Айюб
26 Айюб ҷавоб гардонда гуфт:
2 «Ту ба бемадор хуб ҳам ёрдам додӣ!
Бозуи нотавонро заб дастгирие кардӣ!+
3 Аҷаб маслиҳати хубе додӣ ба камхирад!+
Аҷаб хиради фаровоне доштаӣ!
4 Ту ин суханонро ба кӣ мегӯӣ?
Кӣ туро илҳом бахшид, ки ин тавр гап занӣ?
5 Мурдагони беҷон ба ларза меоянд.
Онҳо аз баҳр ва сокинони он пасттаранд.
6 Гӯр дар назари Худо кушода аст+
Ва ҷойи нестӣ аз чашми ӯ пӯшида нест.
8 Обҳоро дар абрҳо мепечонад,+
Ба тавре ки абрҳо зери вазни об намекафанд.
9 Тахташро аз назар пинҳон кардааст,
Рӯйи онро бо абрҳо пӯшондааст.+
10 Бар рӯйи обҳо хати уфуқро кашидааст.+
Ӯ байни рӯшноиву торикӣ ҳудуд гузоштааст.
11 Сутунҳои осмон ба ларза меоянд,
Аз сарзаниши ӯ гарангу пакар шудаанд.
13 Аз дами* ӯ осмон софу беғубор мешавад.
Дасти ӯ мори тезҳаракатро сӯрох мекунад.
14 Инак, ин фақат канори домани роҳҳои ӯст+
Ва мо аз корҳои бузургаш танҳо пичирросеро шунидаем!
Пас, кӣ метавонад садои раъди пурқуввати ӯро пай барад?»+