1 Подшоҳон
13 Вақте ки Шоул подшоҳ шуд,+ ӯ...-сола* буд ва ду сол бар Исроил подшоҳӣ кард. 2 Шоул аз байни исроилиён 3000 мардро интихоб кард: 2000 нафари онҳо бо Шоул дар Михмос ва дар кӯҳистони Байт-Ил буданд ва 1000 нафарашон бо Юнотон+ — дар Ҷибъои+ Бинёмин. Халқи боқимондаро бошад, ӯ ба хаймаҳояшон фиристод. 3 Баъд аз ин Юнотон дастаи фалиштиёнро,+ ки дар Ҷабъа+ ҷойгир буд, зарба зад ва фалиштиён аз ин хабар ёфтанд. Сипас Шоул фармуд, ки дар саросари замин шох навохта,+ гӯянд: «Эй ибриён, бишнавед!» 4 Тамоми Исроил шунид, ки Шоул дастаи фалиштиёнро зарба задааст ва акнун Исроил дар назари фалиштиён шум гаштааст. Он гоҳ халқ ба Ҷилҷол+ ҷамъ омад, то ки аз паси Шоул биравад.
5 Фалиштиён низ ҷамъ омаданд, то бо Исроил биҷанганд. Онҳо 30 000 аробаи ҷангӣ, 6000 савора ва сарбозони мисли реги лаби баҳр бешуморе доштанд.+ Онҳо омада, дар Михмос, дар тарафи шарқии Байт-Овин,+ урду заданд. 6 Исроилиён диданд, ки аҳволашон бад аст, чунки ба тангӣ афтода буданд, ва мардум дар ғорҳо, шикофиҳо, кӯҳҳо, заминканҳо ва обанборҳои холӣ пинҳон шуданд.+ 7 Баъзе ибриён ҳатто аз Урдун гузашта, ба замини Ҷод ва Ҷилъод+ равона шуданд, аммо Шоул то ҳол дар Ҷилҷол буд ва мардуме, ки аз паяш мерафт, тарсону ларзон буд. 8 Шоул ҳафт рӯзи гуфтаи Самуил роҳи ӯро поид, аммо Самуил ба Ҷилҷол наомад, ва халқ аз пеши ӯ пароканда шудан гирифт. 9 Ниҳоят Шоул гуфт: «Қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои осоиштагиро ба ман оред». Сипас ӯ қурбонии сӯхтаниро пешкаш кард.+
10 Ҳамин ки Шоул пешкаш кардани қурбонии сӯхтаниро ба охир расонд, Самуил омад. Шоул ба пешвозаш баромад, то бо ӯ салому алейк кунад*. 11 Самуил гуфт: «Ин чӣ корест, ки кардӣ?» Шоул ҷавоб дод: «Ман дидам, ки мардум маро партофта рафта истодааст+ ва ту дар вақти гуфтаат наомадӣ, фалиштиён бошанд, дар Михмос ҷамъ меоянд.+ 12 Ман ба худ гуфтам: “Ҳозир фалиштиён поён омада, бо ман дар Ҷилҷол меҷанганд, ман бошам, то ҳол розигии Яҳуваро ба даст наовардаам*”. Аз ин рӯ ман маҷбур шудам, ки қурбонии сӯхтаниро пешкаш кунам».
13 Он гоҳ Самуил ба Шоул гуфт: «Ту беақлона амал кардӣ ва ба амри Худоят Яҳува гӯш надодӣ.+ Агар ба ӯ гӯш медодӣ, Яҳува подшоҳии туро бар Исроил то абад устувор мегардонд. 14 Акнун бошад, подшоҳии ту пойдор намемонад.+ Яҳува шахси табъи дилашро меёбад+ ва Яҳува ӯро бар халқи худ пешво таъйин мекунад,+ зеро ту ба амри Яҳува гӯш надодӣ».+
15 Пас аз ин Самуил бархоста, аз Ҷилҷол ба Ҷибъои Бинёмин равона шуд. Шоул ҷанговарони худро ҳисоб кард ва касоне, ки бо ӯ монда буданд, тақрибан 600 нафар буданд.+ 16 Шоул, писараш Юнотон ва мардуме, ки ҳамроҳи онҳо монда буд, дар Ҷабъаи Бинёмин ҷойгир буданд,+ урдуи фалиштиён бошад, дар Михмос+ буд. 17 Аз урдугоҳи фалиштиён се дастаи ҷанговарон берун мешуд, то ба Исроил ҳамла орад: як даста роҳи Офроро пеш гирифта, сӯйи замини Шуол равона гашт, 18 дастаи дуюм тоб хӯрда, роҳи Байт-Ҳорӯнро+ пеш гирифт ва дастаи сеюм тоб хӯрда, бо роҳе мерафт, ки сӯйи сарҳади назди водии Сабӯим, сӯйи биёбон, мебурд.
19 Он вақт дар тамоми Исроил оҳангаре набуд, зеро фалиштиён мегуфтанд: «Мабодо ибриён барои худ шамшер ё найзае бисозанд». 20 Тамоми исроилиён назди фалиштиён мерафтанд, то позаҳо*, тешаҳо, табарҳо ва досҳои худро тез кунанд. 21 Нархи тез кардани позаҳо, тешаҳо, сешохаҳову табарҳо ва таъмир кардани халачӯби говронӣ як пим* буд. 22 Дар рӯзи ҷанг дар дасти мардуме, ки бо Шоул ва Юнотон буд, ягон шамшер ё найзае набуд,+ фақат Шоул ва писараш Юнотон аслиҳа доштанд.
23 Дастаи фалиштиён бошад, сӯйи гузаргоҳи дараи Михмос рафта буд.+