Ибриён
5 Ҳар саркоҳине, ки аз миёни одамон аст, барои онҳо ба хизмати Худо таъйин мегардад,+ то барои гуноҳҳо ҳадияву қурбониҳо пешкаш кунад.+ 2 Ӯ метавонад ба касоне, ки дониш надоранду хато* мекунанд, ҳамдард бошад, зеро худаш низ сустиҳо дорад, 3 бинобар ин ӯ, чуноне ки барои гуноҳҳои халқ қурбонӣ меорад, барои гуноҳҳои худ низ бояд қурбонӣ орад.+
4 Ҳеҷ кас бо хости худ соҳиби чунин шараф намешавад, балки, танҳо вақте ки Худо ӯро таъйин кунад, чуноне ки Ҳорунро таъйин карда буд.+ 5 Ба ин монанд, Масеҳ низ саркоҳин гашта, худаш худашро ҷалол надодааст,+ балки Худо, ки ба ӯ гуфтааст: «Ту писари ман ҳастӣ, имрӯз ман падари ту шудам».+ 6 Ӯ дар ҷойи дигар низ гуфтааст: «Ту то абад коҳин* ҳастӣ, коҳине ба мисли Малкисодақ».+
7 Вақте Масеҳ дар замин буд, бо нолаҳои зиёду ашкрезӣ аз Оне, ки метавонист ӯро аз марг наҷот диҳад, зориву илтиҷо кард+ ва дуояш шунида шуд, зеро ӯ худотарс буд. 8 Гарчанд ӯ писар буд, ба воситаи азобҳо итоаткориро ёд гирифт+ 9 ва, пас аз он ки комил гардид,+ ба ҳамаи итоаткоронаш дари наҷоти ҷовидониро боз кард,+ 10 зеро Худо ӯро таъйин кард, то саркоҳине мисли Малкисодақ+ бошад.
11 Боз чизҳои бисёреро дар бораи ӯ ба шумо гуфта метавонистем, вале фаҳмондани онҳо душвор аст, чунки гӯшҳои шумо вазнин шудаанд. 12 То ин дам шумо бояд аллакай муаллим мешудед, вале ҳоло ба шумо аз сари нав алифбои*+ каломи муқаддаси Худоро таълим додан лозим аст, ба шумо шир даркор аст, на ғизои сахт. 13 Ҳар кӣ то ҳол шир мехӯрад, бо каломи росткорӣ шинос нест, зеро ӯ кӯдак аст.+ 14 Вале ғизои сахт барои одами баркамол аст, ки ақлу ҳушашро кор фармуда, фарқ кардани неку бадро омӯхтааст.