1 Подшоҳон
14 Рӯзе Юнотони+ писари Шоул ба силоҳбардори худ гуфт: «Биё ба тарафи дигар, сӯйи посгоҳи дастаи фалиштиён, гузарем», вале падарашро аз ин хабардор накард. 2 Шоул дар канори Ҷибъо,+ зери дарахти аноре, ки дар Маҷрун буд, меистод ва ҳамроҳаш тақрибан 600 мард буд.+ 3 (Он вақт Аҳиёи писари Аҳитуби+ бародари Ихобӯди+ писари Финҳоси+ писари Элӣ,+ ки дар Шилӯ+ коҳини Яҳува буд, пешбанди коҳинро мепӯшид.)+ Халқ бошад, намедонист, ки Юнотон рафтааст. 4 Гузаргоҳҳое, ки Юнотон бо онҳо сӯйи посгоҳи дастаи фалиштиён рафтанӣ буд, байни ду шахи дандоншакле ҷойгир буданд, ки номи якеаш Бӯсес буду номи дигараш — Сене. 5 Якеаш, ки мисли сутун буд, дар шимол, дар рӯ ба рӯйи Михмос, ҷойгир буд ва дигараш — дар ҷануб, дар рӯ ба рӯйи Ҷабъа.+
6 Юнотон ба силоҳбардори худ гуфт: «Биё он сӯ гузашта, ба посгоҳи ин бехатнаҳо+ равем. Шояд ки, Яҳува мададгорамон шавад, зеро ҳеҷ чиз пеши роҳи Яҳуваро намегирад, ки бо дасти касони бисёр ё кам наҷот бахшад».+ 7 Он гоҳ силоҳбардор ба ӯ гуфт: «Ҳар чӣ дилат хоҳад, бикун. Ба куҷое хоҳӣ, бирав ва ман аз паси ту, ба ҳар ҷое ки дилат хоҳад, меравам». 8 Юнотон ба вай гуфт: «Мо ба назди он мардон мегузарем ва худро ба онҳо нишон медиҳем. 9 Агар онҳо “То омадани мо аз ҷоятон наҷунбед!” гӯянд, мо дар ҷойи худ меистем ва ба назди онҳо намебароем. 10 Вале, агар “Бар зидди мо бароед!” гӯянд, мо мебароем. Ин бароямон аломат мешавад,+ ки Яҳува онҳоро ба дасти мо месупорад».
11 Ҳар дуи онҳо худро ба фалиштиёне, ки дар посгоҳ буданд, нишон доданд. Фалиштиён гуфтанд: «Бинед, ибриён аз сӯрохиҳое, ки дар он пинҳон буданд,+ берун омада истодаанд». 12 Онҳо ба Юнотон ва силоҳбардораш гуфтанд: «Ба назди мо бароед ва мо адаби шуморо медиҳем!»+ Юнотон ба силоҳбардори худ гуфт: «Аз пасам биё, зеро Яҳува онҳоро ба дасти Исроил месупорад».+ 13 Сипас Юнотон бо дасту пояш ба шах часпида боло баромад ва силоҳбардораш аз ақиби вай буд. Юнотон фалиштиёнро зарба мезад ва силоҳбардораш онҳоро аз паси ӯ мекушт. 14 Дар ҳамлаи якум Юнотон ва силоҳбардораш дар масофаи кӯтоҳе* қариб 20 нафарро куштанд.
