Айюб
15 Алифози+ темонӣ ба ӯ ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Магар шахси хирадманд бо далелҳои пуч ҷавоб мегардонад
Ва оё шикамашро бо боди шарқӣ пур мекунад?
3 Бо суханони беҳуда сарзаниш кардан маъно надорад
Ва аз гапи холӣ фоидае нест.
4 Аз дасти ту худотарсӣ хор шудааст
Ва ёдоварии Худо дар назари мардум беқадр гаштааст,
5 Зеро гуноҳи ту даҳонатро таълим медиҳад, ки чӣ бигӯӣ,
Ва ту забони ҳилагаронро хуш кардаӣ.
6 Даҳони худат туро маҳкум мекунад, на ман.
Лабони худат бар зидди ту шоҳидӣ медиҳанд.+
7 Магар ту аз ҳама пеш ба дунё омадаӣ?
Оё аз теппаҳо пештар таваллуд шудаӣ?
8 Оё ту суҳбати махфии Худоро мешунавӣ?
Магар танҳо ту соҳиби хирадӣ?
9 Ту чиро медонӣ, ки мо намедонем,+
Ва чиро мефаҳмӣ, ки мо намефаҳмем?
10 Мӯйсафедону куҳансолон дар байни моянд,+
Касоне, ки аз падарат ҳам умри дарозтар дидаанд.
11 Магар тасаллиҳои Худо бароят кам аст?
Оё суханоне, ки бо меҳрубонӣ ба ту гуфтанд, бароят бас нест?
12 Чаро дилат туро аз ақл бегона месозад
Ва чаро чашмонат аз ғазаб барқ мезананд?
13 Ту ба худи Худо зид баромадаӣ
Ва шарм накарда чунин суханонро ба забон меорӣ.
14 Инсони хокӣ худаш кист, ки пок бошад,
Ва фарзанди зан, ки росткор бошад?+
16 Пас, чӣ қадар ифлостар аст дар назараш инсоне, ки нафратангез ва нопок бошад,+
Инсоне, ки бадкориро мисли об нӯши ҷон кунад!
17 Ба ман гӯш деҳ ва ман ба ту мефаҳмонам,
Аз чизҳои дидаам ба ту хабар медиҳам.
18 Чизҳоеро, ки хирадмандон аз падаронашон шунидаанд+
Ва пинҳон надошта ба дигарон нақл кардаанд.
19 Замини онҳо фақат ба худашон дода шуда буд
Ва қадами бегонае ба маконашон нарасида буд.
20 Бадкор тамоми рӯзҳояш азоб мекашад
Ва ситамгар тамоми умраш.
21 Овозҳои даҳшатнок дар гӯшаш садо медиҳанд.+
Дар замони тинҷӣ ғоратгарон ба ӯ ҳамла меоранд.
22 Бовараш намеояд, ки аз торикӣ халос меёбад+
Ва ӯро шамшер интизор аст.
23 Ӯ сарсон шуда нон меҷӯяд ва мепурсад: “Аз куҷо нон ёбам?”
Ӯ нағз медонад, ки рӯзи сиёҳаш қариб аст.
24 Ғаму ташвиш ӯро ба даҳшат меорад
Ва мисли подшоҳе, ки барои ҳамла тайёр аст, бар ӯ дастболо мешавад,
25 Зеро ӯ ба худи Худо даст мебардорад
26 Ӯ гарданшахӣ карда ба Худо ҳамла оварданӣ мешавад,
Бо сипари ғафс ва мустаҳками худ.
27 Рӯяш равған гирифтааст
Ва ронҳояш қабат-қабат чарбу бастааст.
28 Ӯ дар шаҳрҳое зиндагӣ мекунад, ки ба хок яксон мешаванд,
Дар хонаҳое, ки касе дар онҳо сокин нахоҳад шуд
Ва ба тӯдаи сангҳо табдил хоҳанд ёфт.
29 Ӯ бой намегардад ва сарват ҷамъ намеорад
Ва чизу чорааш дар рӯйи замин паҳн намешавад.
30 Аз торикӣ халос намешавад.
Ғунчаи умедашро оташ мехӯрад
Ва ӯ аз дами сӯзони Худо нест мегардад.+
31 Пас, бигзор гумроҳ нашавад ва ба чизҳои ҳеҷу пуч умед набандад,
Зеро чизи бефоида мукофоташ мешавад.
32 Пеш аз он ки рӯзаш фаро расад, ин ба амал меояд
Ва шохаҳояш ҳаргиз намешукуфанд.+
33 Ӯ мисли токе мешавад, ки ғӯраҳои ангурашро меафшонад,
Монанди дарахти зайтуне, ки ғунчаҳояшро мерезад,
34 Зеро ҷамоати худобехабарон* бесамар мемонад+
Ва хаймаҳои порахӯронро* оташ фурӯ мебарад.
35 Онҳо ба бало ҳомила шуда, бадкорӣ мезоянд
Ва аз шикамашон макру фиреб таваллуд мешавад».