Эфсӯсиён
3 Бинобар ин ман, Павлус, ки ба хотири Исои Масеҳ барои шумо, эй халқҳои дигар, дар ҳабс ҳастам+... 2 Шумо, албатта, шунидаед, ки ба ман масъулият дода шудааст,+ то ба шумо барои баҳра бурдан аз лутфу марҳамати Худо ёрӣ диҳам, 3 яъне шунидаед, ки чӣ тавр сирри муқаддас ба ман ошкор шуд, чуноне ки аллакай дар ин бора ба шумо кӯтоҳ навиштам. 4 Пас, вақте инро мехонед, метавонед дарк кунед, ки ман фаҳмиши сирри муқаддаси+ Масеҳро дорам. 5 Ин сир ба наслҳои гузашта ошкор нагашта буд, чуноне ки ҳоло ба воситаи рӯҳ ба расулону пайғамбарони пок ошкор шудааст,+ 6 ва сир он аст, ки халқҳои дигар, ки пайравони Исои Масеҳанд, бояд ба воситаи хушхабар ҳаммерос ва аъзои як бадан бошанду+ ҳамроҳи мо шарики ваъда гарданд. 7 Ман бошам, аз лутфу марҳамати Худо, ки қудраташро нишон дода, ин аторо ба ман додааст, хизматгузори ин сир гаштам.+
8 Гарчанд ман аз камтарини покон камтарам,+ ин лутфу марҳамат ба ман ато шудааст,+ то ба халқҳои дигар хушхабарро дар бораи сарвати беандозаи Масеҳ эълон кунам 9 ва ба ҳама маълум созам, ки Офаридгори ҳама чиз сирри муқаддасашро+ чӣ гуна амалӣ гардонда истодааст, сирреро, ки ӯ дар давоми асрҳо пинҳон медошт. 10 Ин барои он буд, ки акнун ба воситаи ҷамоат+ ба ҳукуматҳо ва ҳокимиятҳое, ки дар маконҳои осмониянд, ҷонибҳои гуногуни хиради Худо маълум гардад.+ 11 Ин мувофиқи мақсади абадии Худост, ки бо Ҳазратамон Исои Масеҳ алоқаманд аст, ва Худо ният дошт онро амалӣ гардонад.+ 12 Ба воситаи Масеҳ мо метавонем озодона сухан гӯем+ ва ба воситаи имоне, ки ба ӯ дорем, метавонем бо дилпурӣ ба Худо наздик шавем. 13 Пас, аз шумо хоҳиш мекунам, ки барои азобҳое, ки ман ба хотири шумо аз сар мегузаронам, рӯҳафтода нашавед, зеро ин сарбаландии шумост.+
14 Бинобар ин ман назди Падар зону мезанам, 15 ки аз ӯ ҳар оила, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ дар замин, ба вуҷуд омадааст*. 16 Ман дуо мегӯям, ки ӯ ба воситаи фаровонии ҷалоли худ бо қувваи рӯҳаш одами даруниятонро қавӣ гардонад+ 17 ва ба воситаи имонатон дар дилҳои шумо Масеҳ сокин шавад ва муҳаббат ҷой гирад.+ Бигзор шумо реша давонед+ ва бар таҳкурсии мустаҳкам бино ёбед,+ 18 то бо ҳамаи покон пурраву батафсил бифаҳмед, ки васеӣ, дарозӣ, баландӣ ва чуқурӣ чист, 19 ва муҳаббати Масеҳро,+ ки аз дониш болотар аст, дарк намоед, то аз тамоми пуррагие, ки Худо медиҳад, пур шавед.
20 Худо ба воситаи қудрате, ки дар мо амал мекунад,+ метавонад аз ҳар он чизе, ки мепурсем ё гумон мекунем, беҳадду беандоза бештар кунад.+ 21 Бинобар ин ӯро ба воситаи ҷамоат ва Исои Масеҳ аз насл ба насл то абад ҷалол бод! Омин.