15 Он гоҳ урдуе, ки дар саҳро буд, ва ҳамаи ҷанговарони посгоҳ ба даҳшат омаданд ва ҳатто дастаҳое, ки ба Исроил ҳамла меоварданд,+ ба тарсу ҳарос омаданд. Замин ба ларза омад ва даҳшати Худо фалиштиёнро фаро гирифт. 16 Дидбонони Шоул дар Ҷибъои+ Бинёмин диданд, ки урдуи душманро бесарусомонӣ фаро мегирад.+
17 Шоул ба мардуме, ки ҳамроҳаш буд, гуфт: «Шумурда бубинед, ки аз байни мо кӣ берун рафтааст». Вақте ҳисоб карданд, диданд, ки Юнотон бо силоҳбардораш дар байни онҳо нест. 18 Шоул ба Аҳиё+ гуфт: «Сандуқи Худоро ин ҷо биёр!» (Он вақт сандуқи Худо бо исроилиён буд.) 19 Вақте Шоул ба коҳин гап мезад, бесарусомонӣ дар урдуи фалиштиён торафт бештар мегашт. Шоул ба коҳин гуфт: «Исто!»* 20 Шоул ҳамроҳи тамоми мардуме, ки бо ӯ буд, ҷамъ омада, ба ҷанг баромад ва дид, ки фалиштиён якдигарашонро бо шамшер зарба мезананд ва дар байнашон бетартибӣ ҳукмфармост. 21 Ҳамчунин ибриёне, ки аз ин пеш ба тарафи фалиштиён гузашта, бо онҳо ба урдуяшон омада буданд, ба исроилиён, ки зери дасти Шоул ва Юнотон буданд, ҳамроҳ мешуданд. 22 Тамоми исроилиёне, ки дар кӯҳистони Эфроим пинҳон буданд,+ шуниданд, ки фалиштиён рӯ ба гурез оварданд, ва онҳо низ ба ҷанг даромада, аз паси онҳо сур карданд. 23 Дар он рӯз Яҳува Исроилро наҷот дод+ ва онҳо то Байт-Овин+ ҷангиданд.
24 Аммо мардони Исроил дар он рӯз сахт беқувват шуданд, зеро Шоул онҳоро қасам дода гуфта буд: «Лаънат ба касе, ки то бегоҳ, то вақте, ки ман аз душманонам интиқом гирам, чизе* бихӯрад!» Аз ин рӯ касе чизе нахӯрд.+
25 Тамоми мардум ба ҷангал расиданд ва дар рӯйи замин асал буд. 26 Вақте онҳо ба ҷангал даромаданд, диданд, ки асал ҷорист, аммо ҳеҷ кас онро ба даҳон набурд, зеро мардум аз қасам метарсид. 27 Вале Юнотон нашунида буд, ки падараш мардумро қасам додааст.+ Ӯ нӯги асоеро, ки дар даст дошт, дароз карда, ба хонаи занбӯр андохт ва, вақте асалро хӯрд, чашмонаш равшан шуд. 28 Он гоҳ касе гуфт: «Падарат мардумро қасами сахте дода гуфт: “Лаънат ба касе, ки имрӯз чизе хӯрад!”+ Аз ин рӯ одамон бемадор шудаанд». 29 Аммо Юнотон гуфт: «Падарам ба сари мардум азоби сахт овард. Бинед, ки, вақте ман андаке аз ин асал хӯрдам, чӣ гуна чашмонам равшан шуд. 30 Агар мардум имрӯз аз ғанимати душманони худ ягон чиз мехӯрд,+ магар фалиштиёнро бештар шикаст намедод?»
31 Дар он рӯз онҳо фалиштиёнро аз Михмос то Аёлӯн+ зарба заданд ва халқ хеле хаста шуд. 32 Мардум чашмгуруснагӣ карда ба ғанимат дарафтоданд ва гӯсфандон, говон ва гӯсолаҳоро гирифта, бар замин сар буриданд ва гӯштро бо хунаш хӯрданд.+ 33 Ба Шоул хабар дода гуфтанд: «Бубин! Мардум бар зидди Яҳува гуноҳ карда гӯштро бо хуни он мехӯрад».+ Ӯ гуфт: «Шумо гуноҳи азиме кардед. Зуд санги калонеро ғелонда назди ман оред!» 34 Шоул гуфт: «Дар миёни мардум пароканда шуда, ба онҳо гӯед: “Ҳар кадоматон буққа ва гӯсфанди худро оварда, дар ин ҷо бикушед ва пас аз ин бихӯред. Бар зидди Яҳува гуноҳ карда гӯштро бо хуни он нахӯред”».+ Он шаб ҳар яке буққаашро оварда, дар он ҷо сар бурид 35 ва Шоул барои Яҳува қурбонгоҳе сохт.+ Ин аввалин қурбонгоҳе буд, ки ӯ барои Яҳува сохт.
