуноҳатро тан гир, зеро ту бар зидди Худоят Яҳува баромадаӣ. Ту зери ҳар дарахти сершоху барг бо бегонагон* ҳамхоб мешудӣ ва ба овози ман гӯш намедодӣ,— мегӯяд Яҳува.—
14 Баргардед, эй писарони хиёнаткор,— мегӯяд Яҳува,— зеро ман хӯҷаини ҳақиқии* шумо шудам ва шуморо, якеро аз шаҳр ва дуторо аз қабила, гирифта, ба Сион меорам.+ 15 Ман ба шумо чӯпонони табъи диламро медиҳам+ ва онҳо шуморо бо донишу фаҳмиш сер мекунанд. 16 Дар он рӯзҳо шумо дар ин замин сершумор мегардед ва самар меоред.— мегӯяд Яҳува.+— Онҳо дигар дар бораи сандуқи аҳди Яҳува сухан намегӯянд. Онро ба хотир намеоранд, зикр ва ёд намекунанд ва бори дигар онро намесозанд. 17 Он вақт онҳо Ерусалимро тахти Яҳува меноманд+ ва ҳамаи халқҳоро дар Ерусалим ҷамъ оварда, номи Яҳуваро ситоиш мекунанд.+ Онҳо дигар якравона аз пайи дили бади худ намераванд.
18 Дар он рӯзҳо хонадони Яҳудо ҳамроҳи хонадони Исроил якҷоя роҳ меравад.+ Онҳо якҷоя аз замини шимол ба замине меоянд, ки ба бобоёнатон мерос додам.+ 19 Ман он вақт гуфта будам: “Чӣ хуш аст, ки туро ба қатори писаронам даровардам ва замини дилпазир, мероси зеботаринеро дар миёни халқҳо*, ба ту додам!”+ Ман ҳамчунин гуфтам, ки ту маро “Падар” мехонӣ ва аз пайравии ман дур намешавӣ. 20 Аммо, дар асл, шумо, эй хонадони Исроил, мисли зани хиёнаткоре, ки шавҳарашро* партофтааст, ба ман хиёнат кардед”,+— мегӯяд Яҳува».
21 Бар теппаҳо садое,
Овози гиряву зории халқи Исроил, шунида мешавад,
Зеро онҳо роҳи худро каҷ кардаанд
Ва Худояшон Яҳуваро фаромӯш намудаанд.+
22 «Баргардед, эй писарони хиёнаткор!
Ман дили хиёнаткори шуморо шифо медиҳам».+
«Мо ин ҷоем! Ба назди ту омадем,
Зеро ту, эй Яҳува, Худои моӣ.+
23 Дар асл, теппаҳо ва шӯру ғавғое, ки бар кӯҳҳост, дурӯғ аст.+
Дар ҳақиқат, наҷоти Исроил Худои мо Яҳува аст.+
24 Аммо ин худои шармовар* аз ҷавониямон заҳмати падаронамон,
Рамаву чорвои онҳо
Ва писарону духтарони онҳоро фурӯ бурдааст.+
25 Пас, монед, ки шарманда шуда бихобем
Ва расвоӣ моро пӯшонад,
Зеро мо ва бобоёнамон аз ҷавониямон то ба имрӯз
Бар зидди Худоямон Яҳува гуноҳ кардем+
Ва ба овози Худоямон Яҳува гӯш надодем».