Ошкорсозӣ
17 Яке аз ҳафт фариштагоне, ки ҳафт коса+ доштанд, омада, ба ман гуфт: «Биё ва ман ба ту нишон медиҳам, ки чӣ тавр фоҳишаи бузург, ки бар обҳои бисёр нишастааст,+ доварӣ мешавад. 2 Подшоҳони замин бо ин фоҳиша зино* мекарданд+ ва мардуми замин аз шароби зинои вай маст шудаанд».+
3 Он фаришта бо қудрати рӯҳ маро ба биёбон бурд. Он гоҳ ман занеро дидам, ки бар ҳайвони ваҳшии сурхранг менишаст, ва он ҳайвон пур аз номҳои куфромез буд ва ҳафт сару даҳ шох дошт. 4 Он зан либоси бунафшрангу сурх дошт+ ва бо тилло, сангҳои қиматбаҳо ва марворид оро ёфта буд.+ Ӯ дар даст пиёлаи тиллоие дошт, ки аз чизҳои нафратовар ва аз нопокии зинокорияш* пур буд. 5 Дар пешонии вай номи пурасроре навишта шуда буд: «Бобили бузург, модари фоҳишагон+ ва чизҳои нафратовари рӯйи замин».+ 6 Ман дидам, ки он зан аз хуни покон ва хуни шоҳидони Исо маст аст.+
Ман ӯро дида беҳад ҳайрон шудам. 7 Он гоҳ фаришта ба ман гуфт: «Чаро ҳайрон шудӣ? Ман ба ту сирри он зан+ ва ҳайвони ваҳшиеро, ки ҳафт каллаву даҳ шох дорад+ ва зан бар он савор аст, мекушоям: 8 ҳайвони ваҳшие, ки ту дидӣ, буд ва ҳоло нест, вале ба қарибӣ аз чоҳи бетаг+ берун меояд ва несту нобуд карда мешавад. Сокинони замин, яъне касоне, ки номҳояшон аз бунёди олам* дар дастхати ҳаёт+ навишта нашудаанд, аз дидани он ки ҳайвони ваҳшӣ буд ва ҳоло нест, вале боз пайдо мешавад, ба ҳайрат меоянд.
9 Барои фаҳмидани ин ақлу хирад даркор аст: ҳафт калла+ рамзи ҳафт кӯҳ аст, ки зан бар онҳо нишастааст. 10 Ҳафт кӯҳ рамзи ҳафт подшоҳ аст: панҷтояшон фурӯ ғалтидаанд, яке ҳаст ва дигараш ҳанӯз наомадааст, вале, вақте меояд, бояд муддати кӯтоҳе бимонад. 11 Ҳайвони ваҳшие, ки буду ҳоло нест,+ подшоҳи ҳаштум аст, ки аз ҳафт подшоҳ ба вуҷуд омадааст ва нобуд карда мешавад.
12 Даҳ шохе, ки дидӣ, рамзи даҳ подшоҳанд, ки ҳанӯз подшоҳиро ба даст наовардаанд, вале ба онҳо қудрат дода мешавад, то ҳамроҳи ҳайвони ваҳшӣ як соат подшоҳӣ кунанд. 13 Мақсади онҳо як аст, бинобар ин қудрату ҳокимияташонро ба ҳайвони ваҳшӣ медиҳанд. 14 Онҳо бо Барра+ ҷанг хоҳанд кард, вале Барра ғолиб хоҳад омад,+ зеро ӯ Сарвари сарварон ва Подшоҳи подшоҳон+ аст. Ҳамроҳи ӯ даъватшудагон, интихобшудагон ва вафодорон низ ғолиб меоянд».+
15 Фаришта ҳамчунин ба ман гуфт: «Обҳое, ки дидӣ, обҳое, ки фоҳиша бар онҳо нишастааст, рамзи халқҳо, одамон, миллатҳо ва забонҳоянд.+ 16 Даҳ шох+ ва ҳайвони ваҳшӣ+ аз фоҳиша+ нафрат карда, ӯро ғорат ва лучу бараҳна мекунанд. Онҳо ҷисмашро мехӯранд ва ӯро пурра дар оташ месӯзонанд,+ 17 зеро Худо дар дили онҳо андохтааст, ки нияти ӯро ба ҷо оранд,+ яъне онро, ки подшоҳии худро то иҷро шудани суханони Худо ба ҳайвони ваҳшӣ диҳанд+ ва ҳамин тавр ҳам нияти худро ва ҳам нияти Худоро ба ҷо оранд. 18 Зане,+ ки ту дидӣ, рамзи шаҳри бузургест, ки бар подшоҳони замин ҳукм меронад».