36 Пас аз ин Шоул гуфт: «Биёед имшаб аз паси фалиштиён фароем ва онҳоро то саҳар ғорат кунем ва касеро дар байни онҳо зинда намонем». Мардум гуфтанд: «Чизе дар назарат писанд бошад, бикун». Он гоҳ коҳин гуфт: «Биё дар ин ҷо аз Худо бипурсем».+ 37 Шоул аз Худо пурсид: «Оё аз паси фалиштиён биравам?+ Оё онҳоро ба дасти Исроил месупорӣ?» Вале Худо дар он рӯз ба ӯ ҷавоб надод. 38 Он гоҳ Шоул гуфт: «Эй сарварони халқ, ҳамаатон ин ҷо биёед, то бифаҳмем, ки имрӯз чӣ гуноҳе содир шудааст. 39 Ба номи Яҳува, Худои зинда, ки Исроилро халос кард, қасам ки, ҳатто агар гуноҳ аз писарам Юнотон сар зада бошад, ӯ кушта мешавад». Аммо касе дар ҷавоб ба ӯ чизе нагуфт. 40 Шоул ба тамоми Исроил гуфт: «Шумо дар як тараф истед, ману писарам Юнотон бошем, дар тарафи дигар меистем». Мардум дар ҷавоб гуфт: «Ҳар чӣ дар назарат писанд бошад, бикун».
41 Шоул ба Яҳува гуфт: «Эй Худои Исроил, бо туммим*+ ҷавоб деҳ!» Қуръа ба Юнотону Шоул афтод, мардум бошад, беайб баромад. 42 Шоул гуфт: «Байни ману писарам Юнотон қуръа партоед».+ Қуръа ба Юнотон афтод 43 ва Шоул ба Юнотон гуфт: «Ба ман бигӯ, ки чӣ кор кардӣ». Юнотон ҷавоб дод: «Ман фақат бо нӯги асои дастам камтар асал чашидам.+ Инак, ман ба мурдан тайёрам!»
44 Он гоҳ Шоул гуфт: «Худо маро ба балоҳо гирифтор кунад, агар ту, эй Юнотон, кушта нашавӣ!»+ 45 Аммо мардум ба Шоул гуфтанд: «Наход Юнотон, ки ба Исроил чунин ғалабаи* бузурге овард,+ бимирад? Ҳаргиз чунин нахоҳад шуд! Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, ҳатто як тори мӯяш ба замин намеафтад, зеро ӯ имрӯз бо Худо амал кардааст».+ Ҳамин тавр мардум Юнотонро халос кард ва ӯ намурд.
46 Шоул дигар аз паси фалиштиён сур накард ва онҳо ба замини худ рафтанд.
47 Шоул подшоҳии худро бар Исроил устувор гардонд ва бо ҳамаи душманоне, ки дар гирду атрофаш буданд — бо мӯобиён,+ аммӯниён,+ адӯмиён,+ подшоҳони Сӯбо+ ва фалиштиён+ — ҷанг кард ва, ба ҳар ҷое ки мерафт, бар онҳо дастболо мешуд. 48 Ӯ далерона ҷангида, амолеқиёнро+ шикаст дод ва Исроилро аз дасти тороҷгаронаш халос кард.
49 Писарони Шоул Юнотон, Ишвӣ ва Малкишуа буданд.+ Ӯ ҳамчунин ду духтар дошт: номи калонӣ Мераб+ буд ва номи хурдӣ — Микал.+ 50 Зани Шоул Аҳинӯами духтари Аҳимаас буд ва сарлашкари ӯ амакаш, Абнири+ писари Нир, буд. 51 Қиш+ падари Шоул буд ва Нири+ падари Абнир — писари Абиил.
52 Тамоми рӯзҳои Шоул бо фалиштиён ҷанги сахте бурда мешуд.+ Вақте Шоул ягон каси пурзӯр ва далерро медид, ӯро ба сафи лашкари худ медаровард.+